Пулиси Душанбе аз ҷаримаи чандин фурӯшанда хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, дар остонаи Иди Қурбон нархи маҳсулотро гарон кардаанд. Дар хабарномаи Раёсати корҳои дохилии пойтахт омадааст, ки гурӯҳи кории ин ниҳод дар як рӯзи баргузории санҷиш дар бозору марказҳои савдои Душанбе 28 мавриди “худсарона ва беасос баланд бардоштани нархи маҳсулоти гуногуни хӯрокиро” ошкор кардааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан пулиси Душанбе аз соҳибкорон, роҳбарони марказҳои савдо ва фурӯшандаҳои бозорҳо талаб карда буд, ки дар арафаи Иди Қурбон нархи маҳсулотро баланд накунанд. Ин ниҳод ба тоҷирон ҳушдор дода буд, ки дар акси ҳол нисбаташон чора меандешад.
Ҳоло дар Душанбе барои назорат ва танзими нархҳо мақомот гурӯҳи корӣ таъсис дода, санҷиш мегузаронанд.
“Санҷишҳо нишон доданд, ки новобаста аз таъкидҳои пайваста, мутаассифона ҳанӯз ҳам баъзе соҳибкорон манфиатҳои шахсии худро боло гузошта, бар хилофи талаботи қонун амал менамоянд”, – омадааст дар хабарномаи пулиси Душанбе.
Дар пайи ин, мақомот алайҳи 28 тоҷир барои беасос баланд бардоштани нархҳо (моддаи 555-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парванда боз карда, ҳамаи онҳоро ҷарима кардаанд. Пулиси пойтахт миқдори ҷаримаи савдогаронро эълон накардааст, вале моддаи 55-и КҲМ ҳадди ақал 1 ҳазору 560 сомонӣ (20 нишондиҳанда) ҷарима пешбинӣ мекунад. Назари фурӯшандаҳо дар робита ба гуфтаҳои мақомот маълум нест.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон меъёри муайяни нархгузорӣ мавҷуд нест. Мақомот низ нагуфтаанд, ки соҳибкорон кадом меъёри таъинкунандаи нархи маҳсулотро риоя накардаанд.
Қаблан низ мақомот чандин гӯштфурӯшро бо гумони гарон кардани нархи гӯшт ҷарима карда буд.







