Эмомалӣ Раҳмон гуфт, 90%-и аҳолии Тоҷикистон то соли 2040 бо оби тоза таъмин мешаванд

Дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши байналмилалии об идома дорад.

Нозанини Исматшоҳ, asia+

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар Ҳамоиши байналмилалии об дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон нақша дорад, то соли 2040 “дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба 90% расонад”.

Ӯ имрӯз, 25-уми май, дар баромади худ илова кард, ки Тоҷикистон ният дорад “то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин карда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳад”.

“Ҳамчунин, Тоҷикистон азм дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки онро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад”, – илова кард раисҷумҳур.


Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ҳоло наздик ба 4 миллиард сокини сайера ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд ва ин мушкил дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт.

“Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал то 25% зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50% бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд”, – афзуд Эмомалӣ раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз president.tj Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз president.tj Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиш. Акс аз president.tj

Ба қавли ӯ, соҳаҳои нав ва босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома гуфт, ки Тоҷикистон ҷонибдори такмили сохтори Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ аст.

“Ин комиссия метавонад ҳамчун як абзори муҳимми таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва таъмини рушди устувори ҳавзаи баҳри Арал хидмат намояд”, – афзуд ӯ.

Эмомалӣ раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон “бо мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар” Ҷоизаи байналмилалии президенти Тоҷикистонро дар соҳаи обро таъсис додааст. 

Ёдовар мешавем, ки 25-уми май дар пойтахти Тоҷикистон Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст, оғоз шуд ва то 28-уми май идома мекунад. Дар он масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт баррасӣ мешаванд.

Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар ҳамоиш беш аз 2500 намоянда аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.