Дирӯз, 25-уми май дар Душанбе Ҳамоиши чоруми байналмилалии об, ки яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст, оғоз шуд. Дар ҳошияи он Ҳамоиши ҷавонон барои об низ баргузор шуд ва намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти об ва нақши ҷавононро дар бартараф кардани он муҳокима карданд.
Дар ҳамоиши мазкур, ки намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавонон ширкат доштанд, пешниҳодҳои ҷавонон барои Ҳамоиши чоруми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018–2028 таҳия ва аз ҷониби намояндаи ин қишри ҷомеа рӯнамоӣ хоҳад шуд.
“Панҷоҳ дарсади аҳолии Осиёи Марказиро ҷавонон ташкил медиҳанд”
Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазири кишвар зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш гуфт, 50%и аҳолии Осиёи Марказиро ҷавонон ташкил медиҳанд, “аз ин рӯ масъулият дар ӯҳдаи қишри ҷавон: таҳқиқотчиён, мутахассисон, тоҷирон, фаъолони ҷамъиятӣ аст, то лоиҳои фанновариро дар самти идоракунии об, мутобиқшавӣ ба иқлим ва ҳамкориҳои фаромарзӣ таҳия ва татбиқ гардонанд”.
Иштироки ҷавонон ва мубодилаи таҷриба бо намояндагони ҳукумат дар се сатҳ баргузор шуд.
Нахуст, дар сатҳи ҷаҳонӣ намояндагони ҷавонон аз кишварҳои гуногун нақши ҷавононро дар таъсиргузорӣ ба сиёсат ва иқдомҳои ҷаҳонӣ муҳокима карда, таҷрибаҳои худро мубодила намуданд.
Дар сатҳи дуюм, ки минтақавӣ буд, ҷавонони Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои ҳамкории ҷавонони минтақаро муаррифӣ намуда, инчунин аз мушкилоти мавҷуда дар ин самт ёд карданд.
Дар сатҳи миллӣ бошад, намояндагони ҳукумати кишвар ва ҷавонони тоҷик масъалаҳои ҳамкории ҷавонон бо сохторҳои давлатӣ ва дигар мушкилоти мавҷударо дар дохили кишвар баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаҳои гурӯҳӣ Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт:
“Барои мо ҷавонони тавонманду донишманд лозиманд, ки ин соҳаро бидуни эҳсосот омӯзанд ва пеш баранд. Албатта, хуб аст, ки ҷавонон дар чорабиниҳо иштирок мекунанд, ба баромадҳо қарсак мезананд ва аксбардорию наворбардорӣ мекунанд, аммо ин самт мутахассисони соҳавиро талаб мекунад, то иштироки онҳо танҳо маҳдуд бо ҳузур дар чорабиниҳо набошад”.
Ҳамзамон, Шабнам Раҳимзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Рукния Ниёзбекова, фаъоли ҷамъиятӣ, фаъолияти Шабакаи миллии “Ҷавонон барои об ва иқлим”-ро муаррифӣ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин шабака ҳоло бо ҷалби 150 аъзо дар кишвар дар самти пешбурди сиёсати иқлим ва захираҳои об фаъолият дорад.
Ёдовар мешавем, ки 25-уми май, дар рӯзи аввали ҳамоиш, иштирокчиён дар маконҳои гуногуни пойтахт масъалаҳои ҳамкории обии фаромарзӣ, устувории иқлим, татбиқи фанновариҳои муосири идоракунии захираҳои об, маблағгузорӣ ба инфрасохтори об, рушди энергетикаи обӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомидании бехатар ва беҳдошт, нақши занон дар бахши об ва иштироки ҷавононро дар ҳалли мушкилоти об баррасӣ карданд.







