Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Пайрав Чоршанбиев, asia+

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндагони ширкатҳои байнулмилалии молиявии J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти Кумита иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ масоили марбут ба вазъи кунунии иқтисоди Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ, бозори молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Акс аз торнамои investcom.tj

Гуфта мешавад, Султон Раҳимзода ба меҳмонон оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, тадбирҳо ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои сармоягузорони хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Раиси Кумита таъкид дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо доираҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои энергетика, саноат, инфрасохтор, иқтисоди рақамӣ ва “иқтисоди сабз” шароити мусоид фароҳам овардааст.

Акс аз investcom.tj
“Дар навбати худ, намояндагони JP Morgan ва коршиносони байналмилалӣ ба имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва омӯзиши имкониятҳои нави сармоягузорӣ иброз доштанд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

J.P. Morgan Asset Management — яке аз бузургтарин ширкатҳо дар ҷаҳон оид ба идоракунии дороиҳо мебошад, ки ба сохтори JPMorgan Chase дохил аст. То охири моҳи марти соли 2026 ҳаҷми дороиҳои зери идораи он қарордошта 4,3 трлн долларро ташкил медоданд.

Loomis, Sayles & Company — ширкати сармоягузории амрикоист, ки соли 1926 таъсис ёфта, 417 млрд доллар дороиҳоро идора мекунад. Ба стратегияҳо дар саҳмияву, вомбаргҳо, сармоягузориҳои мултиактивӣ ва алтернативӣ машғул аст.

Morgan Stanley Investment Management — воҳиди глобалии Morgan Stanley  оид ба сармоягузорӣ бо дороиҳои зери идораи 1,9 трлн доллар мебошад; ширкат дар 26 кишвар фаъолият дошта, дар бозорҳои оммавӣ ва хусусӣ стратегияҳо пешниҳод мекунад.

Global Evolution — ширкати сармоягузории Дания аст, ки ба роҳу воситаҳои пешниҳоди қарз дар бозорҳои дар ҳоли рушд қарордошта ва марзӣ машғул аст. Ба ҳолати охири семоҳаи якуми соли 2026 ширкат ба маблағи 19,5 млрд доллар дороиҳоро идора мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.