Кадом ширкату ниҳодҳо беҳтарин дар бахши мухобирот дониста шуд? Номи онҳоро Хадамоти алоқа эълон кард

Ба ғолибон ҷоизаи “Telecom Awards Tajikistan - 2025” тақдим шуд.

Дар Душанбе “Telecom Awards Tajikistan – 2025” анҷом ёфт. Маросими қадрдонии беҳтарин ширкатҳои мобилӣ ва ироакунандаи интернет бори аввал баргузор шуд.

Шоҳҷоизаро ду ширкат соҳиб шуданд: “Tcell” ҳамчун беҳтарин ироадиҳандаи алоқаи мобилӣ ва “Babilon-T” ҳамчун беҳтарин таҳвилдиҳандаи интернети ноқилӣ дар соли 2025.

Ҳамчунин, интернети мобилии “Babilon-M” ва интернети ноқилии “Babilon-T” беҳтарин эътироф шуда, соҳиби ҷоизаҳои бахши “Сареътарин ширкати алоқаи мобилӣ” ва “Сареътарин шабакаи ноқилӣ” низ шуд.

Ғолибони 12 бахш ба таври зайланд:

“Пешрафти сол” – “Tcell”


“Интихоб ва эътирофи муштариён” (миёни ширкатҳои алоқаи мобилӣ) – “Babilon-M”


“Интихоб ва эътирофи муштариён” (миёни ироадиҳандагони интернети ноқилӣ) – “Babilon-Т”


“Беҳтарин хидматрасонӣ ба муштариён” – “Tcell”


“Беҳтарин роҳкори созмонӣ (қарори корпоративӣ)-и сол” – “МегаФон Тоҷикистон”

“Беҳтарин ширкат дар самти масъулияти иҷтимоӣ” – “Nets”

“Беҳтарин қарори инноватсионии соҳа” – “Тоҷиктелеком”

“Беҳтарин таносуби нарх ва сифат” – “Babilon-M”

“Саҳмгузорӣ дар рушди соҳа” – “Тоҷиктелеком”

“Беҳтарини хидматрасонии рақамии сол” – “МегаФон Тоҷикистон”

“Беҳтарин ироадиҳанда (оператор)-и зудрушдёбанда” – “Tcell”

“Беҳтарин лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи алоқа” – “Тоҷиктелеком”.

Акс аз asia+

Дар ин маросим на танҳо ироадиҳандагони мобилӣ ва тавҳилдиҳандагони интернетӣ, балки чанд ниҳоду ширкат барои саҳм дар табдили рақамии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои саҳмаш дар инъикоси фаъолияти соҳа, ислоҳоти рақамӣ ва тарғиби симои технологии Тоҷикистон беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ эътироф ва соҳиби ҷоиза шуд.

Ҳамчунин барои саҳм дар табдили рақамии Тоҷикистон ин ниҳодҳо қадрдонӣ шуданд:

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ: Барои гузоштани пойдевори экосистемаи рақамии кишвар ва роҳбарии стратегии раванди трансформатсияи рақамӣ.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Барои таъмини рақобати солим дар бозори телекоммуникатсия ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон.

КВД Шаҳри ҳушманд” (Smart city): Барои татбиқи бомуваффақияти технологияҳои Smart City ва таъсиси муҳити инноватсионии шаҳрӣ. Маросими супоридани ҷоизаҳои бахши мухобиротии Тоҷикистон  танҳо маросими ҷоизасупорӣ набуд, балки ба як майдони муаррифии ғояҳои нав, навоварона ва имконоти ояндаи рақамии кишвар гардид. Ташкилкунандаҳои он бар ин назаранд, ки баргузории чунин иқдомҳо, барои рушди ҳамкорӣ, ҷалби фанновариҳои нав ва пешрафти инфрасохтори рақамии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.