Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгоре, ки шикоят дошт аз сӯи бародари як хонанда дар ноҳияи Нуробод “лутукӯб шудааст”, имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфт, мақомот алайҳи худи ӯ парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ кардаанд. Мақомоти шарҳе ироа накардаанд.
Омӯзгор 2-юми июн бо “Азия-Плюс” суҳбат кард ва гуфт, ки дирӯз, 1-уми июн, дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳия баёноташро гирифтаанд.
Раҳмонов мегӯяд, аз болояш Маҳмадризо Орзуев, падари хонандае, ки омӯзгор аз таҳсили ӯ ба бародараш шикоят карда буд, барои “суханҳои қабеҳ нисбати духтараш” шикоят бурдааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи омӯзгор, аз ӯ волидайни як хонандаи дигар низ шикоят кардааст.
Омӯзгор эътироф кард, ки дарвоқеъ ба духтари Маҳмадризо Орзуев “танҳо як сухани қабеҳ гуфтам”, аммо шикояти волидайни хонандаи дигарро рад мекунад.
Вақте ба бародари хонанда занг зада, гуфтам, ки ӯ дарсро ҷавоб намедиҳад, талаба зӯрӣ карду гуфт, “чӣ ҳақ дорӣ ба волидайни ман занг мезанӣ”?. Дар посух ба ин танҳо як сухани қабеҳ гуфтам (бо назардошти меъёрҳои ахлоқӣ сухани омӯзгор нашр намешавад. – идора). Аммо даъвои волидайни шогирди дигарам, ки гӯё ман фарзандашонро задаам, асос надорад. Бо ин роҳ ба ман фишор меоранд, то аризаи даъвогиро гирам.
Талоши мо барои маълум кардани назари пайвандони хонанда натиҷа надод. Рақамҳои Миралӣ Орзуевро нафари дигар бардошта, гуфт, “Орзуев нест”.
Муҳимҷон Раҳмонов гуфт, ки мақомот нисбаташ бо моддаи 90, қисми 3-и ҚҲМ (иҷро накардани ӯҳдадорӣ дар мавриди таълиму тарбияи кӯдак ва истифодаи аз зӯроварӣ) парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Ин банди қонун то 1 ҳазору 875 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти додситонӣ ва ё пулис қазияро шарҳ надодаанд. Кӯшишҳои мо барои даёфти маълумот аз ин ниҳод бенатиҷа анҷомид.
Аз Додгоҳи ноҳияи Нуробод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки то ҳол парвандае, нисбати Муҳимҷон Раҳмонов ва Миралӣ Орзуев барои баррасӣ ба ин ниҳод ворид нашудааст.
Аммо Наҷмуддин Мирзозода, мудири маорифи ноҳияи Нуробод гуфт, ки “дирӯз моро барои ширкат дар мурофиаи додгоҳӣ дар қазияи латукӯби омӯзгор даъват карданд, вале дар озмун будем. Бинобар ин, мурофиаро ба рӯзи дигар гузоштанд”.

Дар ҳамин ҳол, Муҳимҷон Раҳмонов гуфт, ки субҳи имрӯз, 2-юми июн, ба кор дар мактаб оғоз кардааст, аммо барои 15 рӯзе, ки дар кор набуд, барояш маош пардохт накардаанд.
“Ҳарчанд бемор будам, қазияро медонистанд, вале маошамро пурра надоданд. Барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ ба бемористон муроҷиат кардам, надоданд, гуфтанд мурофиаи додгоҳӣ сар шавад, бо дархост мегирӣ”, – илова кард омӯзгор.
Ин ҳама қазия аз шикояти Муҳимҷон Раҳмонов сар шуд. Ӯ гуфта буд, ки шаби 8-уми май бародари яке шогирдонаш дар пайи эродгирӣ аз таҳсили хоҳараш ӯро латукӯб ва таҳдиди куштан кардааст. Ин қазия бо гузашти қариб ду ҳафта рӯзи 22-юми май расонаӣ ва боиси баҳс дар ҷомеаву хостори муҷозоти муштзӯр дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.
Мустафо Дӯстов, сардори шуъбачаи ВКД дар ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Нуробод рӯзи 25-уми май ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ гуфта буд, ки муроҷиати омӯзгорро баррасӣ доранд, аммо то ҳол “нисбати Миралӣ Орзуев қарор қабул нашудааст”. Манбаъ афзуд, ки дар ҳодиса як шоҳид низ ҳаст, ки ронандаи мошин буда, аз ӯ Бахтовар Саъдуллоев ном бурда мешавад. Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар матлаби ““Қабурғаам месӯзад”. Омӯзгоре, ки мегӯяд, аз сӯйи бародари як хонанда латукӯб шудааст, ҷузъиёти қазияро нақл кард” мутолиа кунед.








