Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Шаҳноз Ализода, asia+

Додгоҳи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон як донишҷӯи курси 1-уми Колеҷи омӯзгории ин ноҳияро бо ҷурми “паҳн кардани адабиёти динӣ ва маводи дорои таълимоти динидошта” 5 ҳазору 460 сомонӣ ҷарима кардааст.

Дар ин бора намояндаи Додгоҳи ноҳияи Шаҳритӯс имрӯз, 15-уми май ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 4-уми майи содир шудааст, аз донишҷӯ Азизбек Узоков, сокини 25-солаи деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Шаҳритӯс ном бурда мешавад.

Ба иттилои мақомот, маҳкумшуда “адабиёти динӣ ва дигар маводи дорои хусусияти диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст”.

Додрас ин донишҷӯро “барои истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн кардани адабиёти динӣ ва маводи дорои таъйиноти динӣ бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ” гунаҳкор ва бар асоси моддаи 474 иловаи 1 қисми 1-и КҲМ муҷрим шинохта, 5 ҳазору 460 сомонӣ (70 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима бастааст.

Назари ин ҷавон дар робита ба ин гуфтаҳо ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

Қаблан низ додгоҳҳои Тоҷикистон аз муҷозоти сокинони кишвар барои таълими динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн кардани адабиёти динӣ гузориш дода буданд. Аз ҷумла, ахиран Додгоҳи шаҳри Исфара як ҷавони 21-соларо бо ҷурми “ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ 7 ҳазору 20 сомонӣ ҷарима баст.  

Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар Тоҷикистон танҳо дар Донишкадаи исломӣ метавон таҳсили динӣ кард ва барои таҳсили ғайрирасмӣ муҷозот пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, сокинон барои воридот ва паҳни китобҳои динӣ бояд аз Кумитаи дин иҷозат гиранд ва адабиёти диниро аз ташхиси диншиносӣ гузаронанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.