Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

asia+

Бархе сокинони як деҳа дар вилояти Суғд, ки чанд сол инҷониб якҷо бо паноҳҷӯёни афғонистонӣ ҳамсоягӣ доштанд, мегӯянд, дирӯз, 4-уми апрел “кормандони мақомот ҳама шаҳрвандони Афғонистонро ҷамъ карда, бурданд”. Намояндаи ВКД гуфт, ки “ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ кори онҳо нест”, аммо дар изҳороти нашркардаи ин ниҳод талаб шудааст, ки шаҳрвандони Афғонистон “ба қонунгузорӣ, расму ойин ва анъанаҳои Тоҷикистон арҷ гузошта, онҳоро қотеъона риоя кунанд ва будубоши худро расмӣ гардонанд”.

Дар вилояти Суғд шаҳрвандони гурезаи Афғонистон дар ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов иқомат доранд. Теъдоди онҳо ҳудуди 200-250 нафар гуфта мешавад.

Ахиран дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон иттилоъе нашр шуд, ки гӯё даҳҳо паноҳҷӯи ин кишвар, ки муқими ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳастанд, аз ин ноҳия берун карда шудаанд. Ва ин баъди боздоштияк шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори зане дар шаҳри Хуҷанд иттифоқ афтодааст. Ба навиштаи ВКД, ин куштор рӯзи 30-юми апрел рух додааст.

Дар пайи ин, хабарнигори “Азия-Плюс” имрӯз, 5-уми май, ба ҷамоати Деҳмой рафт ва бо чанде аз сокинони он суҳбат кард. Мо дар ин ҷамоат ҳеҷ як шаҳрванди паноҳандаи Афғонистонро пайдо карда натавонистем.

Акс аз asia+

Сокиноне, ки бо мо суҳбат карданд,  шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Онҳо гуфтанд, рӯзи гузашта, 4-уми май, шахсони номаълум ҳамаи шаҳрвандони паноҳҷӯйи Афғонистонро бо чанд мошин бурданд. Аммо касе аз онҳо дақиқ нагуфт, ки “шахсони номаълум” киҳо буданд ва паноҳҷӯёни афғонистониро ба куҷо бурданд.

Роза Ҳасанова, сокини ҷамоати Деҳмой гуфт, 6 сол боз бо як афғонистонӣ ҳамсоя буд ва онҳо дар нуқтаи шустушӯи нақлиёт кор мекарданд.

“Бо ҳамдигар омаду рафт доштем. Ҳамаро  ҷамъ карда, бурданд. Мо аз афғонистониҳои ҳамсояамон бадӣ надидем ва дуо мекунем, ки куҷое бошанд, тинҷу амон бошанд”, – гуфт Ҳасанова.

Сокини дигари ин ҷамоат, ки худро Зайнура (насабашро зикр накард) ва раиси яке аз биноҳое дар шаҳраки Меҳробод муаррифӣ кард, ки дар он муҳоҷирони афғонистонӣ зиндагӣ мекарданд, дар суҳбати телефонӣ гуфт, “Маҳмуд (паноҳандаи афғонистонӣ) дар шӯъбаи фарҳанги ноҳия кор мекард, вале нисфирӯзии 4-уми май бо ҳамсари бемору оилааш рафт”.

“Дирӯз дар 15-17 газел ҳамашонро бор карданду бурданд. Куҷо бурданд? Чаро бурданд? Барои мо маълум нест ”, – гуфт Зайнура.

Биное, ки паноҳандагони афғонистонӣ зиндагӣ мекарданд, акс аз asia+

Талоши хабарнигорони “Азия-Плюс” барои шарҳи ин ҳодиса дар мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳукумати маҳаллӣ бесамар анҷомид. Касе дар ин ниҳодҳо дақиқ нагуфт, ки гурезаҳои афғонистонӣ аз ҷамоати Деҳмой ба куҷо бурда шудаанд.

Дар дафтари матбуоти ВКД гуфтанд, онҳо муҳоҷирони афғонистониро боздошт накардаанд, вале дар айни ҳол ишора карданд, ки дар ҳамаи кишварҳо агар муҳоҷирон қонунҳои дохилиро поймол кунанд, муҷозот мешаванд.

Дар дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҳам гуфтанд, ки “ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ кори онҳо нест” ва аз тақдири паноҳҷӯйни афғонистонии муқими ҷамоати Деҳмой изҳори бехабарӣ карданд.

Аммо дар хабари марбут ба боздошти як шаҳрванди паноҳҷӯйи Афғонистон, ки ВКД нашр кард, зикр мешавад, ки “мақомоти Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том изҳор медорад ва аз шаҳрвандони Афғонистон талаб менамояд, ки ба қонунгузорӣ, расму ойин ва анъанаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ гузошта, онҳоро қотеъона риоя намоянд ва будубоши худро расмӣ гардонанд”.

Дар ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов як нафар бидуни зикри номаш гуфт, ки “ин  масъаларо ҳукумати ноҳия ҳал намекунад, кори дигар мақомот аст, беҳтараш фикри онҳоро гиред”.

Ҳамин тавр, маълум нест, ки гурезаҳои Афғонистон, ки муқими ҷамоати Деҳмой буданд, куҷо шуданд ва оё “ғайб задан”-и онҳо ба боздоштияк шаҳрванди ин кишвар бо иттиҳоми куштори як зан дар шаҳри Хуҷанд рабт дорад, ё не.

Акс аз asia+

Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди вилояти Суғд, ноҳияи Ҷаббор Расулов ягона ноҳияе ҳаст, ки дар он гурезаҳои афғонистонӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди 20 сол пеш дар ин ноҳия ҳамагӣ 4-5 оилаи афғонистонӣ гуреза шуда буд. Тибқи маълумоте, ки моҳи январи соли равон Зумрат Муталлибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ироа кард, ҳоло дар ин ноҳия 201 афғонистонӣ ҳамчун муҳоҷир зиндагӣ мекунанд. Он замон Муталлибзода гуфта буд, ки ҳадафи ин муҳоҷирон сафар ба кишвари сеюм аст ва муваққатан дар ин ҷой зиндагӣ доранд.

Бояд гуфт, ки дар гузашта ҳам чанд мавриди ихроҷи афғонистониҳо аз Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Ниҳодҳои байналмилалӣ барои ин кор мақомоти Тоҷикистонро интиқод карданд, вале Душанбе гуфт, онҳое, ки дар кишвар ғайриқонунӣ иқомат доранд, ихроҷ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.