Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон таъин шудааст. Ин иттилоъ рӯзҳои 14 ва 15-уми апрел дар нишасти Кумитаи Созмони милали муттаҳид барои мубориза бо шиканҷа дар шаҳри Женева аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон ироа шуд. Омори фавтидагон дар зиндонҳо, […]

asia+

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон таъин шудааст. Ин иттилоъ рӯзҳои 14 ва 15-уми апрел дар нишасти Кумитаи Созмони милали муттаҳид барои мубориза бо шиканҷа дар шаҳри Женева аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон ироа шуд.

Омори фавтидагон дар зиндонҳо, теъдоди маҳкумшудагон ба ҳабси якумра ва шароити нигоҳдории онҳо, озодии вакилони дифоъ, тирпаронӣ дар зиндон аз масъалаҳое буданд, ки аъзои Кумита аз намояндагони Тоҷикистон суол карданд.

Посухи намояндагони мақомоти Тоҷикистон, ки Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон ин ҳайатро роҳбарӣ мекард, чӣ буд ва меҳвари гуфтугӯро кадом масоил фаро гирифт, дар ин матлаб хонед. Иттилое, ки дар зер меорем, бар асоси гузориши мақомдорони тоҷик дар ин нишаст аст, ки навораш дар сомонаи расмии Кумита нашр шудааст.

Ба қавли Умед Каримзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, дар кишвар ҷазо барои шиканҷа пурзӯр шуда, акнун барои нафароне, ки ба шиканҷа даст мезананд, то 15 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Ба қавли номбурда, аз 105 шикояте, ки дар робита ба шиканҷа ворид шудааст, 92 ҳолат нисбат ба мардҳо буда, 13 ҳолат дар робита ба занон аст.

Ҳамчунин, 1 нафар аз ин шикояткунандагон ноболиғ буда, 69 тан аз 18 то 30-сола ва 35 нафари дигар сокинони 30-60-сола будаанд.

Вобаста ба нигаронии Кумита нисбат ба таносуби арзу шикоятҳо ва шумораи парвандаҳои ҷиноятии оғозшуда, Бобозода гуфт, “на ҳар як шикоят нишонаҳои ҷиноятро тибқи моддаи 143-и Кодекси ҷиноятӣ (шиканҷа) дар бар мегирад”.

“Дар як қатор ҳолатҳо санҷишҳо қонунӣ будани истифодаи қувваи ҷисмониро муайян мекунанд, дар ҳолатҳои дигар бошад, далелҳо тасдиқи худро намеёбанд. Ҳамчунин, дар баъзе ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ аз рӯи моддаҳои дигари Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда мешаванд, аз ҷумла барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, суиистифода аз ваколатҳо ё боздошти ғайриқонунӣ”, – афзуд ӯ.

Номбурда ба ҷинояти баъзе мақомдорон низ ишора карда, гуфт, “кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани шиканҷа озод нестанд”.

Фавти 449 маҳбус дар 6 сол

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти мазкур гуфт, давоми шаш соли гузашта дар зиндонҳои Тоҷикистон 449 нафар фавтидаанд. Ба қавли ӯ, далели аксари ин фавтҳо бемориҳои гуногун, аз ҷумла дилу рагҳо, сил, роҳи нафас, ҳозима, саратон ва дигар будаанд.

Ҳамчунин, давоми шаш соли гузашта 8 зани маҳбус дар зиндон даргузаштаанд, ки ба шиканҷа рабт надоштааст. Ба қавли вазир, онҳо аз бемориҳои гуногун, чун сактаи мағзи сар, қанд, ихтилоли шадиди гардиши хуни мағзи сар ва бемориҳои музмин фавтидаанд.

Вазири тоҷик омори фавтидагонро барои шаш соли гузашта мушаххас зикр кард. Аз ҷумла:

  • соли 2019 – 62 нафар;
  • соли 2020 – 66 нафар;
  • соли 2021 – 46 нафар;
  • соли 2022 – 65 нафар (64 мард ва 1 зан);
  • соли 2023 – 59 нафар;
  • соли 2024 – 62 нафар (60 мард ва 2 зан);
  • соли 2025 – 89 нафар дар зиндонҳои кишвар фавтидаанд.

Ба қавли Ашӯриён соли 2025 теъдоди фавтидагон аз солҳои қаблӣ ба таври назаррас зиёд буд. Ӯ далели марги аксари онҳоро низ шарҳ дод:

13 нафар – аз бемориҳои роҳи нафас;

9 нафар – аз бемориҳои системаи асаб;

6 нафар – аз бемориҳои ҳозима;

4 нафар – аз бемориҳои саратонӣ,

7 нафар – аз бемории қанд;

2 нафар – аз ВНМО;

7 нафар – аз дигар бемориҳо.

11 нафар – дар натиҷаи тасодуф.

Вазири тоҷик таъкид кард, ки ҳар марг дар муассисаи ислоҳӣ мавриди тафтиши амиқ қарор гирифта, то куҷо ба шиканҷа ва ё дигар навъи озор рабт доштани он таҳқиқ шудааст. Аммо ӯ нагуфт, ки оё ҳолатҳои бо шиканҷа марбут будани марг дар зиндонҳо ошкор шудааст ё не.

Дар ҳоле ки мақомдорони тоҷик аксари фавти маҳбусонро ба бемориҳо рабт медиҳанд, аъзои Кумита ба ҷо доштани шиканҷа ва норасоии хадамоти тиббӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон ишора карданд.

725 қурбонии савдои одамон дар 8 сол

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, давоми солҳои 2018-2025-ум 725 қурбонии хариду фурӯши одамонро муайян кардаанд. Барои солҳои 2018-2023 теъдоди қурбониёни ин ҷиноят 99 нафарро ташкил медиҳад, ки  25 нафари онҳо аз кишварҳои Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Арабистони Саудӣ ва Ҳиндустон ба ватан баргардонида шудаанд. 

Солҳои 2023-2025 ин ҷиноят афзуда, 626 қурбонии савдои одамон ошкор шудааст, ки 109 нафари онҳо занҳо будаанд.  Мақомоти кишвар мегӯяд, давоми солҳои 2023–2025-ум 27 қурбонӣ, аз ҷумла 9 зан, аз кишварҳои Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Мянмар, Арманистон, Русия ва Эрон ба ватан баргардонида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки аз ин теъдод, 317 нафар ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатӣ барои дастгирӣ фиристода шуда, ба 305 қурбонӣ беш аз 757 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.

“Дедовшина”: Марги се афсар дар артиш

Яке аз аъзои Кумита зикр кард, ки “бо вуҷуди талошҳо, мушкилоти хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад”. Ӯ ба “тарсонидани волидайни даъватшудагон” низ ишора карда, дар бораи пешгирии ин гуна ҳолатҳо ва шеваи ҳифзи онҳое, ки аз шиканҷа дар артиш хабар медиҳанд, суол кард.

Намояндагони мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, додситонии ҳарбӣ пайваста дар қисмҳои ҳарбӣ санҷиш мегузаронад ва ҳама гуна ҳолатҳои зӯроварӣ, аз ҷумла меҳтарсолорӣ (дедовшина), зӯроварии ҷисмонӣ, ҷинсӣ ё тӯҳмат дар доираи қонун баррасӣ мешаванд.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, аз соли 2022 инҷониб 5 ҳолати шиканҷа дар сафи артиш ошкор шуда, дар пайи он се нафар ба ҳалокат расидаанд. Нисбати ин ҳодисаҳо 5 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, 5 афсари Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Акси марбут, Акс аз сомонаи polit74.ru

“Барои хизматчиёни ҳарбӣ имкони пешниҳоди махфии шикоятҳо пешбинӣ шудааст, то онҳоро аз эҳтимоли таъқиб ҳифз намояд. Ҳама шикоятҳо фавран барои тафтиш ба додситонии ҳарбӣ ирсол мегарданд. Дар ҳамаи муассисаҳо хатҳои доимии телефонӣ, қуттиҳои шикоят ва низоми назорати видеоӣ таъсис дода шудаанд”, – гуфтанд масъулин.

Ин иддаои мақомдорони тоҷик дар ҳолест, ки масъалаи шиканҷа дар қисмҳои ҳарбӣ, латукӯби наваскарон ва мавҷудияти “дедовшина” то ҳол мавриди нигаронӣ буда, шикоятҳо низ кам нестанд, ки бархе расонаӣ шудаанд.

Шароити нигоҳдории маҳбусони якумра

Дар бораи шароити нигоҳдории шахсоне, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкуманд, масъулин гуфтанд, “тамоми шароити зарурӣ барои онҳо фароҳам оварда мешавад”. 

“Онҳо бо кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ғизои кофӣ таъмин мебошанд. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҳоҷатхона таъмин буда, барои фароҳам овардани шароити муносиб дар онҳо низоми ҳавотозакунӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, онҳо метавонанд бе ягон маҳдудият бо наздикони худ муошират кунанд”, – гуфтанд намояндагони Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, ба суоли аъзои Кумита дар робита ба теъдоди нафароне, ки дар Тоҷикистон якумрӣ аз озодӣ маҳруманд, посух гуфта нашуд.

Зариф Ализода, ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфт, ҳабси якумрӣ ҳамчун ҷойгузини ҷазои қатл татбиқ мешавад.

“Аз соли 2004 инҷониб дар кишвари мо татбиқи ҷазои қатл боздошта шудааст ва ба ҷойи он барои панҷ таркиби ҷиноят ҳабси якумрӣ пешбинӣ мегардад”, – гуфт ӯ.

Ҳамчунин, ин мақомдори тоҷик иддаои аъзои Кумитаро дар бораи он ки шахсони ба ҳабси якумрӣ маҳкумшуда танҳо барои ҷиноятҳои зидди давлат маҳкум шудаанд, беасос хонд. Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон барои панҷ ҷинояти вазнин, аз ҷумла одамкушӣ (дар ҳолати вазнинкунанда), таҷовуз ба номус (дар ҳолати вазнинкунанда), терроризм (вақте шумораи зиёди одамон ба ҳалокат мерасанд) ва ду ҷинояти байнадмилалӣ – “биосид” ва наслкушӣ (генотсид) чунин ҷазо пешбинӣ шудааст. Ба қавли ӯ, барои дигар ҷиноёт ҳабси якумрӣ таъин карда намешавад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз аъзои кумита гуфт, нигарониҳо нисбат ба маҳбусони ба ҳабси якумра маҳкумшуда боқӣ мемонанд.

Чанд масоили дигар низ аз ҷониби аъзои Кумита ба баҳс кашида шуда, аз намояндагони Тоҷикистон посухашон тақозо мешуд. 

Кумита ба “парвандаҳои ҳассос” низ ишора карда, шарҳи ин мафҳумро хост ва суол кард, ки оё парвандаҳои марбут ба журналистон низ ба он шомил аст?

Ҳамчунин, аксаран хомӯш будани дурбинҳои назоратӣ дар боздоштгоҳҳои тафтишотӣ, маҳбасҳо ва шуъбаҳои пулис аз нигарониҳои дигари Кумита буд. Вале ин масоил низ бепосух монданд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мақоми иборат аз 10 коршиноси мустақил мебошад, ки иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро аз ҷониби давлатҳои узв назорат мекунад.

Кумитаи зидди шиканҷа барои масъулиятпазирии давлатҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон фаъолият бурда, гузоришҳо дар бораи шиканҷаро мунтазам таҳқиқ мекунад, то ин ҷиноятро боздорад ва пешгирӣ кунад.

Ин ҷаласаи 84-уми Кумитаи зидди шиканҷа буда, он 13-уми апрел оғоз шуд ва то 1-уми майи соли 2026 давом мекунад.

Тибқи Конвенсия, кишварҳои узв бояд ҳар 4 сол як маротиба гузориши навбатии худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон пешниҳод кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.