“Ба телефон, китобхона, ҳаммом ва табобат дастрасӣ доранд”. Омбудсмени Тоҷикистон шароити нигоҳдории маҳбусонро хуб арзёбӣ кардааст

Дар гузориши ин ниҳод камбудҳо дар боздоштгоҳҳо низ ишора шудаанд

Шаҳноз Ализода, asia+

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон аз шароити нигоҳдории маҳбусон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, ки дар бархе аз боздошгоҳҳо зиндониён ба муолиҷа дастрасӣ надоранд. Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод, вазъ ва шароити маҳбасҳои кишварро хуб арзёбӣ карда, гуфтааст, ки барои зиндониён шароити табобат фароҳам аст.

Вазъ ва шароити нигоҳдории зиндониёнро Омбудсмени Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ, ки чанде пеш нашр шуд, таҳлил кардааст. 

Ин ниҳод гуфтааст, ки намояндагонаш соли гузашта бо мақсади аз наздик шинос шудан бо шароити нигоҳдории маҳбусон аз чанд муассисаҳои ислоҳӣ боздид ва бо зиндониён суҳбат кардаанд.

Боздоштгоҳҳо чӣ камбуд доранд?

Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфтааст, дар пайи санҷиш ва суҳбат бо 32 корманди шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва 54 зиндонӣ, маълум шудааст, ки дар боздошгоҳҳои муваққатӣ бархе камбудҳо низ ҷо доранд.

Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки набудани нақлиёти махсус барои интиқоли гумонбарон дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ва ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон ва набудани воҳиди корӣ барои кормандони тиб аз мушкилоти ҷиддӣ дар чунин муассисаҳо маҳсуб меёбад.

Зиндони маъруф ба "1-ум советский", Акс аз "Азия-Плюс"

Дар гузориш зикр шудааст, ки дар муассисаи ислоҳии ЯС3/1 ва тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ9/4 дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Кӯлоб ва чанд боздоштгоҳи муваққатӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод шароити нигоҳдории маҳбусон аз ҷумла, ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот, ошхона, чойхона ва ҷойи кори онҳо “рӯ ба беҳбудӣ овардааст”.

Инчунин Омбудсмен гуфтааст, ки дар пайи гузаронидани мониторинг дар 19 муассисаи пӯшида ва қисман пӯшида ҳуқуқи зиндониён, вазъи шиканҷа ва ҳуқуқи беморони руҳиро маълум кардаанд. Дар ин пурсиш 250 нафар, аз ҷумла 150 маҳкумшуда ва 100 корманди муассисаҳои ислоҳӣ пурсида шудаанд.

Ба иттилои манбаъ дар маҳбаси ЯС3/3-и Хуҷанд бинои мутобиқгардонии маҳкумшудагон бо шумули хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва ҳуҷраи тарбиявӣ ва дар маҳбаси ЯС3/4-и Душанбе як маҷмааи нави беҳдоштӣ иборат аз 26 нуқтаи оббозӣ ва 23 нуқтаи гигиенӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Инчунин дар муассисаи ислоҳии ЯС3/5-и Хуҷанд барои 600 маҳбус бинои нав бунёд шудааст, ки дар он хобгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, 30 нуқтаи беҳдоштӣ, 6 ҳуҷраи иловагӣ барои мулоқоти дарозмуддат бо ҳаммом ва ошхонаи иловагӣ, як ҳоҷатхона мавҷуд будааст.

Таъкид шудааст, ки дар зиндонҳо ва боздошгоҳҳои муваққатӣ китобхона низ мавҷуд буда, маҳбусон ба китоб, рӯзномаю маҷалла дастрасӣ доранд.

Омбудсмен бо такя ба маълумоти Сарраёти иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия гуфтааст, ки дар 9 зиндон 20 коргоҳи хурди истеҳсолӣ таъсис ёфта, 140 маҳкумшуда бо кор таъмин шудаанд.

Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки дар ҳамаи зиндонҳои кишвар ҳуҷраҳои алоҳида барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, телевизион, бунгоҳи тиббӣ ва дар 2 муассисаи ислоҳӣ беморхона фаъолият дошта, мунтазам ба маҳкумшудагон ёрии тиббӣ мерасонанд. Ҳамчунин дар муассисаҳои ислоҳӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотӣ беш аз 400 адад дастгоҳи телефонӣ насб шудааст, ки бо пардохти ҳаққи хидмат зиндониён бо хонаводаҳояшон суҳбат мекардаанд.

“Бо назардошти он, ки дар шароити кунунӣ техникаву технология дар ҳоли рушд қарор дорад масъалаи ташкили вохӯриҳои маҷозӣ (онлайнӣ)-и маҳкумшудагон бо хешовандон ҳалли худро тақозо менамояд”, – гуфтааст ин ниҳод.

Дастрасӣ ба табобат

Тибқи иттилои Омбудсмен, давоми соли 2025 ба 9 ҳазору 740 зиндонӣ хидмати тиббӣ расонида шуда, 19 ҳазору 393 маҳбуси дигар аз муоинаи тиббӣ гузашта, 8 ҳазору 118 тани дигар таъҷилӣ ва 235 маҳкумшуда нақшавӣ барои табобат ба муассисаи муолиҷавии 3/13 интиқол дода шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷиҳати беҳтар кардани шароити нигоҳдории зиндониёне, ки ҷазои якумра гирифтаанд, ҳуҷраҳо таъмир ва дар дохили онҳо нуқтаи радиошунавонӣ ва телевизионҳо насб шуда, ба маҳбусон рӯзномаю маҷалла ва китобҳо дастрас мегардидааст.

Инчунин, кормандони зиндонҳо маҳкумшудагони ҷазои якумраро ба муддати 1 соату 30 дақиқа ба берун бароварда, онҳо ҳафтае як маротиба аз ҳаммоми муассиса истифода мекардаанд.

Акс аз "Азия-Плюс"

Омбудсмени Тоҷикистон хулоса кардааст, ки барои беҳтар кардани вазъ дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои муваққатӣ ба дастгиршудагон ва маҳкумшудагон ёрии тиббии саривақтӣ расонида шавад, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд, суҳбат тариқи маҷозӣ роҳандозӣ гардида, бархе боздошгоҳҳо бо нақлиёти махсус барои интиқоли дастгиршудагон таъмин карда шаванд.

Мулоқот бо рӯзноманигорони зиндонӣ

Бояд гуфт, ки намояндагони Омбудсмени Тоҷикистон соли гузашта бо чанд рӯзноманигори зиндонӣ ва дигар маҳкумшудагон дар маҳбасҳои Тоҷикистон мулоқот карда, гуфта буданд, ки бархе зиндониён аз вазъи риояи ҳуқуқҳояш дар маҳбас изҳори қаноат ва муносибати кормандонро хуб арзёбӣ карданд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки зиндониёне, ки вазъи саломатиашон нохуб мешавад, дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат табобат мегиранд.

Вале пайвандони маҳкумшудагон дар Тоҷикистон аз риоя нашудани ҳуқуқи зиндониён ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо, шароти нигоҳдории маҳбусон дар маҳбасҳои кишвар зиёд шикоят мекунанд.

Аз ҷумла, ахиран пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик, ки вазъи саломатиаш нохуб арзёбӣ мешавад ба расонаҳо гуфта буданд, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷоза надодаанд, ки Пирмуҳаммадзода берун аз маҳбас ҷарроҳӣ шавад ва сабабашро мавҷуд будани имкони ҷарроҳӣ дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат гуфтаанд.

Пайвандони ин рӯзноманигори зиндонӣ гуфтанд, ки ӯро аз моҳи март то моҳи августи соли 2025, дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндони шаҳри Хуҷанд (ШИЗО) нигоҳ дошта ва пас аз хуруҷи бемориаш моҳи сентябр аввал ба Душанбе ва пасон ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол доданд.

Ёдрас мешавем, ки чанде қабл Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи Созмони милали муттаҳид барои мубориза бо шиканҷа гуфт, ки давоми шаш соли гузашта дар зиндонҳои Тоҷикистон 449 нафар фавтидаанд. Ба қавли ӯ, далели аксари ин фавтҳо бемориҳои гуногун, аз ҷумла дилу рагҳо, сил, роҳи нафас, ҳозима, саратон ва дигар бемориҳо будаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.