Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

asia+

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор сар Бузи Морхӯр ё Пармашох мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки солҳои 90-ум саршумори ин ҳайвони нодир дар кишвар тақрибан 300 сарро ташкил медод. 

Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии таҷлили Рӯзи байналмилалии Морхӯр зикр кардааст. Ин чорабинии байналмилалӣ рӯзи 18-уми май бо унвони “Морхӯр ва гуногунии биологии кӯҳӣ: Тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи экосистема ва рушди устувор” баргузор шудааст.

Шерализода далели афзоиши бузи Морхӯрро “натиҷаи татбиқи пайвастаи тадбирҳои ҳифзи табиат, мониторинги саҳроӣ, ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва идоракунии масъулиятноки олами ҳайвоноти ваҳшӣ” номидааст.

Ҳамчунин, ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Шерализода дар суханронии худ нақши Морхӯрро дар нигоҳдории солимӣ, тавозун ва устувории экосистемаҳои кӯҳӣ муҳим таъкид кардааст.

Баҳодур Шерализода, Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон

Зимнан, чанде пеш Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар дода буд, ки барои ҳисоб кардани саршумори бузи Морхӯр кормандонашро ба минтақаҳои баландкӯҳи кишвар фиристодааст. Вале натиҷаҳои он расонаӣ нашуда буд. Соли 2025 бошад, теъдоди Морхӯрро дар кишвар ин ниҳод беш аз 6 ҳазор гуфта буд.

Морхӯр яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ буда, дар Тоҷикистон ба “Китоби сурхи Тоҷикистон” дохил шудааст ва шикораш танҳо тариқи иҷозатнома дар шумораи маҳдуд иҷозат аст.

Мувофиқи қарори имсолаи ҳукумати кишвар, шикори 24 сар бузи Морхӯр дар солҳои 2026-2027 иҷоза дода шудааст. Арзиши гирифтани иҷозатнома барои шикори ин ҳайвони нодир дар соли 2025-ум 408 ҳазору 687 сомонӣ муқаррар гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.