“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Нозанини Исматшоҳ, asia+

Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон ҷузъе аз ҷомеа буда, садсолаҳо ба ин сӯ дар ин қаламрав зиндагӣ дорад ва ба урфу одатҳои худ содиқ мондааст. Аммо дар бораи зиндагии кунунии онҳо маълумот кам аст ва онҳо аз зовияи қолабҳои шахшуда баррасиву шинохта мешаванд ва баъзан мавриди тамғагузорӣ қарор мегиранд, ки ба андешаи коршиносон, иштибоҳ аст.

Қавми ҷӯгӣ имрӯз чӣ зиндагӣ доранд, бо кадом мушкилу ҷолишҳо рӯбарӯянд ва чӣ имкониятҳо барояшон фароҳам аст? Тамғагузорӣ ва адами барномаи хоси давлатӣ дар самти ҳамгироии бештари ин қавм бо ҷомеа чӣ паёмад дорад?

Мо ба яке аз деҳаҳое, ки ҷӯгиҳо бештар зиндагӣ доранд, сафар карда, бо тарзи зиндагии онҳо шинос шудем ва дар бораи рӯзгорашон суҳбат кардем.

Ҳамчунин, аз коршиносон пурсидем, ки барои ҳамгироии бештари ин қавм чӣ бояд кард ва чӣ тавр метавон тамғагузориро аз миён бурд?

Дар гузориши зерин метавонед бо рӯзгори ҷӯгиён шинос шавед ва ба суолҳои боло посух ёбед.

“Қавми муттаҳиданд…”

Сафари мо ба деҳаи “Канали боло”-и шаҳри Ҳисор аз суҳбат бо ронандае, ки ба мо хидмат мерасонид ва чандин сол аст дар ҳамсоягӣ бо ҷӯгиҳо зиндагӣ дорад, оғоз шуд.

“Қавми муттаҳиданд. Ҳама ҷамъ мешаванд ва барои худ як роҳбар интихоб мекунанду ба ӯ гӯш медиҳад”, – гуфт ронанда.

Ба назди мактаби №96-и ин деҳа расидем. Гурӯҳе аз мардон даври ҳам нишаста буданд, вале нахостанд бе иҷозаи раиси деҳа суҳбат кунанд.

Яке аз онҳо моро сӯйи хонаи раис роҳнамоӣ кард, вале ӯро дар хона пайдо накардем. Танҳо ҳамсараш чанд лаҳза бо мо ҳарф зад ва гуфт, “зиндагии суннатӣ” доранд ва боре ҳам ба “дашт” набаромадаанд (яъне талбандагӣ накардаанд. – муаллиф).

“Аз таҳсили фарзандонашон мепурсанд”

Дубора ба мактаб рафтем. Кӯдакон дар саҳни мактаб саф кашида, ба дарсҳои басти дуюм омодагӣ медиданд.

Ҳисорӣ Ҷумъаев, муовини директор гуфт, давоми 15 соле, ки дар ин мактаб дарс медиҳад, “вазъи таҳсили кӯдакони ҷӯгӣ нисбат ба солҳои пеш хуб шудааст” ва онҳо талош доранд ба мактаб асбобҳои мусиқӣ оранд ва ҳарчӣ бештар бо ин кӯдакон кор кунанд.

Лаҳзаи омодагӣ ба дарс дар мактаби №96, asia+

“Солҳои пеш касе аз хондану лавозимоти мактабии фарзандаш пурсон намешуд. Солҳои охир волидайни онҳо меоянд, аз хониши фарзандонашон мепурсанд, талош доранд, ки фарзандонашон хонанд, касб омӯзанд ва соҳиби коре шаванд”, – гуфт Ҷумъаев.

Ӯ ҳамчунин, гуфт, ки дар ин мактаб 149 кӯдак аз қавми ҷӯгӣ таҳсил мекунад ва ин рақам бамаротиб бештар аз солҳои пеш аст.

Бояд гуфт, дар умум, имрӯз дар 50 мактаби кишвар беш аз 2 ҳазор кӯдакони қавми ҷӯгӣ таълим мегиранд.

Баъдан, мо ба оилаи Тоҷиддин Нормаҳмадов, сокини деҳаи Сотмончиён, ки аз қавми ҷӯгӣ аст, рафтем. Хонааш ободу озода буд ва ҳамсараш нон мепухт.

“Ронандагиву чорвопарварӣ кардам ва ҳеҷ гоҳ талбандагӣ накардаам. Ҳамсарам ҳам. Фарзандонам таҳсил карданд, зиндагии маъмулӣ доранд. Яке дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад, дигарӣ таҳсил мекунад”, – гуфт Тоҷиддин Нормаҳмадов.

Тоҷиддин Нормаҳмадов вақти суҳбат бо хабарнигори asia+

Ӯ дар бораи одати “талбандагӣ” мегӯяд, бигзор ҳифз шавад чун анъана, аммо бештар рамзӣ бошад.

Аз суҳбат бо сокинони ин маҳал маълум шуд, ки ҳоло ҷавонони ин қавм ба артиш низ ҷалб мешавад ва адои хидмати низомӣ мекунанд. Гузашта аз ин, ҳолатҳои оиладоршавии ҷавонони ин қавм бо қавмҳои дигари ҳаммаҳали худ низ бештар мушоҳида мешавад, ки гувоҳи ҳамгироии онҳо бо ҷомеа аст.

“Маълумоти аслӣ кам аст…”

Коршиносон мегӯянд, мушкилу имкониятҳои ин қавм ба таҳқиқ ва ҳамгироии бештари онҳо ба барномарезии махсус ниёз дорад.

Аз ҷумла, Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, гарчанд имрӯз дар ҷомеа зиндагии ҷӯгиҳо зиёд матраҳ мешавад, аммо “маълумоти воқеӣ дар бораи онҳо кам аст”.

Ба қавли ӯ, то ҳол ноаён мондани ин гуруҳ чанд омил дорад, ки яке аз онҳо кам будани таҳқиқоти бонизом ва ё омори расмӣ аст.

Ба гуфтаи Самадова, адами барасмиятдарории комили ҳуҷҷатҳои намояндагони ин қавм яке аз омилҳои набудани омори дақиқ бошад.

Дилрабо Самадова, намогирифт

Умеда Аҳмадова, ҷомеашинос тоҷик мегӯяд, талоши онҳо барои таҳқиқи зиндагии кунунии ин қавм бесамар буд, зеро “онҳо канораҷуӣ карданд”. Аз ин лиҳоз, то ҳол ягон таҳқиқоти комили ҷомеашиносӣ дар бораи ин қавм вуҷуд надорад.

Нигина Мамадҷонова, равоншинос ин канорагириро “ҳимояи арзиш ва анъана” унвон карда, гуфт, “онҳо тарс аз он доранд, ки агар бо мардуми таҳҷоӣ омезиш ёбанд, арзиш ва анъанаҳои худро гум мекунанд ва ин қавм аз байн меравад. Ин аст, ки онҳо байни худ муттаҳид мешаванд ва аз дигар гурӯҳҳо канорагирӣ мекунанд”.

 “Тамғазанӣ ва табъиз ба ҳошия рондааст”

Ба андешаи Дилрабо Самадова, яке аз омилҳои дигари ба ҳошия рафтани ин қавм, “тамғазанӣ” аст.

“Намояндагони ин қавм ҳам омода нестанд, ки озод ва кушод ҳарф зананд, чун аз табъиз метарсанд”, – афзуд ӯ. 

Коршиносон омили асосии тамғагузорӣ ва табъизро ба одатҳо ва анъанаҳои ин қавм рабт медиҳанд.

“Инҷо бархурди арзишҳо ва анъанаҳо низ ҳаст, чун шуғл ва одатҳое, ки барои ҷӯгиҳо маъмулӣ аст, барои дигар қавмҳои маҳал бегона ва боиси ангуштнамоӣ аст”, – мегӯяд Зулайхо Усмонова, ҷомеашиноси дигари тоҷик.

Дилрабо Самадова ба ин андеша аст, ки “каногирӣ аз сӯйи намояндагони ин қавм ва тамғагузорӣ аз ҷониби қамвҳои дигар фосиларо ба вуҷуд овардааст ва аксар одамон бидуни маълумоти кофӣ ва робита бо ҷӯгиҳо, дар бораи онҳо тасаввуроти манфӣ ҳосил мекунанд, ки албатта нодуруст аст”.

Ба таъкиди Мамадҷонова, тарс аз ду ҷониб аст, “яке аз фарҳанги ба худ бегона” меҳаросад ва “қавми дигар тарси аз даст додани фарҳанги худро дорад”.

Нигина Маҳмадҷонова, намогирифт

Ба андешаи коршиносон, ин ҳама фосилаву тамғагузориву ва тарс боиси ба ҳошия рондан ва садди роҳи ҳамгироӣ мешавад.

Чӣ бояд кард?

Дилрабо Самадова мегӯяд, барои ҳамгироӣ нақши давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муассир аст.

“Таъсиси як созмони марбут ба таҳқиқу ҳифзи ҳуқуқи ин қавм ва таҳияву татбиқи барномаи давлатӣ метавонад барои ҳамгироии бештари ҷӯгиҳо бо ҷомеа кумак кунад. Баъдан, бархурди ҳирфаии расонаҳо низ муассир аст. Агар иттилоъ дар бораи онҳо бидуни ҳангомасозӣ, воқеӣ ва боэҳтиром гуфта шавад, метавонад яке аз омилҳои иваз шудани нигоҳи ҷомеа ба ин қавм бошад”, – мегӯяд ӯ.

Равоншинос ин ғояро тақвият дода гуфт, “бояд онҳоро ба он тарзе, ки ҳастанд, қабул кунем”. Онҳо мегӯянд, ҷӯгиҳои Тоҷикистон шаҳрванди кишваранд ва ҳуқуқи онҳоро Қонуни асосӣ кафолат додааст.

Пешниҳоди дигари равоншинос ин аст, ки бояд бештар қиссаҳои мусбӣ аз рӯзгори ин қавм дар расонаҳо нашр шаванд.

Хабарнигори asia+ бо кӯдакони ҷӯгӣ. Акс бо иҷозаи волидайн бардошта ва нашр мешавад.

Таҷрибаи Румонӣ

Дар кишварҳои Аврупо, ки намояндагони ин қавм зиндагӣ мекунанд, барномаҳои махсуси давлатӣ мавҷуданд, ки сарфи назар аз бархӯрдҳои ҷомеа, аз ҳуқуқҳои ин гурӯҳҳо ҳимоя мекунанд.

Барои мисол, дар Румонӣ барномаи роҳбурдии давалатӣ амал мекунад, ки “Стратегияи Ҳукумати Румонӣ дар бораи фарогирии шаҳрвандони румонӣ, ки ба қавми рома тааллуқ доранд, барои давраи 2022-2027” ном дорад. Ин роҳбурд оғоз аз ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо дар сатҳи ҳукуматӣ то маориф, фарҳанг ва тибро фаро мегирад.

Ба андешаи коршиносон, агар чунин барнома ва созмони ҳомии ҳуқуқи ҷӯгиҳо таҳия ва роҳандозӣ шавад, ҳамгироии ин қавм зуртар ва беҳтар амалӣ мешавад. Дар ин сурат, намояндагони ин қавм дар бахшҳои гуногуни ҷомеа бештар ва хубтар фаъолият мекунанд ва ин дар ташаккули як ҷомеаи мукаммалу таҳаммулпазир мусоидат мекунад. Мисли Тоҷиддин Нормаҳмадов, ки худ ронандагӣ ва чорвопарварӣ мекунад, ҳамсараш бо тарбияи фарзандон ва кори хона банд аст ва фарзандонаш бо кору таҳсил машғуланд.

Бояд гуфт, ки аксар намояндаи қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон дар ноҳияҳои Варзобу Панҷакенту Ҳисор, Ваҳдат, Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ ба сар мебаранд. Ба қавли таърихнигорон, лӯлиён панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забон ва расму русуми мардуми онҷоро пазируфтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.