Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар пайи ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз номусоиди вазъи ҳаво дар ду рӯзи оянда масъулини нигоҳдории роҳҳои кишварро муваззаф кардааст, ки ба ҳолати кории шабонарӯзӣ гузаранд.
Ба иттилои Вазорат, Азим Иброҳим, вазири ин ниҳод дар ин бора супориш додааст. Ҳамчунин, дар Вазорат бо роҳбарии Бобоёр Бобоёрзода, муовини вазири нақлиёт гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки вазифааш назорати доимии роҳҳо, вокуниши фаврӣ ба оқибатҳои эҳтимолии вазъи ҳаво ва таъмини интиқоли саривақтӣ ва бехатари мусофирон ва борҳо аст.
Ин ниҳод ронандагонро аз хавфи ҳаракат дар роҳҳо дар рӯзҳои номусоид ҳушдор дода, тавсия кардааст, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя, суръати ҳаракатро паст кунанд ва масофаи муайянро байни мошинҳо нигоҳ доранд.
“Дар минтақаҳои кӯҳӣ – аз ҷойҳое, ки сел метавонад таҳдид кунад, хусусан, пас аз боронҳои зиёд, канорагирӣ кунанд, дар ҷойҳои бо қабати нав пӯшонидашудаи роҳҳо (асфалти нав хобонидашуда махсусан пас аз борон лағжон мешавад) ва дар ҷойҳое, ки гил ё қум метавонад ба рӯи роҳ резад, аз эҳтиёт кор гиранд”, – тавсия додааст вазорат.
Бояд гуфт, қаблан Оҷонсии ҳавошиносии кишвар ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 18-20-уми май дар баъзе манотиқи кишвар боридани борон, омадани сел ва гарду ғубор дар назар аст.
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, 18 ва 19-уми май дар пайи бориши борони зиёд баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Зерафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсу, Қизилсуи ҷанубӣ, инчунин дар дарёҳое, ки аз доманакӯҳҳои ҷанубии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, эҳтимол дорад.
Аз ҷумла, шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб сел омад, ки дар пайи он се нафар ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанд хона ва иншооти гуногун зарар дидаанд. Ҳоло хисороти обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб маълум нест. Мақомот қаблан гуфтанд, дар пайи сел дар ин шаҳр 850 оила зарар дидааст.





