Оё медонед, ки дару тирезаҳои биноҳои муосир дар куҷо ва чӣ тавр истеҳсол мешаванд? Субҳон Ҷалилов ба шаҳри Турсунзода, ба корхонаи нави “Роллер” рафт, то раванди истеҳсолро аз наздик нишон диҳад.
7 гектар масоҳат ва технологияҳои муосири Туркия, иқтидори истеҳсоли 10 000 тонна маҳсулот дар як сол, маҳсулоти экологӣ ва тобовар ба ҳама гуна боду ҳаво – ҳамаи ин дар бораи корхонаи нави “Роллер”, аст ки бо ҳузури раисиҷумҳури кишвар моҳи декабри соли гузашта ифтитоҳ ёфт.
Гузориши моро тамошо кунед ва бубинед, ки чӣ гуна алюминийи “ТАЛКО” ба профилҳои мустаҳкам табдил меёбад:
Барои ҳамкорӣ ва фармоиш мизоҷон метавонанд бо рақами зерин муроҷиат кунанд: +992700600700. Ё ба дафтари фурӯши “Роллер” бо суроғаи зерин биёянд: Душанбе. к. М. Маҳмадалӣ, 25.





