“Дигар нафасгир намешавам ва метавонам бо ҷӯраҳоям бозӣ кунам”. Кӯдакони дар Чин ҷарроҳишудаи тоҷик чӣ ҳол доранд?

Ин кӯдакон аз бемории дил ранҷ мекашиданд.

Нӯҳ кӯдаки гирифтори бемории дил аз Тоҷикистон, ки дар шаҳри Тсиндаои Чин ройгон ҷарроҳӣ шуданд, ба ватан баргаштанд. Табибон мегӯянд, ҷарроҳии онҳо хуб гузашт ва вазъи саломатиашон беҳтар аст. Худи кӯдакон хушҳоланд, ки акнун мисли дигар ҳамсолони худ бе мушкилӣ нафас мекашанд ва бозӣ мекунанд.

Ин иқдом аз сӯйи Маркази ташхисию табобатии Чину Тоҷик амалӣ шуд. “Азия-Плюс” баъди баргаштани кӯдакону наврасон аз Чин аз волидайни кӯдакон ва масъулин дар хусуси саломатии он пурсон шуд.

Ҷарроҳӣ чӣ гуна гузашт ва кӯдакон худро чӣ гуна ҳис мекунанд, дар гузориши мо тамошо кунед:

Ин бори аввал нест, ки ин марказ кӯдакони бемори дили тоҷикро барои табобати ройгон ба Чин мебарад. Соли гузашта ҳам онҳо 10 кӯдаки тоҷикро барои ҷарроҳӣ ба Чин бурда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.