Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) мегӯяд, “Азия-Плюс” дар рушди озодии баён дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ ба муносибати 30-солагии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” зикр кард, ки “Азия-Плюс” нахустин оҷонсии хабарӣ аст, ки дар Тоҷикистони мустақил ба фаъолият шуруъ кард ва 30 сол инҷониб рисолати аслии худро дар иттилоъ расондан ба ҷомеа “хеле собитқадамона” анҷом медиҳад.
Ба назари ӯ “Азия-Плюс” аз расонаҳоест, ки дар сафи пеш на танҳо дар Тоҷикистон, дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъол аст ва илова кард, ки “ба иттилои ин расона ҳам созмони ватанӣ ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ эътимод доранд”.
“Фикр мекунам, ки дар чанд соли охир барои “Азия-Плюс” низ маҳдудиятҳо эҷод шудааст, вале дар ҳамин ҳолат ҳам “Азия-Плюс” симои худро ҳамчун як расонаи мустақил аз даст надодааст”, – гуфт Нуриддин Қаршибоев.
Муфассал дар навори зерин тамошо кунед:







