Дар Қирғизистон сохтмони минтақаи махсуси молиявию сармоягузории Тамчӣ оғоз шуд

Он дар майдони қариб 6 ҳазор гектар бунёд мешавад.

Таблиғ

Дар соҳили кӯли Иссиқкӯл, дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон ба сохтмони минтақаи махсуси молиявию сармоягузории SFIT Тамчӣ санги асос гузошта шуд. Ин лоиҳаи бузурги давлатӣ дар доираи қонунгузории махсуси Қирғизистон амалӣ шуда, ҳадафаш таъсиси як маркази байналмилалии молиявию тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ мебошад.

Барои таъсис ва рушди ин минтақаи сармоягузорӣ маблағи бузург пешбинӣ шудааст. SFIT Тамчӣ дар масоҳати умумии 5965 гектар бунёд мешавад ва аз чандин маҷмааҳои соҳавӣ иборат хоҳад буд. Дар доираи лоиҳа маркази молиявию тиҷоратӣ, минтақаҳои логистикӣ ва хидматрасонӣ, фурудгоҳи байналмилалӣ ва маҷмааи бузурги сайёҳӣ дар соҳили Иссиқкӯл бо масоҳати то 100 гектар сохта мешаванд.

Ба гуфтаи масъулон, минтақа бо усули “равзанаи ягона” фаъолият хоҳад кард. Таваҷҷуҳи асосӣ ба соҳаҳои молия, фанновариҳои молиявӣ ва навовариҳо равона шуда, барои ширкатҳои фаъол дар минтақа шароити мусоид, аз ҷумла меъёри сифрии андоз пешбинӣ шудааст.

Дар ҳудуди SFIT Тамчӣ маркази мустақили ҳалли баҳсҳо низ таъсис дода мешавад, ки парвандаҳои шаҳрвандиро бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи англисӣ баррасӣ мекунад. Инчунин сокинони минтақа ба хидматрасониҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ, хадамот барои гирифтани раводид ва хидматрасониҳои дигари гумрукӣ ва идоракунии амволи ғайриманқул дастрасӣ хоҳанд дошт.

Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа солҳои 2026–2027 амалӣ мешавад. То соли 2027 сохтмони иншоот бо масоҳати умумии 51 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла инфрасохтори логистикӣ, ба нақша гирифта шудааст. Аввалин бино барои дафтарҳои корӣ бо масоҳати 3850 метри мураббаъ бояд соли 2026 ба истифода дода шавад.

Тибқи нақшаҳо, то соли 2035 масоҳати умумии сохтмон ба 470 ҳазор метри мураббаъ мерасад. Интизор меравад, ки то он замон теъдоди ширкатҳои сабтиномшуда аз 3900 бештар шуда, теъдоди сайёҳон дар як сол аз 92 ҳазор зиёд шуд.

Минтақаи махсуси молиявию сармоягузории Тамчӣ, акс аз шарикон

Мақомоти Қирғизистон умедворанд, ки ин лоиҳа дар солҳои 2026–2035 ба иқтисоди кишвар саҳми назаррас мегузорад ва беш аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис медиҳад.

Адилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва роҳбари маъмурияти президенти кишвар гуфт, ҷалби сармоягузорӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ӯ, SFIT Тамчӣ ба сармоягузорон муҳити шаффоф, қонунгузории муосир, механизми мустақили ҳалли баҳсҳо ва имкони рушди тиҷоратро пешниҳод мекунад.

“Ин маркази нави иқтисодии кишвар нуқтаи асосии байналмилалии молиявию тиҷоратӣ ва ҷозибаи сармоя, фанноварӣ ва ширкатҳои нав мебошад, ки ба рушди устувори иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат хоҳад кард. Маҳз чунин лоиҳаҳо ояндаро шакл медиҳанд, ниҳодҳои устуворро тақвият мебахшанд ва мавқеи Қирғизистонро ҳамчун минтақаи боз ва боэътимоди сармоягузорӣ таҳким мебахшанд”.
Адилбек Қосималиев раиси Девони вазирон ва роҳбари маъмурияти президенти Қирғизистон

Консепсияи лоиҳа бо дастгирии ширкатҳои байналмилалии машваратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла ширкати сингапурии “Makara Capital” таҳия шудааст. Лоиҳа бар таҷрибаи марказҳои байналмилалии молиявии Дубай ва Сингапур асос ёфтааст.

Алӣ Иҷоз Аҳмад, намояндаи “Makara Capital” изҳор доштааст, ки Қирғизистон бар хилофи бисёр марказҳои молиявии дигар дорои мавқеи нодири ҷуғрофӣ дар чорроҳаи бозорҳои Авруосиё ва иқтидори бузурги табиии Иссиқкӯл мебошад, ки метавонад ба бартарии рақобатпазири дарозмуддати кишвар табдил ёбад. “Дубай ва Сингапур ба кишварҳои пешрафтаи молиявию тиҷоратӣ табдил ёфтанд, зеро ба қонунгузории шаффоф, низоми мустақили судӣ ва муҳити мусоиди тиҷоратӣ аҳамияти ҷиддӣ доданд. Мо низ мехоҳем дар минтақаи махсуси молиявию сармоягузории Тамчӣ чунин шароитро фароҳам созем”, – гуфтааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.