Қамчибек Тошиев, раиси пешини КДАМ-и Қирғизистон тасдиқ кард, ки алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст

Як рӯз пеш ӯ ва ду сиёсатмадори пешини дигар бозпурсӣ шудаанд.

Идибеки Саид, asia+

Қамчибек Тошиев, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон хабари ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳашро шаҳр додааст.

Дирӯз, 28-уми апрел, Қамчибек Тошиев ҳамроҳи Нурланбек Тургунбек, раиси пешини  Жогорку Кенеш (порлумони Қирғизистон) ва Қурманқул Зулушев, собиқ вакили парлумон ба Сарраёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон барои бозпурсӣ даъват шуда, пас аз чанд соат бинои ин ниҳодро тарк кардаанд.

Баъди ин Откурбек Раҳмонов, директори шабакаи “Регион ТВ” ва яке аз шахсони наздик ба Тошиев дар саҳифаи фейсбукаш аз номи раиси пешини КДАМ навишт, ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, вале бегуноҳ аст.

Тошиев гуфтааст, ки ба адолати додгоҳӣ бовар дорад, ки танҳо “гунаҳкорро ҷазо медиҳанд ва бегуноҳро сафед мекунанд”.

“Ман тамоми имкониятро дорам, ки пурра худамро дар ин парванда ҳимоя кунам ва агар Худо кумак кунад, ман аз ҳама иттиҳомот сафед хоҳам шуд”, – гуфтааст Тошиев.

Мақомоти Қирғизистон расман шарҳ надодаанд, ки онҳо барои чӣ ва дар доираи кадом парванда ба бозпурсӣ даъват шуданд.

Аммо баъзе расонаҳо бо такя ба иттилои нашркардаи вакили дифо Шердор Абдикапаров навиштанд, ки “эҳтимол аст алайҳи Тошиев ва ду вакили пешин бо иттиҳоми “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” парванда боз шудааст”.

Баъдтар ин вакили дифоъ навиштааш дар фейсбукро пок кардааст ва ба “Кактус-медиа” шарҳ додааст, ки “расман иттиҳоме эълон нашудааст ва сиёсатмадорони собиқ дар робита ба парвандае, ки мумкин аст чунин иттиҳомот эълон шуда бошад, ба бозпурсӣ даъват шудаанд”.

Содир Ҷабборов ва Қамчибек Ташиев, акс аз дафтари раисҷумҳури Қирғизистон

Дар идома ин расона аз қавли манобеи худ навиштааст, ки “бозпурсии онҳо ба парвандаи маъруф ба “Номаи 75” марбут аст”.

Бояд гуфт, 9-уми феврали соли 2026 75 нафар дар мактуби кушода ба Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ва Нурланбек Тургунбек, раиси пешини Жогорку Кенеш дархост карданд, ки пеш аз муҳлат интихоботи президентӣ баргузор карда шавад. Пас аз ин Содир Ҷабборов Қамчибек Тошиевро аз вазифаи муовини Девони вазирон – раиси КДАМ-и Қирғизистон барканор ва дар баробари ин як қатор мансабдорони наздик ба ӯро низ сабукдӯш кард.

Баъдан Нурланбек Тургунбек аз мансаби раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод ва аз ваколати вакилии худ даст кашид.

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар мусоҳиба бо хабаргузории “Кактус-медиа”, ки 27-уми апрел нашр шуд, дар бораи даст доштани Қамчибек Тошиев дар парванда маъруф ба “Номаи 75” изҳор доштааст, ки тафтишот ва додгоҳ муайян мекунад, ки оё ӯ даст дорад ё не.

“Қарори ниҳоӣ дар бораи он ки кӣ гунаҳкор аст ва кӣ бегуноҳ аст, аз ҷониби додгоҳ қабул карда мешавад”, – гуфтааст Ҷабборов.

Ӯ ба саволи хабарнигор бо ишора ба дӯстиаш бо Қамчибек Тошиев ва эҳтимоли “сабукӣ” ба ӯ таъкид кардааст, ки “ин тавр нахоҳад шуд”.

Дар бораи сабабҳои эҳтимолии “сардӣ” миёни “ду дӯст” – Ҷабборов ва Тошиев, ки аввали соли ҷорӣ на танҳо Қирғизистон, балки минтақаро ба ҳайрат овард, дар матлаби мо “Фурӯпошии қудрати мувозӣ дар Қирғизистон” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.