Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷироне, ки мехоҳанд бо кӯдаконашон ба ин кишвар сафар кунанд, тартиби бақайдгирии фарзандон ва таҳсилашон дар мактабро шарҳ дод.

Ин ниҳод рӯзи 14-уми апрел дар як изҳороти худ гуфтааст, ки дар қадами аввал муҳоҷирон фарзандонашонро то 15 рӯзи баъди вуруд ба ин кишвар бояд ҳамроҳи худ ба қайд гузоранд.

Барои ин кор бояд шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, корти муҳоҷиратӣ, ҳуҷҷатҳои падару модар ва санади тасдиқкунандаи ҷои иқомат пешниҳод намоянд.

Намояндагӣ зикр кардааст, ки кӯдакон дар суроғае, ки падару модари онҳо сабт шудаанд, ба қайд гирифта мешаванд. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар ҳолати ивази ҷои иқомат, сабти ном бояд аз нав гузаронида шавад, вагарна ҷарима пешбинӣ шудааст.

“Барои ба мактаб қабул кардани кӯдак аризаи падару модар, ҳуҷҷатҳои кӯдак, бақайдгирӣ дар ҷои иқомат, маълумотномаи тиббӣ ва дар сурати мавҷуд будан, ҳуҷҷатҳои таҳсилоти қаблӣ зарур аст”,-навиштааст ин ниҳод.

Шуруъ аз 1-уми апрели соли 2025 дар Русия барои кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз қабул дар мактабҳо, санҷиши ҳатмии донистани забони русӣ ҷорӣ шуд. Дар пайи ин қарор дар сурати нагузаштан аз ин санҷиш, кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои ин кишвар қабул намешаванд ва имтиҳони нав баъди се моҳ иҷозат дода мешавад.

Намояндагӣ ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки пешакӣ шумори ҷой дар мактабҳои ин кишварро муайян карда, ҳуҷҷатҳои заруриро ба қабули фарзандонашон омода кунанд.

Бояд гуфт, омори дақиқи кӯдакони тоқик, ки дар Русия қарор доранд, маълум нест.

Қаблан Раҳим Саидзода, вазири маорифи кишвар аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирон тоҷик дар Русияро нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки баъди баргаштани онҳо ба ватан барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо чанд мушкил низ пеш меояд. Ӯ гуфт, ки танҳо дар соли гузашта 9 ҳазор хонандаи тоҷик аз Русия баргашта дар ватан ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Ахиран як намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирон дар Русия ва баргаштани 9 ҳазор хонандаи тоҷикро боиси нигаронӣ хонда, гуфт, баъзе ҳуқуқҳои кӯдакон, пеш аз ҳама ҳуқуқ ба таҳсил дар ин кишвар поймол мешаванд.

Бояд гуфт, баъди қабули қонун дар бораи санҷиши сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактабҳои ин кишвар, ҳазорҳо кӯдакон аз таҳсил дур монданд. Худи муҳоҷирон низ мегӯянд, ки дар баъзе аз макотиби манотиқи Русия бо баҳонаи надонистани забони русӣ кӯдаконашонро ба мактаб қабул намекунанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор), пас аз ҷорӣ шудани ин қонун, тақрибан 12% аз теъдоди хоҳишмандон барои таҳсил иҷоза пайдо кардаанду халос. Қариб 88 дарсади дигар ё 20 ҳазору 600 кӯдак, аз таҳсил дар макотиби Русия маҳрум шудаанд.

Моҳи марти имсол Думаи давлатии Русия ду лоиҳаи қонунро дар соҳаи муҳоҷирати корӣ қабул кард, ки тибқи он кӯдакони муҳоҷирон, пас аз ба синни 18-солагӣ расидан уҳдадор мешаванд, то дар муддати 30 рӯз қаламрави Русияро тарк кунанд ё барои худ патент ба расмият дароранд.

Инчунин муҳоҷирони корӣ бояд на танҳо барои худ, балки ба ҳамаи аъзои оила, ки дар Русия таҳти саробонии онҳо қарор доранд, дар шакли пешпардохти сабтшуда андоз супоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.