Дар ҳоле, ки сокинони пойтахт аз мушкили фармоиш ва пайдо кардани кирокашҳо, махсусан саҳар – вақти ба кор рафтан ва бегоҳ – вақти аз кор ба хона баргаштан шикоят мекунанд, теъдоде аз кирокашҳое, ки тибқи муқаррароти қонун бояд бо фармоиш ба мусофиркашонӣ машғул шаванд, бо насби навиштаҷоти 8 ва 3 танҳо дар хатсайри автобусҳо ба мусофиркашӣ машғул мешаванд.
Як санҷиши “Азия-Плюс” дар ду нуқтаи шаҳр – нази Маркази савдои “Садбарг” ва маҳаллаи маъруф ба “Қарияи боло” собит кард, ки як қисми кирокашҳои пойтахт бо вуҷуди аъзои ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ будану уҳдадории хадамоти мусофиркашонӣ тибқи фармоиш доштан, фаъолияти ба қавли мақомот “ғайриқонунӣ”-ро интихоб кардаву бо навиштаҷот дар хатсайрҳои хос ва барои худашон муносиб кор мекунанд.
Дар навори зерин, ки ҳамагӣ 40 дақиқа дар ҳарду нуқтаи зикршуда гузошта шуд, бубинед, ки чанд кирокаш бо навиштаҷоти 8 ва 3 мусофиркашӣ мекунанд:








