Тоҷикистон ҷамъоварии андозро аз хадамоти онлайн афзуд. Соли 2025 аз ин соҳа ҳудуди 1,5 млн доллар андоз пардохт шуда, кормандони мақомоти андоз интизор доранд, ки минбаъд он бештар хоҳад шуд.
Зиёда аз 40 ширкати хориҷӣ, ки ба пешниҳоди хидматрасонии электронии фосилавӣ дар Тоҷикистон машғуланд, дар мақомоти андози кишвар худро ба қайд гузоштаанд. Воридоти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аз ин ширкатҳо аз 10,7 млн сомонӣ дар соли 2024 то ба 14 млн сомонӣ дар соли 2025 расидаанд. Дар Кумитаи андоз интизор доранд, ки дар соли 2026 воридоти ин навъи андоз бештар мешавад.
Бино ба маълумоти Кумита, ба ҳолати то 1-уми апрели соли 2026 зиёда аз 40 ширкати хориҷӣ тариқи электронӣ худро дар мақомоти андоз ба қайд гузоштаанд. Ин ҷо сари ширкатҳое сухан меравад, ки хадамоти онлайн пешниҳод мекунанд ва аз корбарон даромад гирифта, лекин дар кишвар дафтари корӣ надоранд.
Ба ин гуна хидматрасониҳо, аз ҷумла пешниҳоди дастрасӣ ба таъминоти барномавӣ ва бозиҳои компютерӣ, китобҳои электронӣ, маводи садову симо, хидматрасонии рекламавӣ дар интернет, хадамоти платформаҳои онлайн, хостинг, номҳои доменӣ, ҳифз ва коркарди маълумот, маъмурисозии сомонаҳо, дастрасӣ ба низомҳои ҷустуҷӯ ва пешбурди омори интернет шомиланд.
Дар Кумитаи андоз зикр карданд, ки таҳвилгарони чунин хадамот метавонанд тариқи онлайн дар мақомоти андози Тоҷикистон ҳамчун супорандагони андоз аз арзиши иловашуда худро ба қайд гузоранд, ҳисоботро дар шакли электронӣ супоранд, андозро ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.

Киҳо барои Netflix ва Google андоз пардохт мекунанд?
Тибқи маълумоти Кумита, агар ширкати хориҷӣ ба шахсони воқеӣ бо шумули соҳибкорони инифродӣ дар Тоҷикистон хидматрасонӣ кунад, андозсупоранда худи ширкати хориҷӣ дониста мешавад. Агар хидматрасониҳо дар Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ё муассисаҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ анҷом дода шавад, агентиҳои андоз харидорони чунин хидматрасониҳо маҳсуб меёбанд.
Дар Кумитаи андоз таъкид доштанд, ки бо мусоидати Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бо намояндагони ширкатҳои бузурги байналмилалии машғул ба пешниҳоди хадамоти электронӣ вохӯриҳои маҷозӣ (виртуалӣ) гузаронида шудаанд. Дар байни онҳо Кумита аз Amazon, Apple Distribution International Limited, Adobe Systems Software Ireland Limited, Booking.com, Google, Facebook, Netflix ва дигар ширкатҳо ном бурд.
Дар ин вохӯриҳо ба ширктаҳо талаботи қонунгузории Тоҷикистон, тартиби тариқи электронӣ ба қайд гузоштан тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар сомонаи Кумитаи андоз, инчунин қоидаҳои пешниҳоди ҳисобот ва пардохти андозҳо шарҳу тавзеҳ дода шудааст.
Ғайр аз ин, аз соли 2021 Кумитаи андоз дар якчанд марҳила ба ин ширкатҳо дар бораи тағйирот дар қонунгузорӣ ва имкони бақайдгузории электронӣ дар мақомоти андоз мактубҳои шарҳу тавзеҳ равона кардааст. Ба иттилои Кумита, аз ширкатҳо вобаста ба мушкилоти бақайдгузорӣ, андозбандии хадамот ва дигар масоили марбут ба ин саволҳо ворид нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Кумитаи андоз изҳор доштанд, ки на ҳамаи хадамоте, ки тариқи интернет фармоиш дода мешаванд, электронӣ шуморида мешаванд. Масалан, фурӯши маҳсулот ё иҷрои корҳо, агар фармоиш онлайн сурат гирифта бошад ҳам, таҳвили маҳсулот ё пешниҳоди хидматрасонӣ бидуни истифодаи интернет сурат мегирад. Инчунин хидматрасониҳо оид ба фурӯши барнома ва бозиҳо дар ҳомилҳои моддӣ, машваратҳо тариқи почтаи электронӣ тибқи қоидаҳои умумӣ низ хидматрасониҳои электронӣ шуморида намешаванд.

Ба истилоҳи дигар, агар интернет танҳо барои фармоиш истифода шуда, худи маҳсулот ё хидматрасониро шахс бо тарзи маъмулӣ (масалан, тариқи таҳвил ё офлайн) гирифта бошад, чунин амалиёт электронӣ шуморида намешавад. Минбаъд чунин амалиёт тибқи қоидаҳои умумӣ андозбандӣ мешавад.
Кумитаи андоз ба кадом саволҳо ҷавоб надод?
Вобаста ба ин мавзӯъ “Азия-Плюс” ба Кумитаи андоз 11 савол фиристод, лекин аз нисф зиёди онҳо бепосух монданд. Аз ҷумла, доир ба масоили зерин низ мо маълумоти бештар мехостем:
– Маблағи умуми воридот ба буҷети давлатӣ аз рӯи “андоз аз Google” дар давраи солҳои 2021-2025 чӣ қадар аст?
– Фарқияти даромади воқеӣ аз ин навъи андоз аз пешгӯиҳо ва интизориҳо чӣ буд?
– “Андоз аз Google” то чӣ андоза ба истеъмолгарони ниҳоӣ дар Тоҷикистон (масалан ба нарху хидматрасниҳо ва дастрасӣ барои корбарон) таъсир мерасонад?
– Оё ҳолатҳои иҷро нашудани уҳдадориҳо аз ҷониби андозсупорандагон буданд ва барои бартараф намудан онҳо Кумитаи андоз чӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад?
– Оё Кумитаи андоз васеъ кардан ё тағйир додани қоидаҳои андозбандии иқтисоди рақамӣ, масалан фарогирии навъҳои идовагии хидматрасонӣ ё тағир додани меъёри анлозбандиро ба нақша гирифтааст?
– Самаранокии механизми мазкури андозбандиро дар партави табдили рақамии иқтисоди Тоҷикистон шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?








