Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон 49,6 млн евро қарзу грант медиҳад. Аз ин, 28 млн евро қарз ва боқимонда кумаки бебозгашт ё грант мебошад. Фоизи солонаи қарз 0,5% буда, бояд давоми 20 сол баргардонида шавад.
Созишномаи қарзиро вакилони Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи парлумон, рӯзи 1-уми апрел ба тасвиб расонданд.
Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молия зимни муаррифии созишнома гуфтааст, ки ҳадафи он коҳиши талафот, беҳтаркунии тартиби пардохти пули барқ ва ҷамъоварии маблағ аз истифодаи барқ мебошад.
Аз Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар доираи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ”, аз БАТР 49,6 млн евро ҷалб шудааст, ки 28 млн евро қарз, 15 млн евро грант ва 6,6 млн евро кӯмаки техникӣ дар шакли грант мебошад.
“Ҳадафи асосии он иваз кардани инфрасохтори кӯҳна, коҳиши талафот, ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ, беҳтарсозии тартиби пардохт ва ҷамъоварии маблағ мебошад”,-гуфтанд аз Вазорати молия.
Аз ин ниҳод зикр карданд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур, навсозии шабакаҳои тақсимоти барқ дар 9 филиали шабакаҳои тақсимоти барқ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар назар буда, татбиқи он аз декабри соли 2025 оғоз шуда, то 30-юми майи соли 2030 идома мекунад.
Ба иттилои вазорат, фоизи солонаи қарзи ҷалбшуда 0,5%+ Eurobir буда, дар 20 сол бояд баргардонида шавад. Аз Вазорати молия гуфтанд, ки 6 соли аввал танҳо фоизи қарз пардохт карда шуда, дар 14 соли оянда қарзи асосӣ бо фоизи он ҳисобӣ карда мешавад.
Тавре аз ин ниҳод шарҳ доданд 0,5%+Eurobir, маънои онро дорад, ки вобаста ба биржаи ҷаҳонӣ дар вақти пардохти қарз ба он фоизи мушаххас илова мешавад. Фоизи Eurobir дар биржа ҳамарӯза иваз мешавад. Масалан агар фоизи қарзи додашуда 0,5% + Eurobir бошад ва рӯзи қарздиҳӣ фоизи Eurobir 0,2% бошад, пас меъёри фоизи қарз 0,7% хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки созишномаи мазкурро, рӯзи 4-уми декабри соли гузашта Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Холгер Вифел, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон имзо карда буданд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ироаи паёми худ дар парлумон гуфт, ки талафоти нерӯи барқ дар кишвар давоми 11 моҳи соли 2025-ум 3 миллиард кВт соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион кВт соат кам шудааст.
Раисҷумҳур таъкид кард, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд”.
Коршиносон талафоти нерӯи барқро ба таъмирталаб будани тронсформатору зеристгоҳҳо ва симчӯбҳо рабт дода мегӯянд, ки бояд иваз шаванд то дар интиқоли нерӯи барқ мушкилӣ ба вуҷуд наояд. Ҳарчанд масъулин мегӯянд сатҳи талафоти нерӯи барқ дар каишвар ба 13% кам шудааст, вале коршиносон мегӯянд, ки талафот ба маротиб зиёд аст.

