БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ” ба Тоҷикистон 43,0 миллион евро қарзу грат медиҳад. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар дода, гуфтааст, ки созишномаҳо барои дарёфти ин маблағро рӯзи 4-уми декабр дар Душанбе Файзиддин Қаҳҳорзода, раҳбари ин ниҳод ва Холгер Вифел, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон имзо […]

Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ” ба Тоҷикистон 43,0 миллион евро қарзу грат медиҳад.

Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар дода, гуфтааст, ки созишномаҳо барои дарёфти ин маблағро рӯзи 4-уми декабр дар Душанбе Файзиддин Қаҳҳорзода, раҳбари ин ниҳод ва Холгер Вифел, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон имзо карданд. 

Ба гуфтаи манбаъ, аз 43 миллион евро 28 миллионашро маблағҳои қарзӣ ва 15 миллиони дигарро маблағҳои грантии Фонди сармоягузории Осиё-Уқёнуси Ороми Иттиҳоди Аврупо ташкил медиҳад.

Ба қавли Вазорати молия, ҳадафи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ” мусоидат дар навсозии инфрасохтори ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.

Кӯмаки БАТР дар ҳолест, ки имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон мегӯянд, “лимит”-и барқ шадидтар шуда, дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешавад.

Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ мекунанд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медиҳанд.

Дар пайи ин, "Шабакаи тақсимоти барқ", ки масъули тақими барқ дар кишвар аст, бо ирсоли як паёмаки телефонӣ ба аҳолӣ ҳушдор додааст, ки "дар сурати истифодаи зиёда аз 4 киловат (кВт) барқ дар хона интиқоли барқ ҳудуди 30 дақиқа ба таври худкор (автоматӣ) қатъ мешавад".

Муфассал дар бораи маҳдудияти барқ дар кишвар, тартиби таъмини он ва талаби мақомот аз сокинон дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед: “Барқро дар як вақт аз 5 кВт зиёд истифода накунед”. Ҷузъиёти қарори расман ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.