Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст

Айбдоркунандаи давлатӣ (додситон) ба Сайфулло Азимов, яке аз гумонбари куштори пурсарсуадои модар бо се фарзанди ноболиғаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст. Дар ин бора як манбаъи огоҳ аз мурофиаи додгоҳӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ки мурофиаи охирин ду рӯз пеш, 3-юми декбар дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шуд. Ба гуфтаи манбаъ, дар курсии айбдоршаванда, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Айбдоркунандаи давлатӣ (додситон) ба Сайфулло Азимов, яке аз гумонбари куштори пурсарсуадои модар бо се фарзанди ноболиғаш дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст.

Дар ин бора як манбаъи огоҳ аз мурофиаи додгоҳӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ки мурофиаи охирин ду рӯз пеш, 3-юми декбар дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар курсии айбдоршаванда, ду гумонбар – Сайфулло Азимови 32-сола ва Нуъмон Саидови 16-сола нишастаанд. Аммо мурофиаи онҳо аз ҳамдигар ҷудо баргузор мешавад.

“Аз ин пеш ҳам чанд мурофиа баргузор шудаву шоҳидон пурсида шуда буданд. Аз ҷумла, дар як мурофиа Сайфулло Азимов ва Нӯъмон Саидовро рӯбарӯ карданд. Ноболиғ гуфт, ки Азимов ӯро ба ин кор водор кардааст. Онҳо ҳарду доруи мадҳушкунанда хӯрда, даст ба куштор задаанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тибқи иттилои манбаъ, Нӯъмон Саидов дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф шуда гуфтааст, ки “ба Шаҳло Назарова, модари оила 17 корд ва ба Ҳабиба Иброҳимова, духтари 17-солаи ӯ 16 корд задааст”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Сайфулло Азимов “ба куштори Ҳамида (синфи 8) ва Шараф (синфи 6), фарзандони Шаҳло Назарова айбдор гаштааст”. Маълум нест, ки ӯ дар додгоҳ ба ин иттиҳом чӣ гуфтааст.

“Дар мурифиаи рӯзи 3-юми декабр Ҳалим Иброҳимов, падари ин оила, баромад карда, аз додгоҳ хостааст, ки ба Сайфулло Азимов ҳукми абад диҳад”, – гуфт манбаъи мо.

Ин нуктаро Ҳалим Иброҳимов низ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Ба "Азия-Плюс" муяассар нашуд, ки дар робита ба ин парванда назари Додситонии кул ва Додгоҳи олиро гирад.

Ҳамчунин, назари пайвандон ва вакили дифои гумонбар дар робита ба парванда маълум нест. Манбаъи мо гуфт, наздикони муттаҳамон дар мурофиаи охир ширкат накардаанд. Маълум нест, ки дар мурофиаҳои қаблӣ ҳузур доштаанд  ё не.

Дар назар аст, ки дар мурофиаи оянда ҳукми додгоҳ нисбати Сайфулло Азимов эълон шавад, вале рӯзи баргузории он маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, манбаъи мо гуфт, мурофиаи гумонбари дуввум Нуъмон Саидов ба таври ҷудогона аз муттаҳами якум дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мегузарад. Ҳоло парвандаи ӯ ба куҷо расидааст, маълум нест.

Наздикони Саидов, аз ҷумла модараш, ки қаблан бо “Азия-Плюс” суҳбат карда буд, ба зангҳои пайдарпаи мо посух надод.

Қаблан, Маърифат Мирзоева, модари Нӯъмон Саидови 16-сола қаблан дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” иттиҳоми даст доштани писараш дар ин кушторро рад карда, гуфта буд, “ӯ ба чунин кор даст зада наметавонист”.

 

Ҷузъияти  бадастовардаи “Азия-Плюс” дар робита ба ин қазия

Куштори пурсарусадои як зан ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳия Рӯдакӣ шаби 5-ум ба 6-уми сентябр содир шуда, пас аз ду рӯз, 8-уми сентябр расонаӣ гардид. Баъди ин куштори мармуз сокинони деҳа ба тарсу изтироб афтоданд ва атрофи он сарусадо зиёд шуд. Як рӯз баъд аз ба хок супоридани ҷасадҳо, хабарнигорони “Азия-Плюс” ба ин деҳа рафтанд ва бо ҳамсояҳои хонадони кушташуда суҳбат карданд.

Дертар, Ҳалим Иброҳимов, падари ин хонавода, ҳам бо “Азия-Плюс” суҳбат карда, баъзе ҷузъиёти қатли ҳамсар ва се фарзандашро, бо такя ба гуфтаҳои пайвандону ҳамсояҳо ва мақомот, ошкор кард.

Ҳалим Иброҳимов гуфта буд, Сайфулло Азимов ҳамсояаш аст, ки як хона болотар аз хонаи ӯ хона дорад. Нуъмон Саидов аз пайвандони Сайфулло Азимов аст, вале дар деҳаи дигар зиндагӣ мекунад.

“Оилаи Сайфулло бо оилаи мо рафтуомад доштанд. Ӯ ба ман даст пеши бар “акои Ҳалим” гуфта, муроҷиат мекард. Аз мо ҳезуму ширу ҷурғот мегирифтанд. Зану модараш ба хонаамон меомаданд. Аз ҳолу асрори мо огоҳ буданд. Душмание надоштем ва вақте аз боздошти ӯ огоҳ шудам, дар оғоз бовар накардам”, – қаблан гуфта буд Иброҳимов.

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳам расман тасдиқ карда буд, ки дар куштори чаҳор узви як оила дар ноҳияи Рӯдакӣ ду гумонбар боздошт шудаанд.

Рӯзноманигори “Азия-Плюс” қаблан аз вазъи зиндагӣ ва рӯҳияи сокинони деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш омода карда буд, ки онро дар пайванди зерин хонда метавонед: “Дару тирезаҳои баста ва кӯчаҳои холӣ. Гузориш аз деҳае, ки зан ва се фарзанди ӯро кушта пайдо карданд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио