Зан ва се фарзанди кушташудаи ӯро дар Рӯдакӣ ба хок супурдаанд. Ҷасади онҳо баъди ду рӯзи марг пайдо шудааст

Ҷасади як зан ва се фарзанди ӯ, ки дар хонаашон, дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ мурда пайдо гардиданд, дирӯз, 9-уми сентябр ба хок супурда шуданд. Аммо то ҳол мақомот шарҳ надодаанд, ки ин модар ва се фарзанди ӯ дар кадом шароит ҷон бохтаанд ва оё дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт шудааст ё не. […]

Asia-Plus

Ҷасади як зан ва се фарзанди ӯ, ки дар хонаашон, дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ мурда пайдо гардиданд, дирӯз, 9-уми сентябр ба хок супурда шуданд. Аммо то ҳол мақомот шарҳ надодаанд, ки ин модар ва се фарзанди ӯ дар кадом шароит ҷон бохтаанд ва оё дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт шудааст ё не. Ва ин марги мармузу сукути мақомот сокинони деҳаро тарсонидааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба нақли ҳамсояҳои ин оила менависад, ки ҳодиса шоми ҷумъаи 5-уми сентябр рух додааст. Он рӯз ҳамсояҳо бори охир ин занро дидаанд. Онҳо гуфтаанд, ҷасади модару ду духтар ва як писарашро баъди ду рӯзи марг пайдо кардаанд.

“Номи зан Шаҳло аст. Духтаронаш Ҳабиба ва Ҳамида ва писараш Шараф ном доштанд. Писар синфи 6 ва духтаронаш дар синфи 9 ва 10 таҳсил мекарданд. Шавҳари зан дар муҳоҷирати кор буд, баъди ҳодиса ба Тоҷикистон омад. Шаби ҳодиса зан бо ҳамин се фарзандаш дар хона будаанд”, – гуфтаанд ҳамсояҳои ин зан ба Радиои Озодӣ.

Ин расона менависад, шавҳари зан аз Русия ба ҳамсояҳо занг зада гуфтааст, ки ба хонааш раванд, чун телефони хонаводааш кор намекунад.Ӯ хоҳиш кардааст, ки “”як бор бинед ку дар куҷо бошанд”.

“Вақте зани ҳамсоя бо як ҳамсояи дигар вориди хона мешаванд, мебинанд ҳама ҷо кофтагӣ, бӯйи ғализ мебарояд. Як ҷойгаҳро мебинанд, ки писараш даҳонаш бо “скотч” печонидагӣ, мурдааст. Доду фарёд карда, мебароянд. Баъд милиса омада, дар хона ҷасадҳоро мебинанд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти расмӣ изҳороте нашр накардаанд. Маълум нест, ки ин зан ва се фарзанди ӯ дар чӣ шароит ҷон додаанд ва оё дар робита ба ин касе гумонбар аст ё боздошт шудааст ё не.

Сукути мақомот сокинони деҳаро ба ҳолати тарс овардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинон аз марги мармузи зану фарзандони ӯ менависанд.

Ҳамчунин, наворҳое нашр гардид, ки дар он гуфта мешавад, зан ва фарзандони кушташудаи ӯ дар деҳаи Дарёобод ба хок супорида шуданд.

Бояд гуфт, ин ҳодиса шабеҳи кушторҳои соли гузашта дар Конибодом мармуз аст. Дар ин шаҳр давоми қариб як сол 23 аъзои 7 оила кушта шуд. Кушторҳои пайдарпай ва мармузу шабеҳ сокинони ин шаҳрро дар ҳолати тарс нигоҳ медошт.

Ниҳоят, 21-уми декабри соли 2024, пас аз 9 моҳ аз оғози кушторҳои пурасрор Додситонии кул бо нашри як изҳорот хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайдарпай дар Конибодом, чаҳор нафар боздошт ва ба щукми абад мащкум шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.