“Ин ҷиноят ва буздилӣ аст”. Исроил ба дафтари Ҳамос дар Қатар зарба зад

Исроил ба биное дар Давҳа, пойтахти Давлати Қатар, ки онҷо ҷаласаи роҳбарони гурӯҳи фаластинии Ҳамос баргузор мешуд, бо мушак зарба зад. То ҳол дақиқ нест, ки дар пайи ин зарба чанд нафар ва кадоме аз роҳбарони ин гурӯҳ кушта шудаанд. Давлати Қатар ин зарбаи Исроилро “ҷиноят ва буздилӣ” номид. Артиши Исроил дирӯз, 9-уми сентябр, эътироф […]

Asia-Plus

Исроил ба биное дар Давҳа, пойтахти Давлати Қатар, ки онҷо ҷаласаи роҳбарони гурӯҳи фаластинии Ҳамос баргузор мешуд, бо мушак зарба зад. То ҳол дақиқ нест, ки дар пайи ин зарба чанд нафар ва кадоме аз роҳбарони ин гурӯҳ кушта шудаанд. Давлати Қатар ин зарбаи Исроилро “ҷиноят ва буздилӣ” номид.

Артиши Исроил дирӯз, 9-уми сентябр, эътироф кард, ки ба маҳалле дар шаҳри Давҳа зарба задааст ва ҳадафи он роҳбарони гурӯҳи Ҳамос будааст. Ҳамос гурӯҳи фаластиниест, ки дар навори Ғазза муқобили ишғолгариҳои Исроил меҷангад. Ин гурӯҳро Исроил, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд.

Артиши Исроил гуфт, “амалиёт” дар якҷоягӣ бо ШАБАК – хадамоти амният ва иктишоф гузаронида шуд.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар шабакаи Х навишт, ки “амалиёт”-и имрӯза кори дасти Исроил аст.

“Исроил  ташаббус кард, Исроил татбиқ кард ва Исроил масъулиятро ба таври комил ба зимма мегирад”, – навишт Нетаняҳу.

Яке аз манобеи баландпояи Ҳамос ба телевизиони “Al Jazeera” гуфтааст, “роҳбарони гурӯҳ дар Давҳа пешниҳоди ахири Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар бораи оташбас дар Ғаззаро баррасӣ доштанд”.

Расонаҳои Исроил навиштанд, ки Трамп барои зарба ба Ҳамос дар Қатар “чароғи сабз” нишон дода буд.

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, миёни кушташудагон Холид Машъал, яке аз роҳбарон ва масъули равобити хориҷии Ҳамос низ ҳаст. Исроил 28 сол пеш, соли 1997 ҳам талош карда буд Машъалро дар Урдун кушад. Аммо то ҳол дар мавриди куштори роҳбарони Ҳамос маълумоти тасдиқшуда ироа нагардидааст. Ҳамос ва Исроил ҳам аз кушташудагон ном набурдаанд.

 

Баъзе расонаҳои арабӣ навиштанд, ки дар замони зарба ба дафтари Ҳамос дар Қатар Халил Ҳаё, музокиракунандаи аслии ин гурӯҳ ва роҳбари он дар Ғазза, Зоҳир Ҷабборин, роҳбари гурӯҳ дар соҳили Ғарбӣ, Муҳаммад Дарвеш, раиси Шӯрои Ҳамос низ дар он ҷо будаанд.

Аммо баъзе расонаҳо кушта шудани ҳайати музокиракунандаи Ҳамосро рад мекунанд. Аз ҷумла, Суҳайр ал Ҳиндӣ, узви бюрои сиёсии Ҳамос ба “Al Jazeera” гуфтааст, Халил Ҳаё кушта нашудаст, балки писар ва се муҳофизи ӯ кушта шудаанд. Ҳамчунин, ӯ гуфтааст, роҳбарони Ҳамос низ дар амонанд.

Дар ҳамин ҳол, Маҷид ал Ансорӣ, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар ҳамлаи Исроил ба қаламрави кишварашро “ҷиноят ва буздилӣ” номида, онро маҳкум кард.

“Ин ҳамлаи ҷиноятӣ ба таври дурушт поймол кардани ҳама қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ва хатари ҷиддӣ ба амнияти сокинони Қатар аст”, – зикр кард Маҷид ал Ансорӣ.

Ӯ илова намуд, ки Қатар рафтори бепарвоёнаи Исроил ва халалдор гардидани амнияти минтақаро таҳаммул нахоҳад кард. Ба қавли ӯ, Қатар ин рафтори Исроилро “дар болотарин сатҳ” таҳқиқ хоҳад кард.

Ёдовар бояд шуд, ки Қатар аз муттаҳидони Амрико дар минтақа аст ва чанд сол аст талош дорад аз худ чун миёнҷии муваффақ дар ҳалли низоъҳо нишон диҳад. Гуфтушунид миёни роҳбарони Ҳамос ва Исроил ҳам бо миёнҷии ин кишвар ва чанд давлати дигар идома дошт. Ҳамос дар ин кишвар дафтари сиёсии худро дорад.

Амири Қатар чанде пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар болотарин сатҳ пазироӣ карда, ба ӯ тайёраи гаронбаҳо туҳфа ва миллиардҳо доллар сармоягузорӣ ваъда кард. Аммо Доналд Трамп то ҳол ба ин ҳамлаи Исроил, муттаҳиди аслиаш дар Ховари Миёна ба Давҳа вокуниш накардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.