Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Идибеки Саид, asia+

Рӯзи гузашта, 4-уми май пас аз оғози “иқдоми башардӯстона”-и Амрико, ки ҳадафашро “убури амн”-и нафткашҳои бандмонда дар тангаи Ҳурмуз хонд, вазъ атрофи ин оброҳаи муҳим, ки чоряк дарсади нафти ҷаҳон аз он мегузарад, печидатар ва мураккаб шуд.

Рӯзи 5-уми май Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт, ки ба як нафткаш ва таъсисоти нафташ ҳамла шудааст ва дар он Эронро мутаҳҳам кард. Эрон ҳоло расман ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст. Мақомоти Эрон ба мудирияти тангаи Ҳурмуз таъкид карда, ба нафткашҳо ҳушдор додааст, ки агар бе иҷозати нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ ҳаракат кунанд, мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ, ки роҳбари ҳайати эронӣ дар музокироти Исломобод бо Амрико буд, дар вокуниш ба иқдоми Вашингтон дар тангаи Ҳурмуз гуфт, “мо хеле хуб медонем, ки идомаи вазъи мавҷуда барои Амрико таҳаммулнопазир аст ва мо ҳанӯз оғоз накардаем”.

Тангаи Ҳурмуз, акс аз Getty Images
“Роҳкори ҷадиди тангаи Ҳурмуз дар ҳоли барқарор шудан аст. Амнияти киштиронӣ ва тронзити энержӣ ба дасти Амрико ва муттаҳидонаш бо нақзи оташбас ва амалҳои муҳосира ба хатар афтода аст”, – навиштааст Қолибоф дар саҳифаи “Х”-и худ.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз эълони худ барои берун овардани нафткашҳои бандамонда дар тангаи Ҳурмуз, рӯзи гузаштаи 4-уми май таҳдид карда буд, ки агар Эрон ба киштиҳои амрикоӣ ҳамла кунад, “аз рӯи замин маҳв хоҳад шуд”.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба иқдоми Амрико навишт, “тарҳи “озодӣ”-и Трамп дар тангаи Ҳурмуз дар ҳақиқаи “тарҳи бунбаст” аст”.

“Муодилаи нави тангаи Ҳурмуз дар ҳоли барқарор шудан аст. Амнияти киштиронӣ ва транзити энерҷӣ аз ҷониби ИМА ва муттаҳидонаш бо нақзи оташбас ва ҷорӣ кардани муҳосира зери хатар гузошта шудааст; Албатта, шаррашон кам хоҳад шуд””, – навиштааст Ароқчӣ дар саҳифаи “Х”-и худ.

Ҳамлаҳо ба Иморот ва таркиш дар яке аз бандарҳои Эрон

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 5-уми май Иморот эълом кард, ки ба як нафткаш ва як таъсисоти нафтиаш дар Фуҷайра ҳамлаи паҳподӣ шудааст. Ба иттилои мақомоти ин кишвар дар пайи оташсӯзӣ дар таъсисоти нафт се табааи ҳинд захмӣ шудааст.

Бандари Дери Эрон, акс аз "Меҳр"

Иморот эълон кардааст, ки “12 мушаки балистикӣ, 3 мушаки круз ва 4 паҳпод”-ро раҳгирӣ кардааст ва иддао кардааст, ки онҳо аз сӯйи Эрон партоб шуда буданд. Эрон расман дар бораи ҳамла вокуниш накардааст ва ба уҳда нагирифтааст. Иморот мегӯяд, ҳаққи қонунии посух ба ин ҳамларо дорад.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки миёнҷии музокироти Эрону Амрико аст, ҳамла ба Иморотро маҳкум карда, ду тарафро ба риояи оташбас даъват кардааст.

Ҳамчунин, дар тангаи Ҳурмуз рӯзи гузашта як нафткаши Куриёи Ҷанубӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории эронии “Меҳр” аз оташсӯзӣ дар қаиқҳои тиҷорӣ дар Бандари Дер хабар дод. Ба навиштаи ин расона сабаби ин оташсӯзӣ маълум нест.

Доналд Трамп иддао кардааст, ки 7 қаиқи ҷангии Эронро нобуд кардааст. Брэд Купер фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико тасдиқ кардааст, ки аз сӯйи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мушаку паҳпод шилик шудааст ва иддао кардааст, ки “қаиқҳои Эрон, ки барои киштиронӣ монеа эҷод мекарданд, ҳадаф қарор гирифтаанд”. Сипоҳи посдорон ин иддаоро рад кард.

Брэд Купер, фармондеҳи баландмақоми Амрико ба суоли ин ки оё дар пайи ҳамлаҳои Эрон оташбаси эълоншуда дар рӯзи 8-уми апрел нақз шуд ё на, посухе надод.

Нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорон нақшаи наверо дар тангаи Ҳурмуз расонаӣ кард ва гуфт, минтақаи муайяншуда таҳти “идора ва мудирият”-и нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аст.

“Аз ҷануби хати байни куҳи Муборак дар Эрон ва ҷануби Фуҷайра дар Иморот. Аз ғарб хати байни поёни ҷазираи Қашм дар Эрон ва Умул Қавин дар Иморот”, – омадааст дар баёнияи Сипоҳ.

Тангаи Ҳурмуз, акс аз Getty Images

Ин нақшаи назорат дар ин гулӯгоҳ дар ҳоле нашр шуд, ки Амрико рӯзи душанбеи 4-уми май хабар дод, ки нафткашҳои бандмонда дар тангаи Ҳурмузро берун мекунад.

Артиши Эрон эълом кард, ки нерӯҳои дарёӣ монеи новшиканҳои Амрико ба минтақаи муайянашудаи тангаи Ҳурмуз шудааст.

Рӯзи гузашта нерӯи дарёии артиши Эрон эълон карда буд, ки ба самти новшиканҳои амрикоӣ шиллики ҳушдордиҳанда анҷом додааст.

Вале, дар ин баробар Сипоҳ ҳушдор додааст, ҳар киштие, ки бе иҷозаи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон талоши гузаштан аз тангаи Ҳурмузро мекунад, “ҳадаф қарор гирифта ва нобуд хоҳад шуд”.

Фармондеҳи марказии Амрико пештар гуфта буд, ки ду киштӣ бо парчами ин кишвар тангаи Ҳурмузро убур кардааст. Сипоҳи Эрон ин иддаоро рад кардааст. Хабаргузории “Форс” бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки ин ду киштӣ дар соҳилҳои Уммон буда, “тавони хуруҷ ё бозгашт аз ин қисматро надоранд”.

Гуфтугузорҳо атрофи тангаи Ҳурмуз дар ҳоле аст, ки Эрон мегӯяд,дар ҳоли баррасии посухи Амрико ба пешниҳоди 14-бандии худ аст, ки аз тариқи Покистон дарёфт кардааст. Пешниҳоди Эрон чанд рӯз пеш боз ҳам тавассути Покистон ба Амрико ирсол шуд. Баъзе расонаҳо навиштанд, дар пешниҳоди ироакардаи Эрон зикр мешавад, ки “ба ҷанг хотима дода тангаи Ҳурмуз боз шавад, аммо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон баъдан музокирот идома ёбад”. Мақомоти расмии Эрон ва Амрико инро шарҳ надоданд, вале Доналд Трамп он пешниҳодро “ғайри қобили қабул” хонда буд.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.