Доналд Трамп тарҳи “убури амн”-и киштиҳо аз тангаи Ҳурмузро боздошт

Ӯ як рӯз пеш аз оғози ин иқдом хабар дода буд.

asia+

Доналд Трамп, раисҷумури Амрико, шаби гузашта эълон кард, ки тарҳи “убури амн”-и киштиҳо аз тангаи Ҳурмузро, ки бояд бо пуштибонии нерӯҳои амрикоӣ анҷом мешуд, боздоштааст. Ӯ танҳо як рӯз пеш, аз оғози ин иқдом, ки онро “тарҳи озодӣ” ном мебурд, хабар дода буд.

Раисҷумҳури Амрико дар саҳифаи “Truth Social”-и худ изҳор дошт, ки тасмими боздошти ин тарҳро “бо дархости Покистон ва якчанд кишвари дигар”, инчунин,  ба далели “пешрафти назаррас дар масири дастёбӣ ба як созиши ниҳоӣ бо намояндагони Эрон” гирифтааст.

Ӯ иддао кард, ки “ба таври мутақобил” бо Эрон “мувофиқа шудааст”, ки “тарҳи озодӣ” (интиқоли киштиҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмуз) “барои муддати кӯтоҳе боздошта шавад то мушаххас гардад, оё ин созиш (-и хатми ҷанг) метавонад такмил ва имзо шавад, ё не”. Аммо ӯ афзудааст, ки муҳосираи баҳрии бандарҳои ҷанубии Эрон ҳамчунон идома меёбад. 

Дар ҷараёни як рӯзи тарҳи кумак ба убури нафткашҳои бандмонда дар оброҳаи Ҳурмуз, нерӯҳои амрикоӣ иддао карданд, ки ду киштии тиҷоратиро аз ин гулӯгоҳ берун бурдаанд. Вале Эрон ин иддаоро рад кард.

Ҳамчунин, коршиносон ва нозирони тиҷорати баҳрӣ гуфта буданд, ки бидуни созиш ва музокирот бо Эрон, лоиҳаи Доналд Трамп чандон муваффақ шуда наметавонад.

Расонаҳои Эрон дар вокуниш ба таваққуфи “тарҳи озодӣ”-и раисҷумҳури Амрико навиштаанд, ки ӯ пас аз “нокомиҳои пайваста” дар талошҳояш барои бозгушоии гулӯгоҳи Ҳурмуз “ақибнишинӣ кардааст”.

Қаблан, Аббос Арақчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дирӯз гуфта буд, ки аз назари ӯ “торҳаи озодӣ” аслан “тарҳи бунбаст” аст.

Ҳамчунин, Иморот эълом кард, ки пас аз оғози “тарши озодӣ”-и Трамп ба як нафткаш ва як таъсисоти нафтиаш дар Фуҷайра ҳамла шуда, боисиҷароҳати се шаҳрванди Ҳинд гардидааст. Иморот ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, ки ҳаққи қонунии посухгӯйӣ ба онро дорад.

Ҳачунин, ин кишвар иддао кард, ки дар ду шаби гузашта бо чандин мушаку паҳподи аз Эрон партоб шуда муқобила кардааст.

Аммо Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи гузашта эълон кард, ки дар рӯзҳои гузашта ҳеҷ амалиёти мушакӣ ва паҳподи алайҳи Иморот анҷом надодааст. Қароргоҳи марказии “Хотамуланбиё”-и Сипоҳи Посдорон, ки идораи умури марбут ба ҷангро дар даст дорад, ҳушдор дод, ки агар аз хоки Иморот ба бандару ҷазираҳо ва соҳилу хоки Эрон ҳамлае сурат гирад, “посухи кӯбандаву пушаймонкунандае” ба он хоҳад дод.

Бештар ин ҷо хонед: Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.