Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Таҳияи Идибеки Саид, asia+

Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ҳамла таҳдид мекунад, баръакси ин дар хусуси шартҳои ду ҷониб барои азсаргирии музокирот хабарҳо нашр мешавад.

Хабаргузории ниммарасимии “Форс” рӯзи 17-уми май навишт, ки Амрико дар посух ба тарҳи 14-бандии Эрон панҷ шарти худро барои азсаргирии музокирот тариқи миёнҷии Покистон ба Теҳрон расондааст.

Ин пешниҳод тавассути Муҳсин Нақвӣ, вазири корҳои дохили Покистон, ки барои азсаргирии музокирот 16-уми май ба Эрон сафар карда буд, ирсол шудааст.

Доналд Трамп, акс аз Reuters

“Форс” навишта буд, ки Амрико дар посух ба пешниҳоди Эрон панҷ шарт таъйин кардааст:

– напардохтани товони ҷангӣ ба Эрон;

– таҳвили урани ғанишуда;

– ҳифзи танҳо як маркази ҳастаӣ;

– напардохтани ҳатто 25 дарсад аз дороиҳои бандшудаи Эрон;

– тавқифи ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо вобаста ба музокирот.

Ин расона навишт, ки “ҳатто дар сурати иҷро шудани ин шартҳо аз сӯи Эрон, таҳдиди ҳамлаи Амрико ва Исроил ҳамчунон побарҷо хоҳад буд”.

Акс аз AFP

“Форс” дар баробари шартҳои Амрико, панҷ шарти Эронро низ барои азсаргирии музокирот эълом кардааст:

– поёни ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо, ба вижа Лубнон;

– рафъи таҳримҳо;

– озодсозии пулҳои бандшудаи Эрон;

– ҷуброни хисороти ҷангӣ;

– пазириши ҳаққи ҳокимияти Эрон бар тангаи Ҳурмуз.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар посух ба 5 пешниҳоди Амрико гуфтааст, ки “ҳафтаи гузашта алорағми инки тарафи амрикоӣ ба сурати ошкор эълом карданд, ки ин тарҳ (тарҳи 14-бандӣ) рад карда шудааст, мо аз тариқи миёнҷии покистонӣ маҷмуаи нукот ва мулоҳизоти ислоҳии онҳоро дарёфт кардем. Рӯзи баъд аз ирсоли тарҳамон, бо маҷмуае аз пешниҳодҳои тарафи муқобил рубарӯ шудем… Музокирот бо миёнҷии покистонӣ идома дорад”.

Бақоӣ ҳамчунин, дар бораи ғанисозии уран, ки сабаби аслии ихтилоф миёни Эрон ва Амрико аст, гуфтааст, ки “ҳақи Эрон барои ғанисозӣ бар асоси Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ба расмият шинохта шудааст”.

Исмоил Бақоӣ

Дар ҳамин ҳол, дар чанд рӯзи охир Доналд Трамп бо такрори он ки шартҳои Эрон “ғайри қобили қабул” аст, борҳо Эрон ба ҳамла таҳдид кард. Аз ҷумла, ӯ 17-уми май дар дар шабакаи “Truth Sosial”-и худ иддао кард, ки “фурсат барои Эрон дар ҳоли тамом шудан аст ва агар ба суръат амал накунанд, чизе аз онҳо боқӣ нахоҳад монд”.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон ва роҳбари тими музокиракунандаи ин кишвар қаблан навишта буд, ки Ҷумҳурии Исломӣ “ба ҳар сенарияи эҳтимолӣ омода аст”.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо менависанд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико сешанбеи 19-уми май барои баррасии охирин таҳавулоти марбут ба ҷанги Эрон бо мушовирони амниятӣ ва низомии кобинаи худ дар Кохи Сафед ҷаласа баргузор мекунад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.