Трамп: Барои убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз иқдом мекунем. Эрон: Ба ҳар нерӯе, ки наздик шавад, ҳамла мекунем

Эрон мегӯяд посухи Амрикоро ба тарҳи 14-бандӣ дарёфт кардааст.

Идибеки Саид, asia+

Раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки барои убури киштиҳои дар тангаи Ҳурмуз бандмонда “иқдом” мекунад. Нерӯҳои Ҷумҳурии Исломӣ таъкид карданд, мудирияти ин танга дар дасти онҳост ва ҳушдор доданд, ки ҳар нерӯи бегона агар ба он наздик шавад мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон мегӯянд, ба пешниҳоди худ аз сӯйи Амрико посух гирифтаанд ва дар ҳоли баррасии он ҳастанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби 3-юми май эълон кард, ки қасд дорад барои убури киштиҳои бандмонда дар тангаи Ҳурмуз “иқдом” кунад. Ӯ ин тарҳро “тарҳи озодӣ” ва иқдоми “башардӯстона” хонда, гуфт, субҳи душанбеи 4-уми май оғоз мешавад.

Трамп дар саҳифаи “Truth Social” навишт, “барои хайр ва салоҳи Эрон, Ховари Миёна ва Иёлоти Муттаҳида, ба ин кишварҳо (кишварҳое, ки киштиҳои онҳо дар ин гулӯгоҳ банд мондаанд – шарҳи идора) гуфтаем, ки киштиҳои онҳоро ба таври амн аз ин оброҳҳои маҳдудшуда ҳидоят хоҳем кард то битавонанд озодона ба фаъолияти худ идома диҳанд”. Ӯ ҳамчунин, аз “гуфтугӯҳои бисёр мусбат” бо Эрон хабар дод.

Ба таъкид ӯ, ин киштиҳо мутааллиқ ба кишварҳое ҳастанд, ки “ба ҳеҷ ваҷҳ даргири таҳаввулоти кунунии Ховари Миёна нестанд” ва изҳор доштааст, ки Амрико “талоши ҳаддиаксар”-ро барои хуруҷи амни киштиҳо ва сарнишинони онҳо “анҷом хоҳад дод”.

Раисҷумҳури Амрико ин иқдомро “як ҳаракати башардӯстона аз сӯи Амрико, кишварҳои Ховари Миёна ва ба вижа Эрон” хонда, гуфтааст, “бисёре аз ин киштиҳо бо камбуди ғизо ва дигар маҳсулоти зарурӣ барои сарнишинон рубарӯ ҳастанд”.

Трамп гуфтааст, ҳаргуна мудохила дар ин раванди башардӯстона “бо посухи қотеъ” рубарӯ хоҳад шуд.

Доналд Трамп, акс аз АР

Фармондеҳи марказии Амрико ё СЕНТКОМ эълом карда аст, ки барои иҷрои ин тарҳ “новшиканҳои муҷаҳҳаз ба мушаки ҳидоятшаванда, беш аз 100 чархболу киштӣ, паҳпод ва ҳудуди 15 ҳазор нерӯи низомӣ” сафарбар кардааст.

Эрон низ бо таъкид бар мудирияти тангаи Ҳурмуз ҳушдор дод, ки ин иқдом натиҷае намедиҳад.

Алӣ Абдуллоҳӣ, фармондеҳи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Эрон вокуниш карда, таъкид кард, ки “тангаи Ҳурмуз дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ мебошад ва дар ҳар шароите ҳаргуна убур ва мурури амн, бо ҳамоҳангии нерӯҳои мусаллаҳ сурат мегирад”.

“Ҳушдор медиҳем, ҳар нерӯи бегона, бахусус артиши мутаҷовизи Амрико, чунончӣ қасди наздик шудан ва фуруд ба тангаи Ҳурмузро дошта бошанд, мавриди ҳуҷум қарор хоҳанд гирифт”, – гуфтааст Алӣ Абдуллоҳӣ.

Алӣ Абдуллоҳӣ, акс аз манобеи боз

Ба таъкиди ӯ ин иқдоми Амрико “ҷуз печидатар шудани вазъият ва ба хатар афтодани амнияти шиноварҳо” натиҷае нахоҳад дошт.

“Мо бо тамоми тавон амнияти тангаи Ҳурмузро ҳифз ва пурқудрат мудирият мекунем ва ба тамоми киштиҳои тиҷорӣ ва нафткаш эълом мекунем, аз ҳаргуна иқдоме барои ҳаракати бидуни ҳамонҳангии нерӯҳои мусаллаҳи мустақар дар тангаи Ҳурмуз худдорӣ кунанд, то амнияти онҳо ба хатар наафтад”, – омадааст дар баёнияи Хотамуланбиё.

Иброҳим Азизӣ, раиси Кумитаи амнияти миллии порлумони Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Форс бо навиштаҳои мутаваҳҳимонаи Трамп мудирият нахоҳад шуд”.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон имрӯз гуфт, “ширкатҳои киштиронӣ хеле хуб медонанд, ки таъмини амнияти онҳо ҳамоҳангӣ бо Эронро тақозо мекунад”.

Ӯ афзуд, ки “Эрон нишон додааст, ки худро посдор ва нигаҳбони тангаи Ҳурмуз ва ин оброҳи муҳим медонад”.

Бояд гуфт, ҳудуди чоряк ҳиссаи нафти ҷаҳон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад.

Гуфтугузорҳо атрофи ин танга дар ҳоле аст, ки Эрон мегӯяд, посухи Амрико ба пешниҳоди 14-бандии худро аз тариқи Покистон дарёфт кардааст ва дар ҳоли баррасии он аст. Пешниҳоди Эрон чанд рӯз пеш боз ҳам тавассути Покистон ба Амрико ирсол шуд. Баъзе расонаҳо навиштанд, дар пешниҳоди ироакардаи Эрон зикр мешавад, ки “ба ҷанг хотима дода тангаи Ҳурмуз боз шавад, аммо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон баъдан музокирот идома ёбад”. Мақомоти расмии Эрон ва Амрико инро шарҳ надоданд, вале Доналд Трамп он пешниҳодро “ғайри қобили қабул” хондааст.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.