Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Китоби нави Холиқназар Ҷумъазода, нависанда ва ҳаҷвнигори шинохта, бо номи “Бозиҳои қисмат” нашр шуда ва дастраси аҳли адаб гардид. Он маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои дар солҳои 2006-2010 иншошударо фаро мегирад.

Ин асар бо таҳрири шоир Салими Зарафшонфар ва бо пешгуфтори адиб Зариф Ғулом рӯи чоп омадааст. Муаллиф ин маҷмӯаро “фарзанди панҷуми маънавӣ”-и худ хонда, зикр мекунад, ки бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Ҷумъазода дар ин маҷмӯа бештар ба мавзуъҳои доғи рӯз, аз ҷумла ҳаёти оилавӣ, муносибатҳои мураккаби зану шавҳар ва мушкилоти зиндагии ҳамсарон таваҷҷуҳ намудааст.

Дар қиссаҳои китоб фоҷиаҳои хонадорӣ ва талошҳои қаҳрамонон барои ҳифзи номи неку ободии хонадон бо маҳорати баланди бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Холиқназар Ҷумъазода кӯшиш ба харҷ додааст, ки тавассути образони сохтааш ба хонанда роҳҳои беҳтари ҳалли масъалаҳои оиладорӣ, тарбияи дурусти фарзанд ва эҳтироми волидонро нишон диҳад.

Худи муаллиф дар асарҳои худ ба масъалаи хиёнати ҳамсарон ва оқибатҳои ногувори он низ дахл карда, дар баъзе қиссаҳо, аз ҷумла “Ҷодари хунини гуларӯс”, навоварӣ нишон додааст.

asia+

Ӯ дар ҷараёни кушодани гиреҳҳои ҷиноятӣ на танҳо кормандони мақомотро, балки нақши рӯзноманигоронро низ дар ошкор кардани ҳақиқат муҳим арзёбӣ мекунад. Инчунин, нависанда ба мавзӯи безурётӣ ҳамчун як фоҷиаи рӯҳии инсонӣ рӯ оварда, ҳолати равонии қаҳрамонони худро дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ бо диди нав тасвир намудааст.

Адиби шинохта Зариф Ғулом дар пешгуфтори китоб навиштааст, ки Холиқназар Ҷумъазода аз уҳдаи ин вазифаи масъулиятнок бо сари баланд баромада, қиссаҳои шавқангез ва таъсирбахш офаридааст.

Ӯ таъкид мекунад, ки забони маҷмӯа хеле сода, оммафаҳм ва равон буда, муаллиф ҳангоми таълифи он аз мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ва шеъри шоирони классику муосир фаровон истифода бурдааст.

Ба ақидаи Зариф Ғулом, Холиқназар Ҷумъазода ҳоло дар авҷи камолоти эҷодӣ қарор дорад ва ин китоб бешак писанди хонандагони соҳибзавқ хоҳад гашт.

Бояд гуфт, ки ин китоби панҷуми Холиқназар Ҷумъазода аст. Қаблан китобҳои “Парандаҳои муҳоҷир” (соли 2013), “Биё, ки фолат бинам” (соли 2021), “Ашкҳои зери борон” (соли 2022) ва “Хандасарой” (соли 2024)-яш ба дасти хонандагон расида буд. Китоби ҳаҷвии “Биё, ки фолат бинам”-и ӯ соли 2021 “Китоби сол” эълон шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.