ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар “Hyatt Regency” дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот бо унвони “Ташаккули ояндаи осоишта: пешбурди озодии матбуот барои ҳуқуқи инсон, рушд ва амният” ҳамоиш баргузор мешавад. Чорабинӣ соати 9:00 оғоз шуда, то соати 17:00 идома мекунад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Ҳамасола 4-уми май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад.
Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо медали тиллоии ЮНЕСКО ба номи Ҷалолиддини Балхӣ сарфароз гардид. Ин ҷоиза шахсан аз ҷониби роҳбари ЮНЕСКО ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд.
Соли 2010 – Боронҳои шадид боиси обхезӣ шуданд, ки 71 хонавода дар минтақаи Кӯлоб зарар диданд. Аз ин шумора, 50 хона дар минтақаи Кӯлоб ва 21 хона дар шаҳри Кӯлоб қисман зарар дидаанд. Дар натиҷаи ин офати табиӣ, дар маҷмӯъ 20 нафар дар минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар ноҳияи Шӯрообод ҷони худро аз даст доданд. Хисорот ба зерсохтҳо, аз ҷумла хонаҳо, роҳҳо ва пулҳо, ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллари ИМА арзёбӣ шудааст.
Соли 2012 – Додгоҳи шаҳри Ваҳдат масҷиди “Муҳаммадия”-ро, ки таҳти роҳбарии хонадони Тураҷонзодаҳо қарор дошт, аз мақоми масҷиди ҷамъиятии ҷумъагӣ маҳрум кард. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки дар моҳи декабри соли 2011 мақомоти давлатӣ роҳбарони масҷидро ба баргузории маросими шиаҳо муттаҳам карданд. Дар натиҷа, Кумитаи давлатии корҳои дин фаъолияти масҷидро барои се моҳ мутаваққиф кард ва бародарони Тӯраҷонзода ба додгоҳ кашида шуданд. Дар қарори пешакии додгоҳ, масҷид аз ҳаққи баргузории намозҳои ҷумъа маҳрум гардид.
Соли 2019 – Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ислоҳоти сохторӣ ва беҳтар намудани самаранокии назорат, ҳафт сохтори тафтишотии ду вазоратро якҷо намуда, ду сохтори нав таъсис дод. Якум, Кумитаи амнияти озуқаворӣ, ки масъули таъмини амнияти озуқаворӣ ва назорати сифати маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад. Дуюм, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки вазифаи назорат ва танзими соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба уҳда дорад.
Соли 2021 – Мақомоти Тоҷикистон барои бозбинии тарифҳои нерӯи барқ гурӯҳи корӣ таъсис доданд. Ин гурӯҳ дар назди Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъсис ёфта, вазифаи он таҳлили хароҷоти истеҳсол, интиқол ва тақсими нерӯи барқ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба ислоҳи тарифҳо мебошад.
Соли 2023 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона Эъломияи ҳамкории иттифоқӣ миёни ду кишварро имзо карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1912 – Зодрӯзи Тилло Пулодӣ, шоири тоҷик.
Соли 1914 – Мавлуди Зиёдулло Шаҳидӣ, арбоби ҷамъиятию фарҳангӣ, оҳангсоз.

Зиёдулло Шаҳидӣ барои ташаккули санъати мусиқии касбии тоҷик саҳми арзанда дорад. Асарҳои эҷоднамудаи ин поягузори мусиқии касбии тоҷик на танҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар бисёр кишварҳои олам мақоми махсус дорад. Шаҳидӣ муаллифи беш аз 225 асари мусиқӣ буда, ҳар яки онҳо дар санъати мусиқии тоҷик ҷойгаҳи худро дорад.
Шаҳидӣ бо осори классикон, аз қабили Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Хайём ва Бедил, аз дурдонаҳои беназири “Шашмақом” огаҳии хос дошт ва албатта ин ганҷинаи бебаҳои ниёгони миллати мо ба эҷодиёти пурғановати ӯ таъсири амиқ расонидааст. Зиёдулло Шаҳидӣ 25 феврали соли 1985 дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Матлаби “Азия Плюс”-ро бахшида ба 110-солагии ин ҳунарпешаи тоҷик бо номи Баъди мурдан шӯълаи овози ман хомӯш нест… Ёде аз Зиёдулло Шаҳидӣ, ки 110 сола шуд мутолиа кунед.
Соли 1932 – Зодрӯзи Рашид Раҳимов, доктори илми иқтисодӣ, профессор.
Соли 1972 – Зодрӯзи Ҷамшед Муртазозода, ҳуқуқшинос, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон.

Ҷамшед Муртазозода яке аз мутахассисони варзидаи риштаи ҳуқуқи гражданӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ӯ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва Шӯрои илмию машваратии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аст.
Ӯ факултети ҳуқуқшиносӣ ва шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шуъбаи докторантураи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди президенти Русияро хатм карда, дар Донишгоҳҳои Маҷористон, Итолиё, Шветсия, Русия такмили донишу ихтисос кардааст.
Муртазозода аз соли 2015 то 2020 ба унвони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон буд. Моҳи марти соли 2020 дубора ба унвони узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.
Соли 2020 – Савринисо Сабзалиева, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт.

Савринисо Сабзалиева яке аз ҳунарпешагони муваффақ ҳам дар синамо ва ҳам дар театр буда, ҳамчунин дар дубляжи як қатори филмҳо низ саҳм дорад. Баъди хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон аввал дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, баъдан дар мактаби мусиқии бачагонаи шаҳри Хоруғ муддате дарс гуфтааст.
Дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳо дар намоишномаҳои “Рӯдакӣ”, “Отелло”, “Дод аз дасти ақл” дар хотирҳо мондааст. Дар синамо бошад, дар филмҳои тоҷикии “Духтарони суғдӣ”, “Асрори нӯҳ пайғамбар”, “Гумгаштапайдо”, “Иштибоҳ”, “Вохӯрӣ дар дараи марг” ва ғайра нақш бозидааст.
Ӯ ҳамчунин дар сужаҳои киножурнали ҳаҷвии “Калтак”, саҳнаю намоишҳои телевизионӣ нақшҳои зиёд иҷро кардааст. Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ низ бузург аст.
Соли 2024 – Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо дар 72-солагӣ аз олам чашм баст.

Саъдулло Раҳимов яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва синамосозии Тоҷикистон буд, аз муҳаққиқон ва мунаққидони синамо дониста мешуд. Ин таҳқиқгари муваффақи синамои тоҷик, аз соли 2011 котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд.
Раҳимов яке аз ташаббускорон ва ҳакамони ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” низ буд. Бо танаффус солҳои 1987-1993, 1995-1997 роҳбари “Тоҷикфилм” ва солҳои 1997-1998 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио буд.
Ӯ хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) буда, солҳо дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ фаъолият намудаааст ва доктори илмҳои фалсафа мебошад.
Раҳимов инчунин муаллифи чандин филмнома, коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ, аз қабили “Занон-сармоядорон”, “Маҳваш”, “Сайёҳат дар Ватан”, “Арӯсак”, “Ҷойҳои муқаддас”, “Насими Қаратоғ”, “Ман мунаққиди одилам”, “Академик Диноршоев”, силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ: “Ишкошимиҳо”, “Рӯшониҳо”, “Гулбек” аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
4 май Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо мебошад. Ин рӯз баъд аз як фоҷиаи бузург дар Австралия, ки соли 1998 ҳангоми хомӯш кардани сӯхтори ҷангал рух дода буд ва панҷ оташнишон ҷони худро аз даст дода буданд, таъсис ёфт. Гарчанде ин аввалин ҳолати фавти оташнишонҳо набуд, вале ҳамин воқеа сабаби муайян кардани рӯзи махсус барои гиромидошти қаҳрамонон ва ёдбуди ҳалокшудагон гардид.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ 4 майи соли 1961 фармон дар бораи муборизаи ҷиддӣ бо бекорӣ қабул гардид. Онҳое, ки дар тӯли чор моҳ дар як сол кор намекарданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд. Ҳар як шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ бояд дар кори ҷамъиятӣ барои манфиати давлат саҳм мегузошт. Танҳо хонашинҳо (занони дорои фарзанд) аз ин талабот истисно мешуданд, вале занони танҳо ва бефарзанд низ барои бекорӣ ҷазо мегирифтанд.

Соли 1979 дар ҳамин рӯз Маргарет Тэтчер нахустин зане шуд, ки ба мақоми нахуствазири Британияи Кабир таъин гардид. Ӯ тӯли даҳ сол аз таъсиргузортарин занҳои дунё буд. Духтари як фурӯшандаи оддӣ, ки дар хонае бе оби қубурӣ ба воя расида буд, тавонист бо иродаи қавӣ ба қуллаи сиёсӣ бирасад. Вай дар соли 1990 истеъфо дод ва соли 1993 ба рутбаи ашрофӣ (сэр) шарафёб гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 8+10º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.




