“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Идибеки Саид, asia+

Рӯзи 30-юми апрел дар театри Лоҳутӣ намоиши “Тоҷгузори миллат” баргузор гардид. Намоише, ки на танҳо як достони таърихиро баён мекард, инчунин, бо рӯҳияи пуршӯри истиқлолхоҳии худ тамошобинонро ба фикр водор менамуд.

Намоишномаро Барот Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон навишта, онро Султон Усмонзода, саркоргардони театр таҳия кардааст. Он ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон рӯи саҳнаи театр омад.

Он як қисми саргузашти Наср, амири Самарқанд ва Исмоили Сомонӣ, амири Бухоро, ду бародар аз оли Сомонро қисса мекунад, ки пояи аслии давлати миллии тоҷикон – Сомониёнро гузоштанд.

Акс аз asia+. Оғози намоиш

Нақши Насри Сомониро дар ин намоиш Ибодулло Машрабов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва нақши бародари ӯ – Исмоили Сомониро писараш Абдукарим Машрабов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва роҳбари театри Лоҳутӣ бозиданд.

Дар намоиши мазкур, ҳунармандони мард нақшофаринӣ карданду ҳеҷ ҳунарманди зан иштирок надошт. Аз ҷумла, ҳунармандони машҳури тоҷик Ортиқи Қодир, Асалбек Назриев, Фирӯз Умаров, Султонмурод Бобомуродов, Салоҳиддин Шукуров, Аъзами Розиқ, Боймурод Ҳаитов, Шоҳмурод Аюбов нақш офариданд.

Аз набарди ду бародар то таъсиси давлати миллӣ

“Тоҷгузори миллат” на танҳо як намоиши таърихӣ, инчунин қиссаи зиндаву пурэҳсоси муносибати ду бародар – Наср ва Исмоили Сомонӣ аст, ки дар он меҳру отифа бо рашку бадгумонӣ даст ба гиребон мешаванд.

Ҳамааш аз дилсардии Исмоил оғоз мешавад. Ӯ барои дидори бародари бузургаш аз Бухоро ба Самарқанд омада, пушти дари Насри Сомонӣ мунтазири қабул мемонад, вале бо беэътиноӣ рӯбарӯ мегардад. Дар ин лаҳзаи намиош Наср на ҳамчун як чеҳраи бадхоҳ, балки ҳамчун инсоне тасвир мешавад, ки гирифтори шубҳаву фитнаи атрофиён шудааст.

Рӯҳияи шикастнопазири Исмоил дар монологҳои аввалини ӯ комилан ҳувайдост, ки мегӯяд: “Аз бародар ранҷидану гила кардан суде надорад, лек бовар надоштам, ки ба номеҳрубонӣ ва бадгумонии бародар гирифтор шуда, ҳатто ба дидорбинии фарзанди падар расида натавонам… Мард бош Исмоил…”.

Ҳамин тавр, Исмоил бо иродат пой аз дари бародараш пас намекашад, то ки ба дидои амири Самарқанд мушарраф шавад ва оташи бадгумониро хомӯш созад.

Маҳз ҳамин иродат дари лутфи бародарашро мекушояд: бародарон ба дидори ҳам мерасанд ва пас аз ин Исмоил бо фармони Наср дубора ба амирии Бухоро бармегардад.

Аммо Исмил замоне ба Бухоро бармегардад, ки ин мулк дар “вартаи ҳалокат” қарор дошту яғмогарон мехостанд онро тороҷ кунанд. Ӯ бо шашсад сарбоз беш аз 2 ҳазор роҳзану яғмогарро саркӯб мекунад, Хоразмро бе рехтани хун ба қаламраваш мепайвандад ва дар мулкаш адолатро барқарор месозад.

Дар яке аз саҳнаҳои Исмоил ба бародараш Наср мегӯяд: “Бухороро аз вартаи ҳалокат берун сохтам. Ба ин сарзамини харобгардида сулҳу оромӣ овардам. То ман зиндаам, девори Бухоро манам!”.

Бо ин ӯ аз бародараш, ки фармонфармои оли Сомон аст, истиқлоли комил мехоҳад, то дар умури Бухоро худсолор бошаду ба касе ниёзманд нагардад. Лекин Наср бо “ҳидояти мушовиронаш” ба он розӣ намешавад ва онҳоро ба ҷанги рӯёрӯ вомедорад.

Набарди байни ду бародар яке аз фоҷиабортарин саҳнаҳои намоиш аст. Наср, ки бо иғвои бадгӯён ба ҷанг омад, пас аз шикаст бо гиря мегӯяд: “Ашкам чун баҳор дар шукуфт. Ҷанг кардам, пушаймонам. Дардову дареғо, ки бадбинону суханчинон тавонистанд моро ба майдони набард бикашанд”.

Қисмати ниҳоии намоиш ба орзуҳои Исмоил барои бунёди давлатдории адолатпарвар бахшида шудааст. Ӯ талаб мекунад, ки ҳар фарзанди ин диёр дар мадраса савод омӯзад, забону фарҳанг пос дошта шавад ва дониш ҳамсанги қудрат эълон гардад: “Ҳар касе, ки хондан, навиштан ва саводи кофиро аз бар намояд, ҳукми ӯ баробари ҳукми подшоҳ аст”.

Исмоили Сомонӣ на танҳо шамшер, балки қаламу мактабро низ омили давлатсоз медонад. Таваҷҷуҳи хосса ба забони форсии тоҷикӣ ҳам дар сар то сари намоиш эҳсос мешавад.

“Ин ҳама ҷузъе аз корномаи Исмоили Сомонӣ аст”

Барот Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, ки намоиш аз рӯйи романи ӯ таҳия шудааст, пас аз анҷоми намоиш ба саҳна баромада, дар бораи он сухан гуфт, ки давлатсозӣ то чӣ андоза раванди мураккаб ва дарднок аст.

“Чӣ қадар душвор буд ҳазор яксаду панҷоҳ сол пеш аз ин бунёд кардани як давлат”, – гуфт Абдураҳмон ва ёдовар шуд, ки Исмоили Сомонӣ на танҳо бо бародараш, балки бо Қарахониҳо, Тоҳириён, Саффориён ва дигар қудрату нерӯҳо низ мубориза мебурд.

Он чӣ дар намоиш ба тамошобин нишон дода шуд, ба гуфтаи муаллиф, набард бо Наср танҳо як лаҳзаи кӯчаке аз он ҳама пайкорҳои бузурги Исмоили Сомонӣ буд.

Нависанда намоишро на ҳамчун мурури оддии таърих, балки ҳамчун паёме ба имрӯз тавсиф кард. Ба гуфтаи ӯ, давлате, ки Исмоили Сомонӣ “бо ҳазор душвориҳо” сохт, имрӯз ҳам ниёзманди ҳифзу қадрдонӣ аст.

Акс аз asia+. Бароти Абдураҳмон дар байн

Фарҳангшинос: “аз намоиши маъмулӣ тафовути куллӣ дошт”

Нозим Нурзода, фарҳангшиноси шинохтаи тоҷик, пас аз дидани намоиш гуфт, ки он чӣ дар саҳна рафт, аз як намоиши маъмулӣ тафовути куллӣ дошт.

Нурзода ба мафҳуми “театри эҳсосот” – театри таҷрибаи зиндаи Станиславский истинод карда, таъкид дошт, ки дар намоиши “Тоҷгузори миллат” ин назария воқеан амалӣ шуд: тамошобин дигар танҳо бинанда набуд, балки ҳамроҳи ҳунармандон дарду шодӣ ва фоҷиаву пирӯзиро эҳсос мекард.

“Ҳамнафас будем, ҳамқадам будем, ҳамқисмат будем”, – бо ин калимаҳо ӯ якдилии саҳна ва толорро тавсиф кард.

Нозим Нурзода нақши ҳар ҳунармандро “хеле мураккаб” арзёбӣ намуда, гуфт, ки “даста дар маҷмӯъ рӯҳияи ягона дошт, чизе, ки дар театр кам ба даст меояд”. Ӯ ин намоишро “маҳди худсозӣ” номид.

Ёдовар мешавем, ки намоиши “Тоҷгузори миллат” нав ба рӯйи саҳна омадааст ва интизор меравад, ки то ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон борҳо ба саҳна гузошта шавад.

Бовуҷуд, бори аввал нест, ки корномаи Исмоили Сомонӣ дар театрҳои тоҷик ба саҳна гузошта мешавад. Аз ҷумла, солҳо қабл бо қалами Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва драмматурги шинохтаи кишвар намоиши “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” рӯйи саҳна омада буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...