Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

asia+

Дар пайи селу обхезиҳои шаби гузашта дар шаҳри Кӯлоб се нафар ҷон бохта, се тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода, гуфтааст, ки сел ба манзилҳои шаҳрвандон, бархе сохтмонҳои иҷтимоӣ ва шаҳрӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

Ҳанӯз хисороти мушаххаси ин офати табиӣ эълон нашудааст, вале дар наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сабт кардаанд, дида мешавад, ки сел ба роҳу манзилҳои сокинон ворид гардидааст ва бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

Як манбаъи “Азия-Плюс” шаби гузашта, 1-уми май гуфт, ки яке аз ҷонбохтагон баъди ба болояш чапа шудани девор ҷонашро аз даст додааст.

Радиои Озодӣ аз қавли Раёсати КҲФ дар минтақаи Кӯлоб навиштааст, ки ду нафар аз фавтидагон Абумуслим Давлатови 44-сола ва Набиамон Фозилови 58-сола, зери девор монда, ҷонашонро аз даст доданд. Як фавтидаи дигар Мирзо Мулониёзови 45-сола, аз шиддати барқ ҳалок шудааст.

Ин расона навиштааст, ки дар пайи боридани борони сахт, сел ба 850 манзили зист даромадааст. Ин хонаҳо дар маҳаллаҳои Хати роҳ, Қурбон Зардаков, Нонбойи поён, Суғдиён, Заринкуҳ, Абдураҳмони Ҷомӣ, 20-солагии Истиқлолият, Саросиёб, Мадином Ибронов, Панҷосиёб ва Файзободи болои шаҳри Кӯлоб ҷойгир ҳастанд.

Корҳои бартарафкунии оқибатҳои селу обхезӣ дар Кӯлоб. Акс аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон

Ҳоло, ба гуфтаи мақомот, дар кӯчаву маҳаллаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва тозакунии минтақаҳо ҷараён доранд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба масъулон супориш шудааст, ки корҳои наҷотдиҳӣ, барқарорсозӣ ва расонидани кумак ба аҳолии зарардидаро дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом диҳанд.

“Давлатали Саид дастур додааст, ки аҳолие, ки дар ҷойҳои зери хавф зиндагӣ мекунанд ба ҷойҳои бехавф кучонида шуда, ба зарар дидагон кумаки ғизои, тиббӣ расонида шавад”,- навиштааст хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Дар ин ҷаласа ба сохторҳои марбута дастур шудаст, ки дар робита ба бартараф кардани оқибатҳои табибиӣ ситоди шабонарӯзӣ ташкил карда, тамоми чораҳои заруриро баҳри бартараф кардани оқибатҳои офатии табибиӣ андешанд.

Кӯчаҳои Кӯлоб. Намогирифт аз наворе, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 2-юми май ба оилаҳои шахсони ҷонбохта изҳори ҳамдардӣ карда, ба масъулин барои бартараф кардани оқибатҳои ҳодиса супориш додааст.

Ҳамчунин, раисҷумҳур ба сарвазири кишвар, раиси вилояти Хатлон ва Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода дастур додааст, ки “фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, барои расонидани кумак ба оилаҳои зарардида ва ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд”.

Ҳавошиносон қаблан ҳушдор дода буданд, ки дар Тоҷикистон то 4-уми май боронҳои шадид ва омадани сел пешбинӣ мешавад. Дар ду рӯзи гузашта дар кишвар борону жолаи шадид борида, дар дигар минтақаҳо ҳам сел омада буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...