Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Хадамоти алоқа аз қабули “Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040” хабар дод, ки он ба беҳтар кардани сифати интернет ва ҷудо кардани маблағ ба ин соҳа равона шудааст.

Хадамот таъкид мекунад, ки яке аз меҳварҳои асосии ин стратегия, навсозии куллии зерсохтори алоқа ва дастрасии сокинон ба интернети босуръат аст. Махсусан, сухан дар бораи ҷорӣ намудани фанновариҳои насли нав, аз ҷумла интернети 4G ва 5G, инчунин васеъ кардани шабакаҳои нахи нурӣ ва алоқаи моҳвораӣ меравад.

Гуфта мешавад, дар стратегия маблағгузории ин тарҳ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Аз ҷумла, барои марҳилаи аввали амалисозии стратегия (солҳои 2026–2030) дар маҷмӯъ 6,6 миллиард сомонӣ зарур аст.

Зикр мешавад, ки бори асосии ин маблағгузорӣ на ба дӯши ҳукумат, балки ба бахши хусусӣ меафтад. Тақрибан 90% ин сармоягузорӣ аз ҳисоби операторони алоқа ва ширкатҳои хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, дар стратегия ҷорӣ намудани стандартҳои миллии сифати хидматрасонӣ (SLA) пешбинӣ шудааст, ки тибқи он операторон барои суръат ва устувории интернет дар назди муштариён масъулияти бештар хоҳанд дошт. Ҳамзамон, ин ҳуҷҷат барои арзонтар шудани нархи алоқа ҳам замина мегузорад.

Ҳадафи ниҳоии ин пайкор табдил додани Тоҷикистон ба як “маркази рақамии транзитӣ” дар минтақаи Осиёи Марказӣ гуфта мешавад. Ин маънои онро дорад, ки кишвари мо на танҳо истеъмолкунанда, балки як ҳалқаи калидӣ дар интиқоли трафики байналмилалӣ хоҳад шуд.

Чанде пеш, раиси Хадамот зимни нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки соли 2027 тамоми ҷумҳурӣ ба интернети 4G фаро гирифта мешавад ва соли 2030 бошад, Тоҷикистон пурра ба интернети 5G мегузарад

Ба гуфтаи ӯ, нақшаи насби пойгоҳҳои насли 5G дар Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шуда, мутобиқи ин нақша, дар 65 шаҳру ноҳияи кишвар бо иштироки ширкатҳои ироадиҳандаи алоқаи мобилӣ пойгоҳҳои стандарти 5G насб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сокинони кишвар аз паст будани суръати интернет ва нархи гарони он ҳамвора шикоят мекунанд. Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонии суръат ва арзиши интернет ҳам чанд сол зинаҳои пойинро касб кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...