Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Шаҳноз Ализода, asia+

Додситонии ноҳияи Нуробод ба таҳқиқи қазияи латукӯби омӯзгор аз сӯи наздикони як хонандаи синфи 5 оғоз кардааст. Вазорати маориф ва илм гуфт, аз омӯзгор ҳимоят мекунад.

Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби №1-и ин ноҳияро бародари яке аз талабаҳо дар пайи эродгирӣ аз таҳсили хоҳараш дар даруни мошин латукӯб ва таҳқир кардааст. Натиҷаи ташхис нишон додааст, ки омӯзгор осеб дидааст. Ин ҳодиса рӯзи 8-уми май дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Нуробод рух додааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд.

Аз шахсе, ки муаллимро латукӯб кардааст, Миралӣ Орзуев, сокини ҳамин ноҳия ном бурда мешавад.

Аёдати омӯзгор. Акс аз Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод

Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод бидуни ишора ба қазия ва муҷозоти шахси гумонбар дар вокунише навишт, ки ба хонаи омӯзгор рафта, ба ӯ кӯмак кардаанд.

Наҷмуддин Мирзозода, мудири маорифи ноҳия имрӯз, 22-юми май дар шарҳи қазия ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баҳси омӯзгор ва бародари хонанда баъди эродгирии ӯ аз таҳсили хоҳараш сар задааст.

“Омӯзгор дар тамоси телефонӣ ба Миралӣ Орзуев, бародари хонандаи синфи 5 гуфтааст, ки хоҳараш дарсро тайёр намекунад. Баъди кор, Орзуев омӯзгорро ба вохӯрӣ даъват карда, ӯро дар дохили мошин латукӯб ва таҳқир кардааст. Бародари хонанда иқрор шуд, ки омӯзгорро танҳо як шаппотӣ задааст. Дар ин ҳодиса ягон шоҳид нест. Мо ҳарду ҷонибро рӯ ба рӯ кардем, оштӣ карданд”,-гуфт Мирзозода.
Мактаби №1 дар Нуробод. Акс аз саҳифаи фейсбуки Коллечи мухандисии техникии Нуробод

Номбурда афзуд, ки баъди ин ҳодиса саломатии омӯзгор хуб буд ва қариб як ҳафта дар мактаб дарс дод, “вале якбора вазъи саломатиаш бад шуда, дар беморхона бистарӣ шуд ва натиҷаи ташхиси тиббӣ нишон дод, ки ӯ осеб бардоштааст”.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Кӯшишҳои мо барои дарёфти назари омӯзгор ва шахсе, ки ӯро лутукӯб кардааст, бенатиҷа анҷомид. Омӯзгор ба зангҳои пайвастаи мо посух надод.

Вале Радиои Озодӣ аз қавли Миралӣ Орзуев навиштааст, ки “ӯ омӯзгорро назадааст, балки танҳо суҳбат карданд”.

Аз шуъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки муроҷиати омӯзгорро додситонии ноҳия тафтиш дорад, Орзуев чанд марортиба бозпурсӣ шуда, “нисбаташ ҳоло қарор қабул нашудааст”. 

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз ҳуқуқҳои Муҳимҷон Раҳмонов ҳимоят мекунанд.

“Ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ доранд ва қазия зери назорати вазир қарор дорад. Ҳоло вазъи саломатии омӯзгор хуб аст, аз беморхона рухсат шуда, табобаташ дар хона  идома дорад. Харҷи табобати омӯзгор аз ҳисоби вазорат пурра пардохт мешавад…”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Модари Муҳимҷон Раҳмонов кӯтоҳ ба “Азия -Плюс” гуфт, ки то ҳол вазъи саломатии писараш беҳтар нашудааст ва ӯ аз дарди меъдаву сар шикоят дорад.

“Ба сару рӯйи писарам мушт задааанд, ӯро латукӯб кардаанд. Духтур бурдам, ӯро ташхис карду дорую об навишт ва гуфт дар хона табобат гиред. Вале то ҳол вазъи ӯ беҳбуд наёфтааст”, – гуфт ин зан.

Ахиран Додгоҳи шаҳри Левакант нисбати Фарҳод Назаров, омӯзгоре, ки барои “як шаппотӣ” задани хонандаи синфи 11 алайҳаш парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буд, ба корҳои ҳатмӣ ҷалб кард.

Дар пайи ин ҳодиса, ки миёни ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овард, дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” қабул шуд. Ҳадаф аз ин қонун “баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар барои онҳо” гуфта мешавад.

Дар латукӯб дар мактабҳои кишвар кӣ гунаҳкор аст: омӯзгор, хонанда ё волидон? Дар ин матлаб хонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.