“Ҳадафам наҷоти инсон буд”. Чӣ тавр хонандаи мактаб духтареро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот дод?

Мо ин ҷавонро пайдо ва бо иҷозаи модараш, бо ӯ суҳбат кардем.

Шаҳноз Ализода, asia+

Раҳматулло Мардиктоев, як хонандаи мактаб дар пойтахт, ҷони як духтарро, ки бо қасди худкушӣ худро ба рӯди Душанбе андохт, наҷот додааст. Ӯ мегӯяд, барои тамрин ба соҳили рӯд рафта буд ва вақте дар об ғарқ шудани духтареро дид, ба қасди наҷоти ӯ худро ба рӯд андохт. Ӯ духтарро аз об берун карда, ба шифохона бурд.

Дар бораи қаҳрамонии Раматулло бори аввал пулиси Душанбехабар дод. Ин ниҳод рӯзи 20-уми апрел дар саҳифаи телеграми худ навишт, шаби 19-уми апрел тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Соҳилӣ, дар зери пули наздикии бозори собиқ “Султони Кабир” як ҷавондухтар бо қасди худкушӣ худро ба рӯд партофт ва аз сӯйи Раҳматулло Мардиктоев наҷот дода шуд.

“Бо талоши ӯ ҷавондухтар аз об бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии “Беморхонаи Истиқлол” интиқол дода шуд”, – навишт пулиси Душанбе.

Ин ниҳод сабаби қасди ҷон кардани духтарро “муноқишаи оилавӣ” арзёбӣ карда, гуфт, “ҳоло ӯ таҳти назорати табибон қарор дорад”.

Пулиси Душанбе аз Раҳматулло “барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва наҷоти ҷавондухтар аз сӯиқасди худкушӣ” миннатдорӣ кард.

“Вақте худро ба рӯд андохтам, аз чизе тарс надоштам”

Мо РаҳматуллоМардиктоевро пайдо кардем ва бо иҷозаи модараш, бо ӯ дар бораи ҷузъиёти ҳодиса суҳбати кӯтоҳе доштем.

Ӯ нақл кард, ки шаби 19-уми апрел, тахминан соати 21:00, дар шафати рӯди Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Соҳилӣ ,тамрин мекард ва бо қасди нӯшидани об ба соҳили рӯд рафт ва дид, ки духтаре дар об ғарқ мешавад.

Макони ҳодиса, Акс аз пулиси Душанбе

“Дидам, ки об чизеро бо худ мебурд. Омад-омаду дар оҳанпора дармонд. Ба об паридаму дидам, ки духтар аст. Аз об берун баровардам, ба ёрии таъҷилӣ занг задам, аммо дарк кардам, ки онҳо дер мерасанд. Аз ин лиҳоз, кирокашеро доштаму духтарро ба шифохонаи “Истиқлол” расонидам. То омадани хонаводаи ин духтар онҷо истодам. Хонаводааш омаданд, ташаккур гуфтанд ва рақами телефонамро хостанд. Гуфтам, ки ҳадафи ман наҷоти ҷони инсон буду халос”, – нақл кард Раҳматулло.

Раҳматулло мегӯяд, вақте худро ба рӯд андохт, аз чизе тарс надошт, зеро мехост ҷони инсонеро наҷот диҳад.

Пас аз ин ҳодиса, ба қавли Раматулло, пулиси Душанбе ба ӯ ташаккур гуфта, иброз дошт, ки барояш кумак мекунад.

Модари Раҳматулло гуфт, ки писарашро танҳо тарбия кардаву ба воя расонидааст ва ифтихор дорад, ки Раҳматулло ҷасуру соҳибирода шудааст.

Худи Раҳматулло мегӯяд, пас аз дарс ва дар вақти холиаш дар нуқтаи таъмири мошин кор мекунад ва дар пешбурди зиндагӣ ба модараш ёрӣ мерасонад.

“Ҳамчунин, вақт меёбам ва дар маркази забономӯзӣ забони хориҷӣ меомӯзам. Дар оянда мехоҳам тарҷумон шавам”, – гуфт Раҳматулло.

Бояд гуфт, ки наҷоти ҷавондухтар аз сӯйи як хонандаи мактаб дар ҷомеа ва махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ густарда баррасӣ мешавад ва одамон рафтори Раҳматуллоро “намунаи ибрат барои наврасону кӯдакон” меҳисобанд. Ҳамчунин, аксар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид мекунанд, ки тарғиби қаҳрамонии наврасону ҷавононе мисли Раҳматулло кирдорҳои ғайриқонунӣ миёни ҷавононро коҳиш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар, соли гузашта дар кӯлу рӯдҳои Тоҷикистон 180 нафар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 як нафар зиёд аст. Аз теъдоди умумии ғарқшудагон 32 зан ва 148 мард будаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.