Ҷаласаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо мушовирони аршади амниятии худ, ки гуфта мешуд, натиҷаи чанд ҳафтаи музокироти Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломиро равшан мекунад, пас аз беш аз ду соат бе эълони натиҷа ба поён расидааст. Вазири дифоъи ИМА гуфтааст, агар музокирот натиҷа надиҳад, ИМА омода аст, ҳамла ба Эронро аз сар гирад.
Рӯзномаи “New York Times” субҳи имрӯз, 30-юми май бо истинод ба як мақоми баландпояи Кохи сафед, ки номаш ифшо нашудааст, навишт, ки Доналд Трамп дар ин мулоқот дар бораи ёддошти тафоҳум бо Теҳрон ба хулосае нарасида, бидуни эълони ягон қарори ниҳоӣ ё нашри изҳороти расмӣ дар бораи натиҷаи музокирот “Утоқи вазъи буҳронӣ”-ро тарк кардааст.

Доналд Трамп қаблан эълон карда буд, ки рӯзи ҷумъа (ба вақти Амрико) бо мушовирони худ дар утоқи вазъи буҳронии Кохи Сафед машварат хоҳад кард, то қарори ниҳоӣ дар бораи созишнома бо Эрон қабул кунад.
Ӯ шаби гузашта дар нигоштае дар саҳифаи “Truth Social”-и худ теъдоде аз хостаҳои Амрикоро, ки ба гуфтаи ӯ Эрон бояд иҷро кунад, номбар кард.
Трамп аз ҷумла, гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ бояд қабул кунад, ки силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт, тангаи Ҳурмуз дигарбора “бидуни дарёфти боҷ” боз ва ҳар гуна минаи баҳрӣ аз ин оброҳ ҷамъоварӣ шавад, инчунин, урани ғанишудаи Эрон аз ҷониби Амрико дар ҳамкорӣ бо Теҳрон ва Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ “аз зери хок берун ва нобуд” гардад.
Ӯ афзуда буд, ки “акнун муҳосираи баҳрии Эрон бекор хоҳад шуд” ва киштиҳое, ки ба далели ин иқдом дар тангаи Ҳурмуз дармондаанд, метавонанд ба хона бозгарданд.
Соает баъд аз ин нигошта, Исмоил Бақоӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба паёми Доналд Трамп гуфт, ки “ҳанӯз ҳеҷ тафоҳуме” миёни ду тараф “ниҳоӣ нашудааст”.
Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Садову симо”-и Эрон гуфт, ки “табодули паём” бо Амрико идома дорад, вале “дар ин марҳила ба хатми ҷанг тамаркуз кардаем ва дар мавзуи (барномаи) ҳастаӣ ҳеҷ музокирае надорем”.
“Мо бо забони “бояд” 47 сол пеш худҳофизӣ кардем. Ҳеҷ кадом аз тарафҳои ғарбӣ вақте дар мавриди Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳарф мезананд, наметавонанд бо забони “бояд” суҳбат кунанд. Мо бар асоси ҳуқуқу манфиатҳои миллати Эрон худамон тасмим мегирем. Ин як нукта аст”, – таъкид кардааст Бақоӣ.
Ин қисмати гуфтаҳои ӯ зоҳиран посух ба феҳристе аз хостаҳои Трамп аст, ки изҳор дошта буд, Эрон “бояд” онҳоро қабул кунад.
Исмоил Бақоӣ дар идома дар мавриди тангаи Ҳурмуз изҳор дошт, ки мудирияти ин оброҳ ба Эрон ва Уммон марбут аст.
Ӯ дар мусоҳибаи худ муҳосираи баҳрии Эрон аз сӯйи Амрикоро иқдоми “ғайриқонунӣ, нақзи оташбас ва халал дар озодии баҳрнавардии байналмилалӣ” хонда, дар мавриди он ки Трамп изҳор дошт, ин муҳосира бекор хоҳад шуд, гуфтааст, ки “бояд дид, ки (амрикоиҳо) ба ин ҳарф амал хоҳанд кард, ё сирфан иддаои таблиғотӣ аст”.

Ин ҳама гузоришҳо дар ҳолест, ки ду рӯз пеш расонаҳо аз даст ёфтани Амрикову Эрон ба як тафоҳумномаи тамдиди 60-рӯзаи оташбас ва оғози музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ хабар доданд.
Он ҳанӯз аз ҷониби раҳбарони ду кишвар тасдиқи ниҳоӣ нагирифтааст. Зоҳиран ҷузъе аз ҷаласаи дирӯзаи Доналд Трамп ҳам ба ҳамин созишнома бахшида шуда буд, ки бетаниҷа анҷом ёфт.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои ахир Амрикову Эрон чанд бор ба якдигар ҳамла карда, ҷониби муоқбилро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд.
Ин низоъ бо сабаби баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз гардид, ки ҳоло бӯҳрони бузурги энерҷиро дар ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.
Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.








