Пас аз се соли “ҷанҷол”-и пурсарусадои як гурӯҳ сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо кормандони милитсияи ин шаҳр, ки дар пайи он, беш аз 20 кас муҷозот шуданд, охирин зиндонӣ аз маҳбас раҳо шудааст. Духтаре, ки замони ҳодиса ноболиғ буду “омили аслии ҷанҷол” гуфта мешуд, арӯс шудааст.
Имрӯз, 29-уми май, Наим Назриев, раиси деҳаи Лакат зимни як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, Ҷамолиддин Раҳматов, охирин касе, ки дар робита ба қазияи ҷанҷол дар зиндон буд, “рӯзи Иди Қурбон (27-уми май) ба озодӣ баромад ва ҳоло дар деҳа ба деҳқонӣ машғул аст”. Аз ӯ амаки А.Р. (ному насаби он бинобар ноболиғ буданаш зикр нашуд, аммо барои “Азия-Плюс” маълум аст), духтари ноболиғе ном бурда мешавад, ки “омили аслии ҷанҷол” будааст.
Олимҷон Раҳматов, бародари А.Р., ки ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст, кӯтоҳ гуфт, ки хоҳарашро “6 моҳ пештар ба шавҳар додем ва ҳоло аз пайи зиндагии осоишта аст”.
“Ҷанҷол”-и як гурӯҳ сокинон бо кормандони полис расо се сол пеш, 29-уми майи соли 2023 дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан, пас аз нашри як навор аз сӯйи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, расонаӣ шуд.
Дар он навор таъкид мешуд, ки “чанд сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан кормандони милисаро ҳангоми таҳқиқи як хабари оперативӣ латукӯб кардаанд”. Тафсилоти бештар ироа нашуд. Аммо пас аз чанде бо сабаби номаълум навор ҳазф карда шуд.

Баъдтар, раиси шаҳри Истаравшан ва додситони вилояти Суғд гуфтанд, ки он духтари ноболиғ бо мақомот ҳамкорӣ ва барои боздошти ҷавони аз хидмати ҳарбӣ сарпечикарда, кумак мекард. Вале касе аз онҳо шарҳ надод, ки ҷалби ноболиғ ва он ҳам бидуни ҳузури волидон барои анҷоми ҳар гуна амалиёт то куҷо мутобиқ ба меъёри қонунгузории кишвар аст.
Ҳамин тавр, дар пайи ин ҳодиса, охири моҳи майи соли 2023, нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳи 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Пас аз се моҳи ҳодиса, 7-уми сентябри соли 2023, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Истаравшан дар пайи қазияи мазкур 4 сокини ин деҳа (Ҷамолиддин Раҳматов, Деҳқон Абдусамадов, Бурҳон Турдиев, Талант Маҳмадқулов) аз 2 солу 6 моҳ то 3 сол равонаи зиндон шуданд, ду нафари дигар (Ғайрат Раҳматов ва Исфандиёр Урунбоев) аз 6 моҳ то 1,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Наим Назриев, раиси деҳаи Лакат расо як сол пеш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “ҳоло танҳо Ҷамолиддин Раҳматов дар зиндон боқӣ мондааст”.
“Талант Маҳмадқулов қариб 9 моҳ, Бурҳон Турдиев 7 моҳ ва Деҳқон Абдусамадов 2 моҳ пеш ба озодӣ баромаданд. Ҳамаи онҳо ҳоло дар ватан ҳастанд ва ба деҳқонӣ машғуланд”, – зикр карда буд Назриев.
Он замон ҳамсари Ҷамолиддин Раҳматов гуфта буд, ки шавҳараш муассисаи ислоҳии №1 и шаҳри Душанбе муҳлати ҷазоро адо мекунад ва “аз чизе шикоят надорад, танҳо умедвор аст, ки ҳарчи зудтар ба озодӣ барояд”.
Зикр кардан ба маврид аст, ки муноқишаи сокинон бо кормандони милитсия дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан дар расонаҳо ба таври гуфтурда инъикос ёфт ва интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.
Пас аз чанд муддати ҳодиса Руқия Ниёзқулова, модари А.Р. ҳам гуфт, ки кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ “барои суҳбат бо рӯзноманигорон ва паҳн кардани навор аз ҷойи ҳодиса, фишор оварданд ва ҳодисаро мунсифона таҳқиқ накарданд”.
Аммо мақомот ҳамеша ба мавқеи худ устувор истоданд ва ҳеҷ корманди полиси дар ин ҳодиса иштирокдоштаро муҷозот накарданд. Ва ҳам ба ин суол то ҳол посух нагуфтаанд, ки оё ҷалби духтари ноболиғ ба амалиёти боздошт тибқи кадом меъёри қонунгузорӣ сурат гирифтааст.








