Дар пайи садамаҳои роҳу нақлиёт танҳо дар рӯзи иди Қурбон, 27-уми май 7 тан ҷон бохта, 6 каси дигар ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) аз ҷумла, нисфирӯзии 27-уми май дар пайи як садама, ронанда ва ду мусофири дохили мошин ҷон бохтаанд. Ин ниҳод дар шаҳри ин ҳодиса гуфтааст, ки Фаррух Алматов, ронандаи мошин ҳангоми ҳаракат дар роҳи Данғара – Бохтар аз уҳдаи идораи худрав набаромада, ба бетони муҳофизати канори роҳ бархӯрдааст.
Ин ниҳод аз фавтидагон чунин ном бурдааст:
- Фаррух Алматов, 35-сола, сокини шаҳри Бохтар;
- Сайаҳтам Одиназодаи 59-сола, сокини шаҳри Бохтар;
- Камолидин Одинаеви 53-сола, сокини шаҳри Бохтар.
Дар ду ҳодисаи дигар, ду кас ҷон бохта, яки дигар захмӣ шудаааст. Аз ҷонбохтаҳо Ҳикматулло Ғафуров ва Мирзохон Ҷумаев ном бурда мешавад.
Ҳамчунин, бегоҳии рӯзи 27-уми май, Мусо Неъматови 34-сола, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” ба мошини тамғаи “Булдозер” бархӯрдааст, ки дар натиҷа, ронандаи мошини “Опел” ҷон бохта, 5 мусофири дохили мошин ҷароҳат бардоштаанд.
ВКД гуфтааст, ки инчунин дар пайи садамаҳои рӯзҳои 25 ва 26-уми май ду кас ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷонбохтагон Нуриддин Мирзоеви 27-сола ва Манижа Иноятоваи 24-ном бурда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва ҷони худро аз даст медиҳанд. Тибқи иттилои ВКД соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он, 643 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 542 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.








