Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Фарзона Муродӣ, asia+

Як сокини 60 – солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов даст ба худкушӣ задааст. Ҳодиса тақрибан соати 2:00 шаби 23 ба 24-уми май дар ҷамоати Ғулакандози ин ноҳия рӯх додааст.

Аз Додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, худкушии ин мардро тасдиқ карданд, вале аз ӯ ном набурданд. Ҳамин тариқ, онҳо дар бораи ҳодиса ҷузъиёт надоданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов бо тасдиқи ин ҳодиса, аз ин мард Баҳодур Абдуазизов, сокини 60 – солаи кӯчаи Дусматови ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳия ном бурд. Манбаъи мо гуфт, Абдуазизов “дар саҳни ҳавлӣ бо корди хоҷагӣ раги гарданашро буридааст”.

Сабаби даст ба чунин кор задани мард ҳоло маълум нест. Аз додситонии ноҳия гуфтанд, ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо аз ҳукумати ноҳия, мард 4 фарзанд – се писар ва як духтар дошт. Ҷасадаи Абдуазизовро имрӯз, 25-уми май дар оромгоҳи зодгоҳаш ба хок супурдаанд.

Ҳамасола дар вилояти Суғд даҳҳо ҳодисаи худкушӣ расонаӣ мешавад, ки бештар бо роҳи худовезӣ ва худро дар об ғарқ кардан ҷон медиҳанд. Аз ҷумла, як моҳ пеш, 17-уми апрел духтари 13 – сола дар ҷамоати деҳоти Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даст ба худкушӣ зада буд. Сабаби даст ба худкушӣ задани ӯ то ҳол барои расонаҳо маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, соли гузашта дар Тоҷикистон 364 ҳолати худкушӣ ва сӯқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2024-ум (316 ҳолат) 48 ҳолат бештар аст. Аз ин рақам 254 (соли 2024 – 217) ҳолат худкушӣ ва 110 (соли 2024 – 99) ҳолати дигар сӯиқасд ба ҷони худ будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...