Иштирокдорон метавонанд дар бораи имкониятҳои ворид шудан ба бузургтарин бозори маҷозӣ (маркетплейс), василаҳои фурӯши онлайн ва дурнамои рушди тиҷорати электронӣ дар минтақа маълумот гиранд.
Дар доираи вохӯрӣ коршиносони “Wildberries” дар мавзуъҳои зерин маълумоту машварат медиҳанд:
- чӣ гуна фурӯшро дар платформаи Wildberries оғоз кардан мумкин аст;
- барои фурӯшандагон аз Тоҷикистон кадом имкониятҳо дастрасанд;
- чӣ гуна фурӯши маҳсулотро дар маркетплейс самаранок роҳандозӣ кард;
- чӣ гуна кортҳои фурӯшандаи маҳсулотро дуруст омода кардан лозим аст;
- равандҳои ҳамлу нақл ва дастраскунӣ чӣ гуна амал мекунанд;
- инчунин таҷрибаҳои муваффақи фурӯшандагони платформа пешниҳод карда мешаванд
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои рушди тиҷорати электронӣ, густариши иқтидори содиротии истеҳсолкунандагони тоҷик ва дурнамои ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русия дар платформаи “Wildberries” равона мешавад.
Замон: 1-уми июни соли 2026, соати 10:30
Макон: Crowne Plaza Dushanbe
Иштирок ройгон буда, сабтином пешакӣ анҷом дода мешавад.
Сабтином тавассути ин пайванд дастрас аст: https://forms.wb.ru/f/431c70db-3cd9-4d7b-9ee1-51d52ba268b6







