Қазоқистон интиқоли гази моеъро аз Русия ба Тоҷикистон маҳдуд кардааст

Сабаб дар чист?

Сайфиддин Қараев, asia+

Охири моҳи апрел ширкати миллии таҳвилгари “Роҳи оҳани Қазоқистон” (“Қазақстан темір жолы”) як қисми дархостҳо барои интиқол ё транзити гази моеъ аз Русия ба Тоҷикистонро тариқи қаламрави худ рад кардааст.

Бино ба маълумоти сомонаи “bizmedia.kz“, чунин қарор бо дархости ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” “бинобар сабаби шумори зиёди вагонҳо ва сарбории низоми нақлиёт қабул шудааст”. “Азия-Плюс” натавонист, ки тасдиқи ин гуфтаҳоро аз Роҳи оҳани Тоҷикистон гирад.

Дар пасманзари ин, ҳамчунин болоравии нархҳо дар таҳвилагрони русиягӣ, охири моҳи апрел миқдори интиқолҳои якдафъаинаи гази моеъ ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон гарон шуданд. (ин таъминоте мебошад, ки газро на тибқи қарордоди дарозмуҳлат, балки бо шартҳои ҷории бозор мехаранд).

Вале ширкати бузургтарини таҳвилгар аз Қазоқистон ба Тоҷикистон – “Тенгизшевройл” мегӯяд, ки ҳеҷ як миқдори якдафъаинаро дар моҳи май ба кишвари мо нафиристодааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 27-уми апрел ба Тоҷикистон ҳудуди 25,7 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда, аз ин ҳаҷм 20,7 ҳазор тоннааш ба ҳиссаи “Тенгизшевройл” рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.