“Кош кабӯтар мебудам”, “Сукутамро ба борон ҳадя кардам”, “Ба ишқи ту баста шудам” ва мисли ин даҳҳо суруд, ки дар нақлиёти мусофиррасон, қаҳвахонаҳо ва гӯшиҳои ҳамроҳ садо медиҳад, маҳсули эҷоди Ясмина, тахаллуси овозхони ҳушвора аст.
Ясмина образи рақамие мебошад, ки бо истифода аз фанновариҳои ҳуши маснуӣ суруд эҷод мекунад. Вале бештаре аз мухлисони Ясмина намедонанд, ки ӯ сарояндаи тахайюлӣ мебошад ва ӯ намунаи ягонаи ин қабил овозхонон нест.
Мо дар мавриди мавқеъ, рақобати ҳушвора бо сарояндагони воқеӣ ва ҳуқуқи муаллифӣ бо коршиносон ҳамсуҳбат шудем.
Кист офарандаи Ясмина?
Ясминаро Фарҳод Ғафурӣ офаридааст. Ӯ мегӯяд, ҳадафи эҷоди овозхонони рақамӣ танҳо раванди истеҳсоли мусиқиро осонтар кардан аст.
Ба таъкиди ӯ, аксари сарояндаҳои маъруф наметавонанд дар 17–18 рӯз зиёда аз 4 миллион тамошобин ҷамъ оранд, аммо суруди “Кош кабӯтар мебудам” дар YouTube бештар аз 5 миллион маротиба дар ин муддат шунида шуд. Аз нашри ин суруд ҳоло 6 моҳ гузашт ва ҳоло зиёда аз 12 миллион маротиба шунида шудааст.

“Маҳз ин суруди Ясмина қариб аз тамоми кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мухлис пайдо кард. Дар зершарҳ бо ишораи парчами кишварашон ба ӯ аҳсан мехонданд ва бовар доштанд, ки ӯ одам аст”, – зикр кард Ғафурӣ.
Ӯ бар он назар аст, ки агар сурудҳои ҳушвора талаботи зиёд пайдо кунанд, ин нишонаи рақобати солим ва пешрафти бозори мусиқӣ хоҳад буд. Фарҳод таъкид мекунад, ки имрӯз маҳз шунавандагон рақобатро муайян мекунанд.
Ғафурӣ мегӯяд, барои таҳияи як суруди Ясмина одатан 1-2 рӯз лозим мешавад. Аммо ислоҳи талаффузи тоҷикӣ вақти бештар талаб мекунад.
“Баъзан барои дуруст кардани ҳамагӣ як ҷумла соатҳо кор мекунам, зеро ҳушвора ҳанӯз фонетикаи тоҷикиро пурра намефаҳмад. То ба даст омадани натиҷаи комил, суруд чанд маротиба таҳрир мешавад”, – гуфт ӯ.
“Ба робот продюсерӣ намекунам”
Пайдо шудани сарояндагони ҳушвора метавонад ба бозори продюссерон низ тағйирот ворид кунад. Аз рӯйи андешаи Раҷ Аҳмад, продюссер ва ровии тоҷик, сурудҳои сохтаи ҳушвора аслиятро аз байн мебарад ва метавонад ба ҳунару фарҳанги воқеӣ, таҳдид эҷод кунад.

Ӯ мегӯяд, писандида шудани бархе аз сурудҳои ҳушвора аз ҷониби шунавандагони зиёд, маънои ба дараҷаи ҳунармандӣ баробар будани овозхонони ҳуши маснуиро надорад.
“Фикр мекунам, сарояндаи ҳушвора ҳеҷ гоҳ ҷойи Шабнами Сурайё, ё мисли ӯро гирифта наметавонад. Овозхоне, ки истеъдод ва мақому мухлисони худро дорад, ҳеҷ гоҳ ба зеҳни сунъӣ такя намекунад”, – таъкид кард ӯ.
Раҷ мегӯяд, ки дар оянда худро ҳамчун продюссери сарояндаи ҳушвора тасаввур карда наметавонад.
“Сарояндагони ҳушвора ба фарҳангу ҳунар ва аслият хатар доранд. Вақте аслият аз байн равад, ҳар ин гуна сарояндагони тасодуфӣ метавонанд худро овозхон муаррифӣ кунанд”, – гуфт Раҷ Аҳмад.
Рақобат оғоз шуд
Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои нав дар Тоҷикистон мегӯяд, Suno.com ҳоло яке аз маъмултарин платформаҳо барои эҷоди сурудҳои ҳушвора мебошад. Ӯ гуфт, ки барнома бо забони англисӣ дар сатҳи касбӣ месарояд, аммо ҳанӯз дар талаффузи забони тоҷикӣ мушкил дорад.
“Айни замон рақобат миёни сарояндагони аслӣ ва сунъӣ оғоз ёфтааст. Масалан, маъмурияти пойгоҳи Spotify намехоҳад, ки мусиқиҳои тавлидкардаи зеҳни сунъиро дар саҳифаи худ ҷой диҳанд. Аллакай чанде аз чунин плейлистҳоро ҳазф карданд”, – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Гулов, вақте шунаванда намедонад, ки ин ё он сурудро инсон месарояд ё робот, пас рақобат аллакай оғоз ёфтааст.
“Ҳоло бартарии сарояндагони мо дар он аст, ки зеҳни сунъӣ тоҷикиро дуруст талаффуз намекунад. Аммо бо рушди шабакаҳои нейронӣ эҳтимол дорад дар оянда беҳтар хонад”, – таъкид кард ӯ.
Ҳуқуқи муаллифиро кӣ ба зимма мегирад?
Ҳуқуқшинос ва коршиноси масоили ҳуқуқи рақамӣ Парвина Ибодова гуфт, имрӯз бештари кишварҳои ҷаҳон қонунгузории марбут ба ҳуши маснуиро қабул кардаанд ё дар марҳилаи таҳия қарор доранд.
Ба андешаи ӯ, ба саволи “ҳуқуқи муаллифии маҳсули ҳушвора дар зиммаи кист?” ҳоло касе аз ҳуқуқшиносон ҷавоби қаноатбахш дода наметавонад.

“Ба гумон аст, ки ҳоло ҳуқуқшиносе тавонад посухи дақиқ пешниҳод кунад. Дар Тоҷикистон низ қонун ё санади махсусе, ки ин масъаларо танзим кунад, вуҷуд надорад. Дар маҷмӯъ, ин масъала ҳанӯз дар сатҳи баҳсу мунозира қарор дорад”, – мегӯяд ӯ.
Ба андешаи ӯ, ҳушвора субъекти ҳуқуқӣ нест, аз ин рӯ масъулияти ҳуқуқӣ надорад. Инчунин наметавонад соҳиби амвол бошад, шартнома бандад ё ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад.
“Ҳуши маснуӣ танҳо алгоритмест, ки мувофиқи дастур ва фармонҳо амал мекунад. Аз ин сабаб, масъулияти ҳуқуқӣ барои амалҳои он ба дӯши созмонҳо ё шахсоне мегузарад, ки онро истифода мебаранд”, – афзуд Ибодова. Бояд гуфт, ки сурудҳои ҳушвора имрӯзҳо дар миёни ҳамзабонон низ ҳаводори зиёд дорад. Барои мисол, Ҳайида яке аз сарояндагони маъруфи Эрон аст, ки соли 1990 аз олам чашм пӯшид, аммо дар соли 2025 дуэтҳои нави ӯ бо чанде аз сарояндагони дигари Эрон, махсусан Муин ба дунёи савту наво роҳ ёфт. Ин натиҷа бо кумаки ҳуши маснуӣ ба даст омад, ки аз садои Ҳайида истифода ва ӯро дубора маъруф кард.







