Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 майи соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:00 дар Кохи Наврӯз нахустнамоиши филми бадеии “Ошёни меҳр” баргузор мешавад. Дар он собиқадорони соҳа, ҳунармандон, ҷавонон ва дӯстдорони синамо иштирок мекунанд. Ин филм бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил таҳия гардида, аз музаффариятҳои миллӣ, ҷараёни корҳои созандагӣ дар нерӯгоҳи “Роғун”, мактаби ҷавонмардӣ ва нерӯи ишқи инсонӣ қисса мекунад. Вуруд озод аст.

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Хостгорӣ дар рӯзи ҷашн” ба саҳна гузошта мешавад. Намоишнома ҳаҷвӣ буда, аз рӯйи асари Антон Павлович Чехов бо коргардонии Нозим Меликов рӯйи саҳна омадааст. Арзиши чипта 30 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 14:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти Қобилҷон Зарифов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон баргузор мешавад. Шоми эҷодии овозхон бо унвони “Шукрона мекунам” доир шуда, арзиши чипта 50 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 17:00 дар “Кохи Суруш” ба муносибати Рӯзи ҷавонон консерти сарояндагони ҷавон баргузор мешавад. Арзиши чипта барои вуруд аз 50 то 70 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори Суҳроб Қурбонов, арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон аз маҷмуи фонди Осорхона таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” идома дорад. Он рӯзи 22 май ифтитоҳ гардида, то 5-уми июн давом мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар даврони истиқлол беш аз 30 асари ин рассом аз хазинаи Осорхона ба тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд.

– Имрӯз барои Париматч-Суперҷоми Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” рақобат ҷараён мегирад. Бозӣ соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор оғоз мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

23-юми май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад.

17-уми майи соли 2003 Дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе нахустин маросими тақдими ҷоизаи мусиқии “Суруди сол” аз ҷониби радиои “Азия-Плюс” баргузор шуд. Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иштирок намуда, эълон дошт, ки минбаъд 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон таҷлил хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯзи соли 1997 Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис ёфтаааст.

Соли 2011 – Дар пойтахт аввалин форуми миллии заноне, ки бо вируси норасоии масунияти бадан (ВНМО) зиндагӣ мекунанд, баргузор гардид.

Соли 2020 – Гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар пандемияи коронавирус дар Туркия дармонда буданд, ба Душанбе оварда шуданд.

Соли 2024 – Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эронро дар зодгоҳаш шаҳри Машҳад ба хок супориданд. Чархболи ӯ рӯзи 19-уми май дар роҳи баргашт аз Табрез дар минтақаи Озарбойҷони шарқӣ суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса ҷамъан 8 нафар ҷон бохтанд. Пас аз ин 5 рӯз дар Эрон мотами миллӣ эълон шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1892 – Мавлуди Охунҷон Ёқубов, кандакор ва наққоши тоҷик.

Соли 1937 – Зодрӯзи Алиқул Тӯраев, зистшинос, номзади илмҳои биология.

Соли 1940 – Зодрӯзи Бахтиёри Муртазо, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

 

Бахтиёри Муртазо яке аз рӯзноманигорони варзидаи тоҷик буда, солҳо дар рӯзномаҳои мухталифи кишвар ҳамчун муҳарриру сармуҳаррир фаъолият кардааст. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда,  солҳо дар рӯзномаҳою ҳафтаномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои Шарқ”, “Садои мардум”, “Минбари халқ” чун муҳарриру сармуҳаррир хидмат кардааст. Як муддат раиси Шӯрои очерку публисистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи “Минбари халқ” дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” будааст.Солҳои 1969-1973 дар Афғонистон тарҷумон буд.

Бахтиёри Муртазо муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳо буда, қиссаи “Роҳи Каҳкашон”-и Чингиз Айтматов, романи “Сурх ва сиёҳ”-и Стендал, “Садбарги заррин”-и Константин Паустовский ва асарҳои дигар адибонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Соли 1946 – Мавлуди Абдуҷаббор Сатторов, таърихшинос, аввалин ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.

 

Абдуҷаббор Сатторов дастпарвари факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе аст. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёна оғоз карда, минбаъд то ба вазифаҳои баланди роҳбарӣ расидааст. Ӯ солҳои гуногун дар вазифаҳои ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Душанбе, котиби ҲК ҶШС Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият кардааст.

Абдуҷаббор Сатторов аввалин ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд, ки дар ин вазифа 8 сол (1996-2004) хидмат карда, дар рушди ин мактаби олӣ саҳми арзанда гузоштааст. Номбурда 2-юми майи соли 2013 дар 66-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1951 – Мавлуди Алишер Абдуллоев, риёзидон ва файласуфи тоҷик.

Соли 1951 – Зодрӯзи Шӯҳрат Султонов, олим, сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ.

Соли 2020 – Мунира Ҳакимова, яке аз ровиён ва наттоқони шинохтаи Тоҷикистон дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Мунира Ҳакимова яке аз наттоқони саршиноси телевизиони Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ҳамчун техники сабти овоз дар Киностудияи “Тоҷикфилм” оғоз кардааст. Баъдан китобдори Хонаи афсарони гарнизони Душанбе, наттоқи Сардирексияи барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радио буд. Аз соли 2009 директори Кохи Ҷомӣ буд.

Номбурда аз синни 6-солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои “Субҳи ин ҷо сокит аст”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Воқеа дар фурудгоҳ” ва ғ. (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

23-юми май рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Федеролии Олмон аст. Пас аз таслимшавии Олмони фашистӣ дар моҳи майи соли 1945, тамоми қаламрави он ба чор минтақаи ишғолӣ тақсим карда шуд, ки таҳти назорати Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир ва Фаронса қарор доштанд. Ҳокимияти сиёсӣ ва идорӣ дар ҳар минтақа ба зиммаи маъмурони ҳарбии кишварҳои ишғолгар вогузор гардид.

 

23-юми майи соли 1949, дар натиҷаи таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии минтақаи ғарбии Олмон, дар се минтақаи таҳти назорати Ғарб (амрикоӣ, англисӣ ва фаронсавӣ) пас аз қабули Қонуни асосӣ (Grundgesetz), давлати мустақил бо номи Ҷумҳурии Федеролии Олмон (ФРГ) бо пойтахташ дар шаҳри Бонн таъсис дода шуд. Қонуни асосӣ ин ҷумҳуриро ҳамчун як давлати федеративӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд муайян намуда, дар он имкони пайвастани дигар заминҳои Олмон низ пешбинӣ шуда буд.

Дар ҷавоб ба ин иқдоми Ғарб, 7-уми октябри соли 1949 дар минтақаи таҳти назорати Иттиҳоди Шӯравӣ низ конститутсияи хоса қабул шуд ва бо ин роҳ давлати дуюми олмонӣ – Ҷумҳурии Демократии Олмон (ГДР) бо пойтахташ шаҳри Берлин (Шарқӣ) таъсис ёфт.

Имрӯз дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии сангпушт ҷашн гирифта мешавад, ки рамзи хирад ва дарозумрӣ ба шумор меравад.

Ин ҷашни ғайриоддӣ дар соли 2000 бо ташаббуси Ҷамъияти наҷоти сангпуштҳои Амрико таъсис ёфтааст. Ин созмонро соли 1990 як гурӯҳи довталабон дар шаҳри Малибуи иёлати Калифорнияи ИМА таъсис доданд, то ки шумораи сангпуштҳои дар атрофи шаҳр зиндагикунандаро муҳофизат намоянд.

 

23 май инчунин Рӯзи байналмилалии куштӣ аст, ки бо ташаббуси худи куштигирон дар соли 2013 таъсис ёфтааст.

Ҳадафи асосии ин санаи варзишӣ тарғиби куштии озод, юнонию румӣ ва дигар намудҳои он мебошад. Ин рӯз ба ифтихори баргузории нахустин мусобиқоти ҷаҳонии куштии юнонию румӣ 23-юми майи соли 1904 дар шаҳри Вена, ки дар он 26 варзишгар иштирок доштанд, интихоб шудааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 9+14º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда,, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 18+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 10+12º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад