Ҷуфтҳои даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд. Ҷуфти пурқуваттарин кадом аст?

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 май баргузор мешаванд.

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Маросими қуръакашии даври асосии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои он 16 даста аз ҳарифони худ дар даври 1/8 финалии мусобиқа, ки дар он ба рақобат тимҳои лигаи олӣ ҳамроҳ мешаванд, огоҳ шуданд.

Дар мусобиқоти кунунӣ 12 дастаи лигаи олӣ ва 4 намояндаи лигаи якум, ки марҳилаҳои интихобиро муваффақона гузаштанд, иштирок мекунанд. Маҳз аз ҳамин марҳила мусобиқа шакли пурраи плей-оффро мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз рӯи натиҷаҳои ду вохӯрӣ аз ҳаққи идомаи мусобиқа маҳрум мешавад.

Маросими қуръакашӣ. Акс аз ФФТ

Тибқи натиҷаҳои қуръакашӣ ҷуфтҳои зерини давраи 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд: «Регар-ТадАЗ» — «Эсхата», КМВА (ЦСКА) — «Панҷшер», «Сардор» — «Рахш», «Истаравшан» — «Барқчӣ», «Равшан» — «Ҳосилот», «Парвоз» — Ғолиби бозии ҷуфти «Душанбе»/«Сомон», «Вахш» — «Моҳир», «Хуҷанд» — «Истиқлол».

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа имсол аз даври 1/8 финалӣ баргузории ду бозии дастаҳо – дар хона ва дар меҳмонӣ пешбинӣ шудааст. Бозиҳои аввали даври 1/8 финалӣ рӯзҳои 27-29 май муқаррар шудааст. Бозии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 дар варзишгоҳи “Вахш” дар Бохтар доир мегардад.

Акс аз ФФТ

Айни замон тими “Регар-ТадАЗ” аз шаҳри Турсунзода соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистон аст. Дар бозии финалии соли гузашта футболбозони шаҳри Турсунзода дастаи “Эсхата” аз Хуҷандро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб карда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.