Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Идибеки Саид, asia+

Дар се моҳи соли равон теъдоди аҳолӣ дар Тоҷикистон 48,7 ҳазор нафар зиёд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 1,1% кам мебошад. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар се моҳ дар кишвар 57,9 ҳазор тифл таваллуд шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1% кам мебошад.

Дар се моҳ дар минтақаҳои кишвар чунин омори таваллуд сабт шудааст:

– вилояти Хатлон -24 ҳазор нафар;

– ВМКБ – 700 нафар;

– вилояти Суғд – 13,3 ҳазор нафар;

– шаҳри Душанбе – 5,5 ҳазор нафар;

– шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 14,4 ҳазор нафар.

Акс аз саҳифаи Оҷонсии омор дар "Фейсбук"

Ба иттилои манбаъ, теъдоди таваллуд дар ВМКБ 11,2%, вилояти Хатлон 1,6% ва шаҳри Душанбе 8,9% коҳиш ёфта, баръакс дар вилояти Суғд 1,1% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,8% афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра дар

– вилояти Суғд – 3 ҳазор нафар;

– шаҳри Душанбе – 900 нафар;

– ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  1,8 ҳазор нафар;

– вилояти Хатлон – 3,2 ҳазор нафар;

– ВМКБ – 260 нафар фавтидааст.

Акси марбут аз манобеи боз

Афзоиши баландарини фавт дар ВМКБ сабт шуда, 260 ҳолат ва ё 38,3% ё ба қайд гирифта шудааст. Камтарин нишондоди фавт дар Суғд ба қайд гирифта шудааст, вале дар ин вилоят фавт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7% афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои расмӣ, аҳолии Тоҷикистон то 1-уми апрели соли 2026 ба 10 миллиону 767,9 ҳазор нафар расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.