Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза – 29-31-уми март ба вилояти Суғд меравад. Дар ин бора як манбаъ аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ин вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, дар пайи ин, аз 29 то 31-уми март бархе роҳҳои мошингарди ин вилоят баста мешавад. Ӯ гуфт, сабаби басташавии роҳҳо “таъмини бехатарии меҳмонони […]

admin

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза – 29-31-уми март ба вилояти Суғд меравад. Дар ин бора як манбаъ аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ин вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, дар пайи ин, аз 29 то 31-уми март бархе роҳҳои мошингарди ин вилоят баста мешавад.

Ӯ гуфт, сабаби басташавии роҳҳо “таъмини бехатарии меҳмонони олиқадр” аст. Ҳамчунин, дар як эълоне, ки аз номи ин шуъба дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо чанд роҳи мошингарди вилоят “бо сабаби ташрифи меҳмони олиқадр” баста мешавад.

Қаблан, зери ин мафҳум сафари президент фаҳмида мешуд.

Тибқи иттилои шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар Суғд, дар пайи ин сафар чунин роҳҳо дар вилоят баста мешаванд:

29-уми март:

– роҳҳои кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва И. Сомонии шаҳри Бӯстон;

– шоҳроҳи ноҳияи Б. Ғафуров–Хуҷанд аз “Оташи абадӣ” то ФКХ, кӯчаҳои И. Сомонӣ, 25-солагии Истиқлол, С. Умаров то Пули ҷашнӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд;

30-юми март:

– шаҳри Гулистон, ҷамоати Д. Холматов то давраи Ороми ноҳияи Мастчоҳ ва роҳи Душанбе-Чаноқ;

31-уми март:

– шаҳри Исфара аз даромадгоҳи шаҳр то гардиши Шӯроб ва кӯчаҳои марказии шаҳр.

Дар робита ба ин мақомот аз ронандагону мусофирон хостаанд, ки дар рӯзҳои мазкур тариқи роҳҳои номбаршуда бе зарурат ҳаракат накунанд. Тибқи анъана, зимни сафар ба минтақаҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як қатор бинову иншооти маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Президент бори охир моҳи моҳи ноябри соли гузашта бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио