Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 майи соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон иди Қурбон таҷлил мешавад.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мешавад. Намози ид дар масоҷиди кишвар соати 6:00 баргузор мешавад.

Иди Қурбон, ки бо номи иди Азҳо низ ёд мешавад, ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа (тақвими қамарӣ) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз маъмулан 70 рӯз ё ба ибораи дигар, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи иди Фитр фаро мерасад. Дар ин рӯзҳо миллионҳо мусалмон дар Маккаи Мукаррама ҷамъ омада, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд.

– Дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии об идома дорад. Он рӯзи 25-уми май оғоз шуд ва то 28-уми май давом мекунад. Ин ҳамоиш яке аз бузургтарин чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аст. Он аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил шудааст. Ҳадафи асосии он баррасии мушкилоти ҷаҳонии вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори Суҳроб Қурбонов, арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон аз маҷмуи фонди Осорхона таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” идома дорад. Он рӯзи 22 май ифтитоҳ гардида, то 5-уми июн давом мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар даврони истиқлол беш аз 30 асари ин рассом аз хазинаи Осорхона ба тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли  2001 – Қувват Султон, собиқ раиси Кумитаи андоз ва корманди пешини мақомоти қудратӣ ҳизби “Тараққиёт”-ро таъсис дод, ки билохира сабти ном нашуд.

Соли 2003 – Дар Тоҷикистон аввалин форуми намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, матбуот ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа Созишномаи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

Соли 2003 – Дар шаҳри Исфара нахустин Симпозиум-фестивали байналмилалии мусиқии классикии “Шашмақом” баргузор шуд.

Соли 2009 – Зариф Ализода ба вазифаи нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2009 – Дар шаҳри Душанбе Коллеҷи олии САҲА оид ба идораи сарҳадҳо (OSCE Border Management Staff College) расман ифтитоҳ ёфт. Коллеҷ дар доираи Барномаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амал мекунад ва дар бинои ин ниҳод дар Душанбе ҷойгир аст. Маълум нест, он то ҳол фаъол аст ё не.

Соли 2010 – Ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” нахустин парвози мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Киев-Душанбе анҷом дод.

Соли 2017 – Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ду сохтори мустақил: Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақсим шуд. 

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз минтақаҳои сарҳадии кишвар бо Афғонистон боздид намуда, чандин гузаргоҳҳои сарҳадиро ифтитоҳ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1945 – Мавлуди Бурҳон Маҳмадқулов, овозхони маъруфи операи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Бурҳон Мамадқулов хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе ва Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский буда, аз соли 1967 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ будааст.

Тӯли ин солҳо дар зиёда аз 40 опера нақш офаридааст, аз ҷумла Назир дар “Шӯриши Восеъ”, Ҳайдарбек дар “Қишлоқи тилоӣ”, Айнӣ дар “Айнӣ”, Мадан дар “Комде ва Мадан”, шоҳ Ковус дар “Рустам ва Суҳроб” аз ҷумлаи онҳоянд.

Ҳамчунин ӯ беш аз 90 суруду романсҳои композиторони мухталиф ва сурудҳои халқиву классикиро иҷро намудааст, аз ҷумла “Саламно”, “Гулъузорам”, “Дилбари ҷонон”, “Муҳаббат”, “Ҷавонӣ” ва ғайра.

Номбурда моҳи январи соли 2023 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1948 – Зодрӯзи Бурҳонҷон Ризоев, муаррих, доктори илми таърих, профессор.

Соли 1949 – Мавлуди Ғуфрон Раҳимбоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 1950 – Зодрӯзи Душанбе Паллаев, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Соли 1955 – Мавлуди Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷик, шореҳи сиёсӣ.

Неъматулло Мирсаидов рӯзноманигори байналмилалӣ, шореҳи сиёсӣ, ки бештар масоили сарҳадиро барои расонаҳо шарҳ медиҳад.

Ӯ яке аз асосгузорони Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “Мир” мебошад. Ҳамчунин аввалин таҳлилгари сиёсӣ дар радиову телевизиони Тоҷикистон дониста мешавад. Номбурда фаъолияти касбии худро соли 1979 дар Кумитаи телевизион ва радио оғоз намуда, аз вазифаи мухбир дар Телевизиони Тоҷикистон то роҳбари барномаҳо расидааст.

Неъматулло Мирсаидов дар расонаҳои зиёди байналмилалӣ ва маҳаллӣ кор кардааст. Чанд сол муҳаррир дар расонаи “Варорӯд” буд, ки ҳоло аз нашр бозмондааст.

Соли 1965 – Мавлуди Нурулло Оқилзода, собиқ раиси ноҳияи Масчо ва Кӯҳистони Масчоҳ

Соли 1970 – Зодрӯзи Шаҳло Акобирова, рӯзноманигор, роҳбари ташкилоти “Хома”.

Шаҳло Акобирова беш аз 20 сол аст, ки яке аз фаъолноктарин созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии расонаӣ – “Хома”-ро роҳбарӣ мекунад.

Ӯ фаъолияти журналистии худро дар телевизиони шабакаи аввали Тоҷикистон оғоз намуда, сипас директори барномаи иттилоотию таҳлилии “Тоҷикистон” будааст.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хабарнигори шабакаи телевизионии Русия дар Тоҷикистон дар барномаи “Вести” буд. Ӯ як муддат роҳбарии барномаҳои таълимии расонаӣ дар ташкилоти байналмилалии “Internews Network”-ро ба уҳда дошт. Ҳамчунин Акобирова аз моҳи ноябри соли 2017 то ноябри 2019 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

27 май дар таърих ҳамчун рӯзи таъсиси шаҳри Санкт-Петербург – аввалин бандари Русия дар Баҳри Балтик ҷашн гирифта мешавад.г

27 майи соли 1930 ихтироъкори амрикоӣ Ричард Дрю патенти “скотч”-ро ба қайд гирифт. Ин навоварӣ дар лабораторияи 3M (Minnesota Mining and Manufacturing Company) таҳия шудааст.

Аввалин навъи “скотч” аз резина, равғанҳо ва қатрон дар заминаи селофан сохта шуда буд. Он бо хосиятҳои обногузарӣ, тобоварӣ ба ҳароратҳои гуногун ва шаффофӣ фарқ мекард, ки барои замонааш як навоварии воқеӣ ба шумор мерафт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 27+32º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ғарби вилоят эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 19+24º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ ва омадани сел дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 16+18º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 10+12º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 27 ба 28-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.