Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ӯ дар Покистон чашм ба ҷаҳон кушод, дар майдонҳои набарди Афғонистон бар зидди Бритониё размид, аз зиндон гурехт ва ба сарзамини бегона – Осиёи Миёна паноҳ овард. Вале дар ин ғурбатсаро ӯ на танҳо Ватани нав, балки халқи дигареро пайдо кард: халқи тоҷикро! Нисор Муҳаммад – яке аз бунёдгузорони низоми маориф дар Тоҷикистони Шӯравӣ. Ӯ дар оташи таъқиботи сталинӣ қурбон шуд, ҷисмашро сӯзонданд, вале хокистараш пас аз қариб 90 сол ба Тоҷикистон оварда шуд.

Мо бо такя ба филми мустанади “Нисор”-и коргардони зиндаёди тоҷик Сафарбеки Солеҳ ва таҳқиқоти илмии муҳаққиқ Бахтовар Темурзода, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, зиндагиномаи Нисор Муҳаммадро рӯйи сафҳаҳо кошта, аз хадамоти мондагори мавсуф ёд меорем.

Эмомалӣ Раҳмон вақти эҳтиром ба хоки бузургони халқи тоҷик, акс аз asia+

Пайкори як мубориз аз Пешовар то Душанбе ва Маскав

Нисор Муҳаммади Юсуфзай соли 1897 дар шаҳри Пешовар – мавзеъе, ки он вақт зери тасарруфи Ҳиндустони Бритониё буд ва имрӯз ба қаламрави Покистон аст, таваллуд шуд. Дар муҳити пурошӯби сиёсие, ки озодихоҳӣ ҷонбозиҳо мехост, ӯ аз айёми ҷавонӣ ба ҳаракатҳои истиқлолхоҳии Ҳиндустону Афғонистон пайваст. Ин даврон замони авҷи ҷунбишҳои миллӣ дар кишварҳои мустамлика ва бедории ҷавонони ҳурриятхоҳ буд.

Нисор Муҳаммад аз ҳаводорони подшоҳи навовар ва ислоҳотхоҳи Афғонистон – Амонуллоҳхон ба шумор мерафт. Амонуллоҳхон 21-уми феврали соли 1919 ба тахти шаҳриёрӣ нишаста, ҳамон замон бар зидди империяи Бритониё эълони ҷиҳод кард ва лашкаре иборат аз 12 ҳазор сарбозу 100 ҳазор размандаи кӯчиро ба сӯи Ҳиндустон равона сохт.

Дар ин ҷанги Англияву Афғонистон Нисор Муҳаммад аз худ шуҷоати беназир нишон дод ва сазовори нишони давлатии “Ба хотири шуҷоат” шуд.

Аммо ин ҷанг бо мағлубияти Афғонистон ба поён расид. Бритониё Кобулро аз ҳаво бомбаборон кард ва 11-уми майи ҳамон сол нерӯҳои афғонистониро шикаст дод.

Дар натиҷа, Амонуллоҳхон хостгори сулҳ шуд. Вале оқибати ин ҷанг барои Нисор Муҳаммад, ҳамчун шаҳрванди қаламрави таҳти назорати Бритониё, басо вазнин афтод: ӯро ғоибона ба қатл маҳкум карданд.

Нисор Муҳаммад аз зиндон фирор кард. Ӯ аз тариқи Афғонистон роҳ паймуда, худро ба Тошканд, ки аз марокизи ҳаракатҳои инқилобии Осиёи Миёна буд, расонд. Ин сафар оғози як зиндагии нави ӯ шуд.

Дар саргаҳи таъсиси давлат

Замоне ки Нисор Муҳаммад ба Осиёи Миёна қадам ниҳод, халқи тоҷик дар гирдоби буҳрони шадиди сиёсӣ мепечид. Ҳузури беш аз 500 афсари турки асири Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар ин замин ҳаракатҳои пантуркистиро қувват дода буд. Дар Бухорое, ки асрҳо боз забони тоҷикӣ ҳатто дар замони шоҳони турктабори Манғит забони расмии кишвар буд, акнун ин забонро “омили ақибмонӣ ва мероси амирӣ” хонда, аз саҳнаи сухан меронданд. Дар ин миён, қисме аз зиёиёни тоҷик низ барои ҳифзи курсиву мансаб аз аслу насаби худ чашм пӯшиданд.

Дар акси таърихӣ Устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммад, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ҷалол Икромӣ, Силсилабону ҳузур доранд, акс аз манобеи боз

Иддаои пантуркистҳо ошкоро ва басо дағалона буд: “Миллате бо номи тоҷик вуҷуд надорад! Дар кӯҳистони Бухорои Шарқӣ чанд кӯҳнишин ҳастанду халос. Шаҳриёни Самарқанду марказҳои дигар бошад, форсҳои кӯчманчианд ва ҳаққи таъсиси ҷумҳурии мустақилро надоранд”.

Шириншоҳ Шоҳтемур аввалин шуд, ки сина сипар кард ва роҳбарии бахши тоҷикиро дар Ҳизби коммунисти Туркистон ба уҳда гирифт. Нисор Муҳаммад дувумин буд – фарзанди фарзонае, ки бо ҳидоят ва ҳама гуна ёрии Шоҳтемур ба ин набарди сарнавиштсоз пайваст. Нафари сеюм дар ин сангар Алексей Дьяков буд – шарқшиносе, ки бо тоҷикӣ гап мезад ва бо форсӣ менавишт.

Маҳз бо фидокориҳои чанд марди бузург, тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддуну мустақил эътироф шуданд ва таҳкурсии таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ гузошта шуд. Ва Нисор Муҳаммад дар ин масири таърихӣ, аз танзими аввалин ҳуҷҷатҳо то сохтмони ниҳодҳои давлатӣ, нақши арзишманд гузошт.

Нисори мубаллиғи маорифпарварӣ

Нисор Муҳаммад на танҳо як маорифпарвари собитқадам, балки инсони муборизе буда, ки ҳеҷ гоҳ аз хатар рӯй намегардонд. Соли 1920, вақте дар Гилёни Эрон қиёми мардумӣ бар зидди ҳукумати шоҳӣ оғоз шуд, Нисор Муҳаммад ҳамроҳ бо арбоби маъруфи сиёсӣ Серго Орджоникидзе ба он ҷо рафт ва 5 моҳ дар ин мавзеъ монд. Ӯ дар ин ҷараён бо раҳбари инқилобии Эрон – Мирзо Кӯчакхони Ҷангалӣ мулоқот кард.

Дар ҳамон рӯзгори пурошӯб, Нисор Муҳаммад бидуни ҳарос ба дурдасттарин деҳаҳо сафар мекард. Ӯ бо мардуми маҳаллӣ ва деҳқонон рӯбарӯ суҳбат ва ғояҳои маорифпарвариро тарғиб мекард.

Ҷасорати ӯ чунон буда, ки ҳамзамононаш бо ҳавас мегуфтанд: “Ҳамроҳи Нисор рафтан барои ҳар яки мо ифтихор аст”.

Нисори таъсисдиҳандаи матбуоту нашриёт

Ба қавли муҳаққиқон, Саидризо Ализода ва Нисор Муҳаммадро метавон ду сутуни ҷудоинопазири матбуоти миллии тоҷик хонд. Саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷик дар солҳои 20–30-юми асри гузашта бо номи ин ду марди фидокор гиреҳ хӯрдааст.

Бо ҳиммату талошҳои ҳамин ду тан ва бо пуштибонии устод Садриддин Айнӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур, рӯзи 25-уми августи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд рӯзномаи наҷотбахши “Овози тоҷик” рӯйи чоп омад. Ин ҷарида минбари навине буд, ки ҳувият ва овози бедории тоҷиконро ба гӯши ҳамагон расонд.

Ин ҷарида доғу дарди тоҷиконро рӯйи сафҳаҳо оварда, дар худшиносиву бедордиливу ҳуррияти халқи мо саҳми бориз гузошт. То он ҷое, ки имрӯз ҳам ҳамон ҷаридаи таъсисдодаи Нисор Муҳаммад ва ёронаш нашрияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” аст.

Нашриёти давлатӣ вақте қуввати дучанд гирифт, ки 15-уми июни соли 1926 устод Айнӣ ҳамчун корманди адабии шуъбаи самарқандии он ба кор оғоз кард. Пайванди кории ин ду нобиғаи миллат – устод Садриддин Айнӣ ва Нисор Муҳаммад саҳифаҳои дурахшонеро дар таърихи фарҳанги мо рақам зад.

Нишони дигаре аз хидматҳои Нисор Муҳаммад китобест бо хати форсӣ таҳти унвони “Афсонаҳо ва ривоятҳои тоҷикони Шуғнон” (чопи соли 1923, Тошканд), ки баъдан аз миёни коғазҳои ӯ дар Маскав пайдо шуд. Ин асар аз нахустин кӯшишҳои илмӣ барои гирдоварӣ ва зинда нигоҳ доштани заминаҳои забони тоҷикони кӯҳистон аст.

Нисори соҳаи маориф

Нисор Муҳаммад барои Тоҷикистон дар бунёди низоми нави маориф хидмати арзанда кардааст. Ин масир аз соли 1922 оғоз шуд, Нисор Муҳаммади озодихоҳ дар Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна дар Тошканд ба тадрис пардохт. Ӯ ҳамзамон дар Комиссияи маорифи Туркистон ба хидмат камар баст – маҳз ҳамон ҷое, ки пайванди маънавию инқилобии ӯ бо равшанфикри дигари тоҷик Саидризо Ализода гиреҳ хӯрд.

Самараҳои ин пайванд заминаҳои фарҳангиро устувор сохтанд. Соли 1923, ҳатто замоне ки Тоҷикистон ҳанӯз дар харитаи сиёсии ИҶШС вуҷуд надошт, Нисор Муҳаммад нахустин “Дастури арифметика”-ро ба забони тоҷикӣ таълиф кард.

Акс аз манобеи боз

Қадами дигари тақдирсози ӯ таъсиси Донишкадаи маорифи тоҷик (Инпрос) дар Тошканд буд, ки 31-уми декабри соли 1924 дарҳояшро боз кард. Нисор Муҳаммад ташкилкунанда ва нахустин мудири ин боргоҳи илму маърифат шуд ва аз январи соли 1925-ум 60 донишҷӯи тоҷик дар он ба таҳсил шурӯъ карданд. Соли 1927 нахустин гурӯҳи донишҷӯён ин донишкадаро хатм карданд.

Дар байни онҳо чеҳраҳое, ки баъдтар барои фарҳангу адабиёти тоҷик хидмат карданд зиёд буданд: шоир Мирзо Турсунзода, нависанда Сотим Улуғзода ва нахустин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов.

Дар солҳои 1926–1929 Нисор Муҳаммад аввалин Комиссари халқии маорифи Тоҷикистон таъин шуд. Ин маснад баробари вазири маорифи имрӯза аст.

Дар ин давра нахустин мактабҳои типи нав, китобхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистон таъсис ёфтанд ва ӯ бори аввал дарҳои донишгоҳҳои Тошканд, Маскав ва Ленинградро ба рӯи фарзандони деҳқонону коргарони тоҷик кушод. Пас аз як танаффуси кӯтоҳ, ӯ соли 1930 дубора ба мансаби вазири маорифи Тоҷикистон баргашт ва то вақти ба Маскав рафтанаш ин вазифаро бо сарбаландӣ ва ҷонфидоӣ пеш бурд.

Нисори зуллисонайн, ки 11 забон медонист

Нисор Муҳаммад дар баробари роҳбари соҳаи маориф, худаш ҳам донишманд ва олими воқеӣ буд. Ӯ ба 11 забон, аз ҷумла тоҷикӣ – форсӣ, пашту, урду, арабӣ, туркӣ, русӣ ва англисӣ озод суҳбат мекард. Забони русиро дар Тошканд бо ҳидояти профессор Семёнов ва ёрии ҳамсараш Вера омӯхт.

Нақл мекунанд, ки ӯ романи машҳури Михаил Шолохов “Дони ором”-ро бо шавқи зиёд ба русӣ мутолиа мекард ва маънои вожаҳои хоси маҳаллӣ, ба монанди “курен” (ҳавлии казакҳо) ва “амбар” (анбор)-ро аз духтараш Ираҷон (Ира-джан) мепурсид.

Ин сиёсатмадори фарзона уфуқҳои илмии худро дар соҳаи забоншиносиву мардумшиносии Осиёи Миёна густариш дода, осори гаронбаҳое таълиф мекунад. Хидмати дигари таърихии ӯ роҳнамоӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи экспедисияҳои илмӣ буд.

Маҳз бо саъйи ӯ этнографи номдор Михаил Андреев тавонист таҳқиқоти худро дар кӯҳистони Тоҷикистон ба сомон расонад. Нисор Муҳаммад дар соли 1926 дар сафари илмии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба минтақаҳои Фалғар ва Искандаркӯл шахсан камар баст, кӯҳ ба кӯҳ ҳамроҳи олимон гашт ва заминаи таҳқиқоти антропологии мардуми маҳаллиро гузошт.

Худи Нисор Муҳаммад, ба гуфтаи муҳаққиқи тоҷик Бахтовар Темурзода, муаллифи 11 асари илмӣ аст, ки муҳимтарини онҳо: “Роҳнамои ҳисоб» (1923), “Алифбо” (1924), “Масъалаи баромади тоҷикон” (1929), “Тоҷикон дар роҳи ҳақиқат” мебошад

Бахтовар Темурзода инчунин менависад, ки “дар натиҷаи талошу кӯшишҳои Нисор Муҳаммад як силсила китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ, ба монанди “Мухтасари раҳнамои ҳисоб”-и Н. Муҳаммадов (1923), “Соли нахуст”-и Саидризо Ализода (1924), “Алифбои забони тоҷикӣ”-и Н. Муҳаммадов (1924), “Сарфу наҳви забони тоҷикӣ”-и Саидризо Ализода (1924 нашри якум), “Алифбои тоҷикӣ”-и Мазҳар Махдум Бурҳонов ва Садриддин Киром (1925), “Роҳбари бесаводон”-и Исматулло Раҳматуллозода ва Ҳоҷимуъмин Шукруллозода (1925), китоби хониши “Калиди дониш”-и Манофзода (1926), “Сарфу наҳви забони точикӣ”-и С. Ализода (1926 нашри дуюм), “Омӯзиш”-и В. Маҳмудӣ ва Т. Зеҳнӣ (қисми I-III.(1928) ба табъ расиданд.

Жарфнигоҳии ӯ ба ояндаи миллат ва дониши фарохаш боис шуд, ки соли 1927 ҳамчун намояндаи Тоҷикистон дар Кумитаи умумишӯравии алифбои нав пазируфта шавад. Мегӯянд, ки барои ӯ масъалаи хату забон танҳо як баҳси хушки китобӣ набуд, балки санге дар девори истиқлоли сиёсии тоҷикон ба шумор мерафт.

Баъдтар, соли 1932 ӯ дар Институти шарқшиносии Маскав ба тадриси забонҳои урду ва пашту шурӯъ кард, ки ин гувоҳи эътирофи маҳорати забонии ӯ дар баландтарин сатҳи илмии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Нисор муҳаммад бо ҳамсар ва духтараш, акс аз филми мустанади "Нисор"

Нисори ҳақталошу оштинопазир

Ба Нисор Муҳаммад, тавре коргардони тоҷик Давлати Худоназар мегӯяд, танҳо ҳамчун як инқилобгар ва арбоби давлатӣ нигоҳ кардан чандон дуруст нест. Ӯ инсоне васеъназар ва дорои рӯҳияти баланди фарҳангӣ буд. Ба театр ва опера иштиёқи беандоза дошт. Дар замони дар Маскав буданаш, ҳамроҳи ҳамсараш Вера мунтазам ба Театри бузург мерафт. Нақл мекунанд, ки ӯ ҳатто ҳангоми сафарҳои кориаш дар Афғонистон низ аз тамошои операҳо баҳравар мешуд.

Нисор Муҳаммад дар кору фаъолият марди устувор ва соҳибмавқеъ буда, аз хушомадгӯён ва бадгӯён сахт нафрат дошт. Дар хотираҳои ҳамкораш Мустафо Нуриддинов омадааст, ки яке аз кормандон дар як маҷлиси расмӣ ба ҷойи баррасии масъалаи корӣ ба ғайбату ҷанҷоли шахсӣ шурӯъ кард. Нисор Муҳаммад, ки тоқати шунидани тӯҳматро надошт, ӯро бардошта аз тиреза ба берун партофт. Ва баъд худаш аз ин кори худ ба ваҳм омада, бо нигаронӣ фарёд зад: “Тезтар духтур биёред!”. Ин қиссаи аҷибро наберагонаш то ҳол бо хандаву шӯхӣ нақл мекунанд.

Худи ӯ марди пурталош буд. Ҳарчанд дар Тошканд соҳиби хонаи калоне дар кӯчаи марказӣ буд ва оилааш дар Маскав зиндагӣ мекард, ӯ пайваста миёни Тошканд, Самарқанд, Душанбе ва деҳоти дурдаст дар сафар буд.

Нисор Муҳаммад ду бор издивоҷ кардааст. Ҳамсари аввалини ӯ Вера, зане аз табори масеҳиён буд, ки аз ӯ 3 фарзанд дошт: ду духтар бо номҳои Ираҷон, Гулҷон ва писаре бо номи Баз. Ҳамсари дуюми ӯ Анна ном дошт, ки аввал шогирдаш буд, пасон ҳамсараш шуд ва соли 1932 духтари сеюми Нисор Муҳаммад – Гулнорро дар шаҳри Душанбе ба дунё овард.

Таъқиботи фарзоназодагони тоҷикон

Чархи гардун дар соли 1933 барои давлатдории навини тоҷикон сарнавишти вазнинеро рақам зад. Абдураҳим Ҳоҷибоев, раиси Шӯрои комиссарони халқии Тоҷикистон ва Нусратулло Махсум, раиси Кумитаи иҷроияи марказӣ, бо тӯҳмати “гароишҳои миллатпарастона” аз вазифаҳои худ сабукдӯш ва ба шаҳри Маскав бадарға шуданд. Ба зоҳир барои таҳсил, вале дар асл барои аз саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ дур сохтани ин абармардон.

Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад, коллажи asia+

Дар ин айёми пурошӯб Нисор Муҳаммад низ дар Маскав маскан дошт ва дар Институти шарқшиносӣ ба тарбияи шогирдон машғул буд.

Моҳи июни соли 1937 сояи тираи таъқиботи сталинӣ ба сари Шириншоҳ Шоҳтемур, ки он замон раёсати Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-ро ба уҳда дошт, низ соя афканд. Ӯро бо баҳонаи ширкат дар ҷаласаи Президиуми КИМ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав даъват карданд. Шоҳтемур дар меҳмонхонаи “Метрополь” манзил гирифт, вале соате дигар боздошт шуд. Аз пайи ӯ, занҷираи ҳабси дигар равшанфикрону роҳбарони тоҷик оғоз шуд.

Дар хонадони Нисор Муҳаммад ваҳшати ин тирашабҳо ҳар лаҳза эҳсос мешуд. Ираҷон, духтари калонии хонавода, он рӯзгори талхро чунин ба ёд меорад, ки чӣ тавр падару модараш дар он хонае, ки аз чаҳор атрофаш ҳамсояҳо ва зиёиёнро як-як мебурданд, бо дили пуризтироб зиндагӣ мекарданд: “падарам хуб медонистанд, ки ин тӯфони маргбор рӯзе ба дари хонаи мо низ хоҳад кӯфт”.

Шаби охирини Нисор Муҳаммад

Шаби 8-уми октябри соли 1937. Хонаи Нисор Муҳаммад дар шаҳри Маскав дар сукути шаб ғарқ буд. Ногаҳон садои ваҳшиёнаи дари хона ҳамаро аз хоби ширин бедор кард. Чанд тан аз маъмурони сиёҳкор вориди хона шуда, бо лаҳни сард гуфтанд, ки ӯро “фавран ба коргоҳ” мехонанд. Нисор Муҳаммад бо виқори хоси худ омодаи сафар шуд ва ба духтараш Ираҷон гуфт: “Кӯдаконро нигоҳубин кун, нонашонро деҳ, ман зуд бармегардам”. Ва ба коми шаби торик қадам ниҳод.

Қабри Нисор Муҳаммад дар Маскав, акс аз ВКХ

Ираҷон баъдтар бо сӯз менависад: “Дар он сонияҳо ҳеҷ пайки баде ба дилам нагузашт. Аммо дар тамоми тӯли зиндагӣ он нигоҳи вопасини падар аз пеши назарам дур намеравад – нигоҳе амиқу пурасрор, ки гӯё барои ҳамешагӣ бо ман ва бо ин дунё хайрухуш мекард”.

Падар дигар ҳеҷ гоҳ аз он сафар барнагашт. Ӯ рӯзи 20-уми октябри соли 1937 аз шиканҷаҳои тоқатфарсо ҷонбохт.

Анна Малухина, набераи Нисор Муҳаммад дар филми мустанади “Нисор” нақл мекунад, ки муфаттиш Нисор Муҳаммадро ба зери мушту лагад мегирад. Нисори 40-солаи боғайрат, ин таҳқири нораворо таҳаммул накарда, бо мушти сангини худ зарбаи ҳалокаборе ба рӯйи муфаттиш мезанад. Муфаттиш бо сар ба замин афтида, захми вазнин мегирад, вале дар лаҳзаи афтидан тугмаи занги ёриро пахш мекунад. Сарбозони мусаллаҳ давида вориди ҳуҷра мешаванд ва ба сӯйи Нисор Муҳаммад тир меандозанд.

Баъд аз марг ба ин арбоби ватандӯст тӯҳмати нангини ҷосусиву миллатгароиро мезананд. Ҳамсафи содиқи ӯ Шириншоҳ Шоҳтемур низ ҳамагӣ 7 рӯз пас аз шаҳодати Нисор Муҳаммад – 27-уми октябри соли 1937 тирборон шуд. Дар ҳамон рӯзҳо ситораҳои дурахшони дигари миллат – Нусратулло Махсум ва Абдураҳим Ҳоҷибоев низ ба хоку хун кашида шуданд.

Ҷасади Нисор Муҳаммад ва дигар ҳамовардонашро ба қабристони Дайри Дон бурда, дар кӯраи оташ сӯзонданд ва хокистари онҳоро ба гӯри умумии рақами 1 пошиданд; бе ҳеҷ нишоне, бе санги мазоре ва бе номи шарифе. Ҳамсари Нисор муҳаммад – Вера солҳои дароз бо чашми чор умед дошт, ки ӯ зинда асту рӯзе бармегардад. Аммо ҳақиқати ин ҷинояти даҳшатбор хеле дер – солҳои 50-ум ошкор шуд ва соли 1956 ӯ сафед шуд.

Ва кунун пас аз 89 сол муште аз хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад 19-уми май ба Тоҷикистон оварда шуду онҳоро дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супориданд.

Қабри Нисор Муҳаммад дар оромгоҳи Лучоби Душанбе, акс аз asia+

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.